logo

фарҳанг

ФАРЗОНА АҲМАДОВА. ҚИССАИ ДУХТАРЕ, КИ АЗ ЧАНГОЛИ ТААССУБ РАҲИДААСТ

Дастгирию пуштибонии занону модарон, ки тақдири насли оянда аз домони поки онҳо бармеояд, ҳамеша таҳти  таваҷҷуҳи Сарвари хирадпешаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 
Мо метавонем натиҷаи чунин ғамхориҳоро бо ҳазорон мисол аз зиндагии шоистаю муваффақиятҳои занону духтарони фозилу баистеъдоди миллат возеҳ баён созем. Бахусус,  дар замони Истиқлоли давлатӣ бо роҳнамоии Президенти мамлакат ва бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат аз насли нави занон зиёданд  онҳое, ки чун як бонуи донишманд, пурталош ва муваффақ  дар ҷодаи худ ном баровардаанд. Ин қабил занони нексиришт, бори дигар, аҳамияти иқдому талошҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирию ҳарчи бештар ба таҳсилоти касбӣ ҷалб намудани духтаронро  барҷаста нишон медиҳад.
Аммо ҳанӯз ҳам яке аз паҳлуҳои асосии ҳаёти занон монеаҳо дар ҷодаи касбомӯзии онҳост, ки мояи нигаронист. Ҳол он ки касбу ҳунар чи барои зан ва чи мард ягона мутакои зиндагию қимату эътибори ӯ дар ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо  ҳаёти босаодати духтарони соҳибкасб ва дар пешаи  худ муваффақ нишон медиҳад, ки мо ба ҷойи монеагузорӣ дастгиру ғамхори илму ҳунаромӯзии духтарону бонувон  бошем.   
Фарзона Аҳмадова, яке аз онҳоест, ки дар пайи талошу худсозиҳо роҳи зиндагиро на дар такя ба дигарон, балки бо неруи хиради хеш  пеш мебарад. Ӯ андеша дорад, ки  дар замони муосир хушбахтию сарфарозии занон, пеш аз ҳама, ба сатҳи донишу ҳунари онҳо марбут аст. 
- Аксари занҳои соҳибкасб ва таҳсилдида, баробари он ки модари хуб ҳастанд, метавонанд дар мавридҳои зарурӣ сарбаландона бори зиндагиро бар дӯш гиранд ва муҳтоҷу дастнигари  касе нахоҳанд шуд. Фикр мекунам ғамхории Пешвои миллат нисбат ба занону модарон дар хусуси таҳсили касбии онҳо, бештар ба хотири ишғоли касбу ҳунар ва сарбаландии онҳо дар пеш бурдани рӯзгори пургиреҳ аст. Таҷрибаи зиндагӣ ба ҳамаи мо беҳбудию  хушбахтии оилаҳое, ки дар онҳо зану шавҳар соҳибкасбанд, назар ба оилаҳои аз касбомӯзӣ канормонда баръало нишон додаю медиҳад. Ҳамзамон, аз модари донишманд фарзанди донишманд мерӯяд, - иброз дошт ӯ. 
Сарнавишти Фарзона  низ барои соҳибкасб ва ба сатҳи як барномасози соҳибмалака расидани ӯ шебу фарозҳои зиёд дошт ва то ба муваффақиятҳо расиданаш ҳам осон набуд. Номбурда  агар дар роҳи интихобкардааш сахт истодагарӣ намекард, шояд имрӯз на шахсияти  худро месохту на ба дигарон дасти ёрӣ расонда метавонист. Аз монеаҳои ҳангоми таҳсилаш пешомада  қисса кард, ки мутаассифона, имрӯзҳо чун доғе дар рӯзгори пурфурӯғи бархе  духтарони завқманди илму дониш дида мешаванд. 
- Маро вақти  курси 3 хонданам дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ба шавҳар доданд. Пас аз ин, наздиконам талаб намуданд, ки таҳсилро дигар идома надиҳаму фақат саргарми кори хона бошам. Аммо ман ба ин розӣ нашудам. Сахт истодагарӣ кардам.  Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намудам. Барои хатми  зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳуҷҷат супурдам.  Ба ин иқдомам  ҳам хешону наздикон ва шавҳарам  монеъ  шуданд. Аммо тасмими ман ҷиддӣ буд. Ҳеҷ кас ҳамроҳиам кардан нахост. Дар даст кӯдаки хурдсол доштам, ки ягона мушкилам дар роҳи таҳсили магистратура маҳсуб меёфт. 
Бо вуҷуди ин, аз роҳам нагаштам ва аз омӯзиш дилсард нашудам. Писари ҳафтмоҳааму ҳуҷҷатҳои заруриро гирифта, барои хондани магистратура ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кардам. Хонданро дар ин донишгоҳ муваффақона идома бахшидам. Ниҳоят шавҳарам низ ба наздам омад ва магистратураро ҳам сарбаландона хатм карда, дар мавзуи «Дастнависшиносии барномавӣ» рисолаи магистриамро ҳимоя намудам. Аз он ки барномаҳои муосири низоми паёмрасониҳои интернетӣ, амсоли ActiveMq, kafka, broker-ро хуб медонам, маро худи ҳамон сол дар шаҳри Екатеринбург дар Бонки марказии Федератсияи Россия ба ҳайси барномасоз ба кор даъват карданд. Дар ин бонк ду сол 2018 - 2019 фаъолият кардам. Айни замон тариқи фосилавӣ дар дафтари марказии ширкати мобилии МТС (Мобильные ТелеСистемы) кор мекунам. Аспирантураи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро ҳам хатм кардан мехоҳам. Зеро мақсади асосии ман офаридани барномаест, ки тариқи он муайян кардани ҳолати инкишофи равонии кӯдакону наврасон имконпазир гардад. Талош дорам, ки ҳарчи зудтар ба ин навоварии техникӣ комёб шуда, ба Ватани азизам – Тоҷикистон баргардам ва онро дар амал татбиқ созам, - изҳор дошт Фарзона Аҳмадова. 
Аз гуфтаҳои номбурда бармеояд, ки шикастани монеаҳо дар роҳи таҳсили касбу ҳунар барои як зан чи муваффақиятҳоеро барои худашу волидон ба бор меорад. Яъне, занону бонувон дар натиҷаи омӯхтани касбу ҳунар баробари анҷом додани рисолати модарӣ қодиранд дар пешрафту шукуфоӣ, навовариҳои техникию илмӣ ва рушди иқтисоди миллӣ саҳм гузоранд. Фарзона Аҳмадова тавонист садҳои пешорӯяш омадаро рафъ созаду қуллаҳои касбомӯзиро фатҳ намояд. Шояд садҳо духтари дигари завқманди имлу ҳунар бо вуҷуди доштани имкониятҳо аз чанголи таассуби оила раҳида наметавонанд. Пас, вазифаи ҷонии ҳар як фарди  солимфикру дурандеш аст, ки  дастгиру ғамхори таҳсили занон бошад, на кушандаи орзую ҳавасҳояшон. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 3048
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед