logo

иқтисод

ОБ ВА ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН

Об ҷузъи ҷудонашавандаи вижагии дилхоҳ навъи сайёҳӣ мебошад, зеро амалан ягон кишваре нест, ки об дар рушди сайёҳии он нақши муҳим надошта бошад. Захираҳои об барои рушди сайёҳии солимгардонӣ, варзишӣ, баҳрӣ, соҳилӣ, рафтинг ва ғайраҳо истифода мешаванд.
Захираҳои бузурги обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дарёҳои пуртуғён, чашмаву обҳои мусаффо, кӯлҳову обанборҳо имкон медиҳанд, ки маҳсулоти сайёҳии дар Осиёи Марказӣ беназирро пешниҳод намоем. Аму, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Хингоб, Сурхоб, Исфара дарёҳои калонтарини Тоҷикистон буда, оби аксарияти дарёҳо нӯшиданианд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон «Кишвари обҳои мусаффо» мешиносанд. Қарокӯл, Сарез, Искандаркӯл, Баҳри тоҷик, Зоркӯл, Рангкӯл, Аловуддин, Ҳафткӯл аз ҷумлаи кӯлҳое мебошанд, ки ҳамасола даҳҳо ҳазор сайёҳонро ба худ ҷалб месозанд. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замин қобилияти шифобахшӣ дошта, як қатори онҳо нодиртарин дар дунё ба шумор мераванд. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон  - Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд. Марказҳои солимгардонию табобатии дар заминаи чашмаҳои шифобахш ташкилёфта, сохтори такмилёфтаву рушдкарда доранд, ки аз ҳамтоёни хориҷии худ камӣ надоранд. 
Ҳамаи ин дороиҳо имкон медиҳанд, ки дар кишвар навъҳои сайёҳии солимгардонӣ, варзишӣ, рафтинг, қаиқронӣ ба роҳ монда шаванд. Дар ҷаҳони муосир теъдоди хоҳишмандони рафтинг (намуди махсуси варзиши обӣ буда, дар дарёҳои кӯҳӣ ба роҳ монда мешавад) сол ба сол меафзояд. Ба хотири ривоҷу равнақи ин навъи сайёҳӣ дар баъзе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дарёҳои сунъӣ сохтаанд. Мо метавонем бо истифода аз иқтидори табиии кишвар рафтингро рушд бахшем ва ба ин васила ба пешрафти дигар навъҳои сайёҳӣ замина гузорем. Ғайр аз ин, дар шароити табиати Тоҷикистон, ки дорои кӯлҳо ва обанборҳои зиёд, ба мисоли Искандаркӯл, Қаракӯл, Баҳри Тоҷик, Яшилкӯл, Норак мебошад, роҳандозии қаиқронӣ ба манфиат хоҳад буд, зеро, ин намуди хизматрасонӣ дар ҷаҳони саноати сайёҳӣ яке аз самтҳои даромаднок ба ҳисоб меравад. Табиати хосаи Тоҷикистон барои рушди намудҳои зимистонаи варзиш (якчанд намуди лижаронӣ, кӯҳнавардӣ) имконияти беҳтарин фароҳам овардааст. Бо назардошти дар миёни ҷаҳонгардон машҳур гаштан, Тоҷикистон имкон дорад дар ин самт байни дигар кишварҳо мақоми вижаи худро дарёбад. 
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи об ва рушди ҳамаҷиҳатаи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат захира ва имкониятҳои обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ мешаванд. Пешвои миллат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намуданд. Ин буд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ қабул гардид. 
Соли 2022 дар Душанбе конфронси байналмилалии даҳсолаи об баргузор мешавад. Ташкили чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд моҳияти сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакатро дигарбора ба сифати сиёсати сулҳҷӯёнаю башардӯстона, симои Тоҷикистонро ба чун кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати обию сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ менамояд. Аз ҷониби дигар, чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ба афзудани робитаҳои  сайёҳӣ заминаи муосид фароҳам месозанд.
Ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад. Дар ин ҳошия бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамасола ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигари муаррификунанда ҷиҳати тарғибу ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба об ва саҳми он дар рушди сайёҳӣ ташкил ва баргузор мешаванд.
 
Абдукарим ҚУРБОНЗОД, 
мудири бахши котиботи 
Кумитаи рушди сайёҳии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 1128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед