logo

иҷтимоиёт

САДРИДДИН АЙНӢ ВА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ДУ АБАРМАРДЕ, КИ ДАР ДУ ДАВРАИ ХОСИ ТАЪРИХӢ СИПАРИ МИЛЛАТ ШУДАНД

Даҳаи аввали Инқилоби Октябр, ки миллатҳо барои ҷойгоҳи худ дар империяи тозазуҳури болшевикон талош мекарданд, барои миллати тоҷик низ як давраи сарнавиштсоз буд. Борҳо ба ин нукта таъкид шудааст, ки агар устод Айнӣ намебуд, шояд имрӯз миллати тоҷик набуд, агар устод Айнӣ намебуд, имрӯз мо Тоҷикистонро ҳам надоштем.  Воқеияти ин суханонро танҳо касе метавонад дарк намояд, ки таърихро омӯхта бошад. Шоҳидони он рӯзгори пурҳаводис дигар байни мо нестанд, ки аз забонашон қиссаи часпу талошҳои Айнӣ ва ёрони боҳиммати ӯро дар роҳи миллатсозӣ бишнавем. Вале, даҳҳо ҷилд китобу садҳо мақолаву мусоҳибаҳо дар ихтиёр дорем, ки бузургии Айниро дарк кунем. 
Солҳои бисти асри гузашта як гурӯҳи миллигароёне дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ пайдо шуданд, ки бо истифода аз вазъ мехостанд сокинони аслии минтақаро канор зананд ва аз ҳақи доштани давлате ба номашон маҳрум намоянд. Онҳо барои исботи фикрашон, ки тоҷик ном миллате набуду нест ва наметавонад дар тақсими ҳудудӣ ҳисса дошта бошад, даҳҳо андешаҳои бемантиқро ба миён оварда буданд. Яке ин буд, ки гӯё тоҷикон туркони забонгумкарда бошанд. Онҳо ҳатто намехостанд забону адабиёти ҳазорсолаи моро эътироф кунанд, ҳамаро моли бегона медонистанд. Дар миёни пантуркистон тоҷикони ҳуввиятбохта низ кам набуданд, ки дар хидмати душманони миллат камар баста, талош мекарданд, ки моро аз гузаштаи пурифтихорамон маҳрум созанд. 
Дар ин миён устод Айнӣ чун як кӯҳи побарҷову устувор, мусаллаҳ бо дониш, заковат, хирад ва ҷасорату матонат барои номи тоҷик ва соҳибватан будани он ба муқобили як тӯфони ваҳшатзову кушанда истода буд. Силоҳи ӯ қаламу дониши ӯ буд. Ӯ бо заковат дарёфт, ки танҳо бо сухани хушк наметавон даҳони душманони миллатро баст, аз ин рӯ ба таҳияи китобе бо номи “Намунаи адабиёти тоҷик” камар баст. Ҳадафи устод исбот кардани он буд, ки миллати тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои адабиёту фарҳанг ва тамаддуни пурғановатест. Устод Айнӣ исбот намуд, ки тоҷикон миллати тамаддунофар буданд ва гувоҳи ин мероси гаронарзишест, ки фарзандони соҳибмаърифаташ тули садсолаҳо мерос гузоштаанд ва бо маърифати худ дар рушди тамаддуни олам нақш доштанд. Устод бо далелҳои қотеона исбот кард, ки маҳз тоҷикон парчамбардорони илму маориф ва ҳунару адабиёт дар қораи Осиёи Марказӣ буданд. 
Айнии бузургвор шуруъ аз замони Рӯдакӣ то ба муосирони худ дар бораи бештар аз 300 адиби маъруфе, ки танҳо тоҷикӣ навиштаву эҷод кардаанд ва дар қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ зистаанд, маълумоти мухтасар дод. Аз онҳо ёд кард, то дониста шавад, ки ин миллат дар қаламрави имрӯзааш на танҳо буд, балки бумии аслии ин сарзамин маҳсуб мешавад. Ин миллат соҳиби шаҳрҳои ободу зебо буд, ин миллат ҳунармандони мумтоз дошту дорад, ин миллат олимони бузурге дорад, ки ифтихори илми ҷаҳонанд. 
Аввалин чопи “Намунаи адабиёти тоҷик” бо супориши Бухарин, ки аз пуштибонони Кремлнишини пантуркистон буд, ба оташ кашида шуд. Вале ин қомати ғурури Айниро хам накард, нашикаст. Устод дубора талош кард ва иҷозати нашри китобро ба даст овард. Китоб мушти маҳкаме зад ба даҳони ҳамаи онҳое, ки ҷор мезаданд миллате ба номи тоҷик вуҷуд надорад. 
Устод Айнӣ баъдан дар бораи маънои калимаи тоҷик асари мондагоре навишт ва боз ҳам исбот намуд, ки на, ин миллат қадимист, на ки имрӯзӣ бошад, ин миллат посдори оташи зардуштиён аст, ки аз аввалин тамаддуни Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ба шумор меравад. 
Баъди ин пайи ҳам повесту романҳои устод Айнӣ нашр шуданд. Ӯ аввалин тоҷике буд, ки дар равияи ғарбӣ ва жанрҳои адабӣ осорашро офарид: повест навишт, роман эҷод кард. Ин асарҳо ба зудӣ ба забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ тарҷума ва чоп шуданд ва барояш шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Устод Айнӣ таронасарои инқилоб буд, аввалин тоҷики саршиносе, ки аз музаффариятҳои инқилоби Октябр навишт, ҷабру зулми замони амириро зери тозиёнаи танқид гирифт. 
Ҳудудан 70 сол баъд таърих миллати тоҷикро дубора озмоиш кард. Иттиҳоди Шуравӣ, абарқудрате, ки барои пойдории он устод Айнӣ барин садҳо бузургони миллатамон талош карда буданд ва дар гӯшае аз он кишвареро бо номи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис додаву онро чун ниҳоли навбари давлатдорӣ обёрӣ кардаву ба камол расонда буданд, аз ҳам пош хӯрд. Тақдири ояндаи миллат ва давлат бори дигар зери хатар монд. Шуруъ аз аввали солҳои 90-и асри гузашта ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бо барномаҳои истиқлолхоҳӣ ба майдон омаданд. Талошҳои онҳо Тоҷикистонро ба фалокати азим рӯбарӯ сохт. Баъди эълони истиқлол ин гурӯҳҳо ба кашмакашҳои идеологӣ дода шуданд, идеяҳои диниву дунявӣ бо ҳам дар набард шуданд. Ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол зери хатар монд. Эҳтимоли зери талошҳои ҳукуматхоҳӣ аз миён рафтани кишвари соҳибистиқлол вуҷуд дошт. Шиорҳои таҷзияи кишвар ба ду ва ҳатто се қисм беш аз ҳар вақти дигар садо доданд. 
Аз сӯйи дигар ҷанги дохилӣ ниме аз мамлакатро фаро гирифт. Садҳо хонаҳо дар водии Вахш аз ҷониби гурӯҳҳои ба ҳам зид ба оташ кашида шуданд. Ҳазорон нафар бехонаву ҷой монданд, садҳо нафар куштаву даҳҳо ҳазор фирор карданд. 
Дар чунин замони бебандуборӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба қарори ҳамаҷониба дуруст омад. Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд ва ин муҳимтарин қадам дар ҳифзи тамомияти арзиву истиқлоли кишвар буд. Эмомалӣ Раҳмон низ аз аввалин рӯзи фаъолият эҳёи миллат, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи истиқлоли мамлакатро шиори худ қарор доданд, аммо барои ин мебоист корҳои азиме ба сомон расонда мешуданд. Аввалтар аз ҳама, бояд оташи ҷанги дохилӣ фурӯ нишонда мешуд. Аввалин шиори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Хуҷанд “Ман ба шумо сулҳ меорам!” буд ва то ба охир ба ин шиорашон содиқ монданд, аммо сулҳ осон ба даст наомад. Солҳо лозим шуд, то тарҳи сулҳи фарогир пухта шавад, решаӣ шавад, то ҳамеша боқӣ бимонад.  Паймони сулҳ имзо шуд, силоҳ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ барчида шуд. Субот дубора ба Тоҷикистон баргашт, хавфу хатари нобудии кишвар аз миён рафт. Дар ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистон чун кишвари  амну рӯ ба рушд эътироф гардид.  
Пешвои муаззами миллат ҳеч замоне дар бораи миллат сухани хушку беруҳ нагуфтанд, балки бо садоқат ва чун фарзанди фарзонаи миллат ҳар чизе гуфтанд, ба он амал карданд. Қаҳрамон шинохтани Садриддин Айнӣ бузургтарин қадршиносии фарзонагони миллат буд ва аввал касе, ки шоистаи номи Қаҳрамони Тоҷикистон шуд, устод Садриддин Айнӣ буд. Ин ҳодисаи хурсандибахш 8-уми сентябри соли 1997, дар остонаи солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Ба Фармони эътои унвони қаҳрамонӣ ба устод Айнӣ Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи миллат имзо гузоштанд. Бо хиради азалӣ Пешвои миллат бузургии Садриддин Айнӣ ва талошҳои ӯ барои миллат ва давлатдории тоҷиконро эътироф карданд. 
Моҳи ноябри соли 2017 вақте Боғи фарҳангу истироҳати Садриддин Айнӣ навсозӣ ва ба истифода супурда шуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ширкаткунандагони ин маросими бошукуҳ суханронӣ карданд ва зимни ситоиш аз иқдоми бесобиқаи шаҳрдорӣ ҷиҳати ободонии ин боғи сабзу хурраму обод аз ҷумла гуфтанд, ки “Корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус худи устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».  
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, замоне, ки иддае аз эҳтимоли хароб карда шудани хонаи устод Айнӣ ҳарф мезаданд, нависандаи ин сатрҳо ҳеч бовар намекард, ки шахсияте, ки Айниро қаҳрамон мешиносад ин иҷозатро диҳад, ки қадамгоҳи вай харобу валангор шавад ва ё ҷойи дигар кӯчонида шавад. Ва чунин ҳам шуд, фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ содир гашт ва даҳони бадхоҳони миллатро баст. Яъне, ин хона на танҳо вайрон ё кӯчонида нахоҳад шуд, балки дар ҷойи худ боз ҳам ободтару зеботар гардонида мешавад. 
 
Ҷумахон ФАЙЗАЛИЗОДА, 
директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 
доктори илмҳои педагогика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 2120
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед