logo

иқтисод

АГЕНТӢ. АВЛАВИЯТ БА ҚИШРИ ОСЕБПАЗИР

Паст намудани сатҳи бекорӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар кардани сифати зиндагии шаҳрвандон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 
 
Дар робита ба ин, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2020 – 2022 ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор, соли гузашта корҳои муайянро ба анҷом расонд. 
– Соли сипаришуда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 43 150 шаҳрванд муроҷиат кард ва бо мусоидати онҳо 20 ҳазору 290 корҷӯ соҳиби ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ  гардид, – гуфт ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” сардори раёсати агентӣ Шермуҳаммад  Нодирӣ ва илова кард. 
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мақомот, таъсиси ҷойҳои нави кор тавассути рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна мебошад. Бо ин мақсад, ба 881 бекор ба маблағи беш аз 2 миллиону 918 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.
Ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил ва гузарондани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ нақши муҳим дорад. Шермуҳаммад  Нодирӣ афзуд, ки соли гузашта дар вилоят 269 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гашт. Дар натиҷа, 2052 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуда, 452 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид ва 1713 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт.
– Самти дигари фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъину пардохти ёрипулӣ ба бекорон мебошад. Соли сипаришуда, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, 4263 кас дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ ёрипулӣ гирифт,– иброз дошт Шермуҳаммад Нодирӣ.
Инчунин, соли гузашта ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 725 кас аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат намуданд, ки 170 нафараш бо кор таъмин ва ба 540 каси дигар ёрипулӣ таъин гашта,  5 нафар барои  касбомӯзӣ равона шуд.
– Мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат  аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд,– гуфт дар охир Шермуҳаммад Нодирӣ.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 2867
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед