logo

Хабарҳо

ТЕМУРМАЛИК. ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

Дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани мавсими сармо барои фаъолияти мунтазаму  самарабахши  корхонаю муассисаҳо ва рафтуомади бемамониати сокинон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022 корҳои зиёд ба анҷом расиданд.
Тавре Миралӣ Вализода, сардори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»,  ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар ноҳия барои зимистонгузаронӣ  автогрейдер, 2 автомашинаи худпарто, кран манипулятор ва боркунаки фронталӣ бо бели иловагӣ аз таъмир баромаданд. Инчунин, муассиса қариб 500 метри мукааб маводи зидди лағжиш ва 1200 литр сӯзишвории дизелӣ захира дорад. Дар мавзеъҳои мушкилгузари роҳи автомобилгарди Темурмалик – Кангурт ва Темурмалик – Восеъ дар канори роҳҳо маводи зидди лағжиш, ба монанди қуму намак, гузоштаанд.
Бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса барои зимистонгузаронӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб ёфта, дар асоси он барои сари вақт тоза  кардани роҳҳо, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст. 
Дар баробари ин, имсол ду пули мошингузар ва ду лӯлаи обрасонӣ аз таъмир баромада, роҳи автомобилгарди Темурмалик – Восеъ навсозӣ гашт. 
Умуман, раванди корҳои зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ ва коммуналӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед