logo

иҷтимоиёт

МАСЪУЛИЯТ. НАДОНИСТАНИ РИСОЛАТИ ИНСОНИВУ ШАҲРВАНДӢ ЯК НАВЪ ХИЁНАТ АСТ!

Имрӯз ниёз ба собит сохтан намондааст, ки техника ва технология, воқеан, бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Агарчи ин ҳар ду ихтирои инсоният аст, аммо мебинем, ки худ аз истифодаи пурраву самараноки он ба чандин гом қафо мондааст. Замоне, ки ин гуна пешравиҳо ба солҳои қаблӣ муқоиса мешаванд, дар баробари ифтихору шодмонӣ аз масъалаи мазкур, ҳамзамон, касро ба андеша кардан водор месозаду нигарониеро эҳсос менамояд. Агарчи на ҳама аз худ  суол мекунем, ки мо ба куҷо равонаем, чаро дар шинохти рисолати инсонӣ ғафлат меварзем. Инчунин, аз оқибатҳои ногувор ҳеҷ сари тарс надорем.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш (21 декабри 2021) ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зарур шумурд, ки мардум сари ин масъалаи бисёр муҳим биандешад ва хулосаи дуруст барорад. Агарчи афзудани муштариёни алоқаи телефонӣ ва истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ афзудаасту он гувоҳи коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мебошад, аммо, ҳамзамон, ба иқтисод, оила, тандурустии шаҳрвандон ҳатман зарари худро расондаву мерасонад. Тавре зикр ва таъкид гардид: «Агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас, дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст». Яъне, қариб баробари шумораи аҳолии мамлакат ва зиёдтар аз сокинони он.
Он гуна, ки дар ин Паём омадааст: «Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳад».
Ин шумораҳо дар қиёси баъзе аз мамолики ҳатто пешрафта хеле зиёд мебошад.
Албатта, ин ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар аст ва касе наметавонад монеи он бигардад. Мурод танҳо истифодаи оқилона ва безарар ба тандурустии сокинони мамлакат аст. Ин боз дар суратест, ки Сарвари давлат бо қабули барномаҳо, андешидани тадбирҳои муфид талош дорад, то зиндагии шоистаро ба ҳар сокини кишвар муҳайё бисозад.
Ба зарарҳои иқтисодӣ, ки чандин миллиард сомониро ташкил медиҳад, агар қасдан ҳам чашм бипӯшем, ҳеҷ мумкин нест, ки наандешем ба тандурустии мо, андешаи мо, мавқеъву рисолати шаҳрвандиямон чи таъсири манфие расондаву мерасонад. Агарчи мутахассисони соҳа борҳо дар ин маврид навиштаанду гуфтаанду ҳушдор додаанд, натиҷаи онҳо кам, балки бисёр кам мушоҳида мешавад. Бо ин ҳол шояд пас аз чанд соли оянда ба мушкилоти ҷиддии саратону табобати он рӯ ба рӯ бишавем. Яъне, дар ин маврид доштани маблағҳои зиёди пулӣ зарур мешавад ва, ҳамзамон, ташвишҳои наве ба вуҷуд меоянд, ки муваффақ ба рафъи осони онҳо шуда наметавонем. Бархе шоҳид гардидаем, ки истифодаи бемавқеи телефони ҳамроҳ ва шабакаи интернет сабаби марги инсонҳо дар роҳҳои мошингард ва оҳан шудаанд. Алҳол кӯдаки гаҳвораро низ ба воситаи он мехобонанд. Ба ҳангоми хӯрдани ғизо диққати бисёрро ба  телефону маълумоти шабака сарф мекунем.
Ин ҳақиқатро медонем, ки аксари мо бо  ин телефонҳо бисёр гап мезанем, аммо боре таҳлил намекунем, ки ин ҳама ба иқтисоду тандурустии мо чи нафъе оварда метавонад. Бархе, агарчи маблағи кофӣ барои беҳтар зиндагӣ кардан надоранд, аммо ҳеҷ аз ин ҳар ду дил канда наметавонанд, то рафъи мушкилоти мавҷудаашонро намоянд.
Мамлакатҳои пешрафта тадбирҳои заруриро андешида истодаанд, то пеши роҳи ин гуна зарарҳоро бигиранд. Онҳо беҳтарин василаро дар боло бурдани маърифати шаҳрвандонашон донистаанд. Зарур аст, ки мо низ ба ин иқдоми ҷиддӣ рӯ биёрем.
Албатта, тавре изҳор доштаанд, интернет яке аз бузургтарин дастовардҳои инсоният ба шумор меравад ва хазинаи бузурги иттилоот мебошад. Дар ин хазина, аз рӯи маълумоти мавҷуда 5 миллион террабайт иттилоъ маҳфуз мебошад. Инчунин, мардум аз як почтаи электронӣ ба дигар почтаи электронӣ беш аз 247 миллиард паём мефиристад. Танҳо дар фейсбук 2,4 миллиард одам сокин мебошад.
Шабакаи ҷаҳонии интернет шабакаи компютериест, ки бо компютерҳои ҷаҳон пайваст мебошад. Ҳар нафар, ҳар гурӯҳ, ҳар давлат аз он ба манфиати худ ва амалисозии барномаҳояшон истифода мебаранд. На ҳамаи онҳо ба манфиати мо ва кишвари маҳбубамон мебошад. Гузашта аз ин, он гуна тарҳрезӣ шудаанд, ки мо батадриҷ рисолати шаҳрвандӣ, инсонӣ, миллии худро аз даст медиҳем. Амалҳои номатлубро чун дастоварди замони нав бароямон пешкаш менамоянд. Ҳамин аст, ки муқаддасоту арзишҳои миллиро аз рӯи ҷаҳолат ва фиребзадагӣ таги по мекунанду ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, террористӣ мепайванданд. Ин ҳақиқат низ маврид ба таъкид мебошад, ки ба воситаҳои гуногун, хабарҳои бардурӯғ маблағҳоямон ситонида мешаванд. Як иттилоъ ба сад тобиш пешкаш мегардад. Инчунин, пас аз оғози як иттилоъ мебинӣ, нафаре, ки ҳеҷ дидану  шуниданашро намехоҳӣ, аз ҳастии худ касро огоҳ месозад ва аз амалҳои тахрибкоронааш қисса мекунад. Мурод аз ин ҳама он аст, ки   алайҳи давлатат, мардумат, нақшаҳои созандагӣ, бархезӣ ва монеи рушду густардагии Истиқлолияти милливу ваҳдати миллӣ бишавӣ. Аз хориҷи кишвар маълумоти бардурӯғ дар бораи мамлакатат, мардуму шахсони сарсупурдаи миллат медиҳанд. Ба ин васила, худро ҳомии ҳуқуқи мо меҳисобанд ва гӯё моро аз ғафлат мераҳонанд. Агар, воқеан, нафарони дилсӯзи миллат ва ин сарзамини аҷдодианд, чаро дар хидмати хоҷагони хориҷии худ қарор гирифтаанд. Ва чаро вуҷуду забонашон пур аз ҳақорату таҳқир мебошанд? Киро дар ҷаҳон бо ин амалҳо муаррифӣ месозанд? Магар ба мо ниёгонамон панду андарз гуфтаанд, ки аз забонамон ба ҳар дақиқа бояд даҳҳо ҳақорат бирезад? Миллатамонро ҳамин гуна ба ҷаҳониён мешиносонанд?
Дар дохил бошад, як гурӯҳи дигар пайваста аз куфр мегӯянд. Кас бо шунидани ин гуна амрҳои маъруф мепиндорад, ки ҳама дар чоҳи куфру разолату хиёнат афтодаанду ҳатман дохили дӯзах мешаванд. Агар чанд нафаре бояд ба биҳишт бираванд, танҳо онҳоанд. Дастархонҳои густурдаи пурнозу пур аз анвои неъматро дар назди онҳо мебиниву дармеёбӣ мурод чист. Аз забони ин гурӯҳ низ ҳақорату ҳақорату ҳақорат мерезад. Ҳеҷ намеандешанд, ки агар Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу салоҳ, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин намегардид, ҳаргиз ба хӯрдану нӯшидани ин анвои неъматҳо мушарраф гашта наметавонистанд.
Кишварҳои мутамаддину пешрафтаи ҷаҳон беҳтарину бузургтарин дастовардҳо, зебоиҳои сарзаминашонро тарғиб месозанд. Ба ин васила, бузургони худро, фарҳанги волояшонро муаррифӣ менамоянд. Инчунин, бинандагонро ҷалб мекунанду шефтаи кишварҳояшон мегардонанд. Барандаи рустаборе дар мавриди Швейтсария мегуфт: «Дар ин ҷо ҳама оромист, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад оромии дигареро халалдор бисозад. Ҳатто сагҳо овоз рӯшан намекунанд ва ин касро ба тааҷҷуб меорад, ки чӣ гуна, бо кадом роҳу усули тарбия ба ин муваффақ гардидаанд».
Дар кишвари мо вақте кас ба навиштаҳои фейсбукӣ ва паёмакҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ба осонӣ дармеёбад, ки хелеву хеле аз пешрафти ҷаҳону замон қафо мондаем. Навиштаҳову гуфтаҳо пур аз ғалатанд. Ислоҳи ин ҳама бо ҳар роҳе, ки бошад, зарур аст, бисёр зарур аст. Бо ин бедонишӣ, бемаърифатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, яқин, ки маҳв мегардем. Мо – бузургсолон масъулем, ки дар тарбияи ин насл ва наслҳои оянда бо ҷиддият машғул бишавему дар рафъи камбудиҳои мавҷуда саҳм бигирем.
Надонистани рисолати инсониву шаҳрвандӣ ва нашинохтани масъулият, фикр мекунам, ки як навъ хиёнат ба Ватан аст.
Пешвои миллат барҳақ зимни ироаи Паём таъкид намудаанд: «... бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем... Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат  ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо». Ин беҳтарин дастуру огоҳӣ аст. Телефонҳои ҳамроҳ, шабакаи интернет ва фейсбукро бояд мо барои иҷрои ин мақсадҳои муфид, яъне пойдории давлату миллат, дастрасии иттилооти зарурӣ ва, ҳамзамон, тарғиби миллати мутамаддину фарҳангиямон истифода бикунем.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 2306
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед