logo

сиёсат

ПАЁМ. НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид: “Тоҷикистон бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад”. Танҳо дар асоси ҳамин маълумот, метавон гуфт, ки сиёсати байналмилалӣ дар  кадом самтҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи он равзанаҳои умумие буданд, ки ба таври фарогир тамоми ҳадафҳои пешгузоштаи давлату Ҳукуматро ифода мекарданд.
Дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамешагӣ дар як пояи устувор қарор дошт. Яъне, сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон бетағйир боқӣ монда, кишвари мо ҳамкориро бо ягон давлати дунё қатъ намесозад. Дар такя ба ин мазмун, дар Паём чунин таъкид гардид: “Мизони асосии усули “дарҳои кушода”, ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад”. 
Иқтисодиёт равзанаи муҳимест, ки Тоҷикистон дар заминаи он муносибатҳои судмандро бо соири мамолики ҷаҳон ба роҳ гузоштааст. Барои кишвари соҳибистиқлоли мо “...дар бист соли охир ҷалб гардидани 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ” дастоварди беназир мебошад ва ин натиҷаи эътирофи Тоҷикистон чун як кишвари амну рӯ ба тараққӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Бузургтарин абарқудратҳои сиёсиву иқтисодӣ, ба монанди Чину Россия шарикони стратегии  Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷумҳурии мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад. Тоҷикистон муносибати дӯстонаи худро бо ҳама давлатҳо, дар навбати аввал, дар риштаҳои иқтисодӣ тавсеа медиҳад ва аз ҷониби онҳо тоҷикон чун миллати бунёдгару меҳнатдӯст эътироф гардидаанд. Заҳматписандии мардуми мост, ки ҳамчун давлати ташаббускор Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон “...аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад” ва дар сурати истиқлолияти пурраи энергетикӣ (4000 мегаватт зиёд гардидани иқтидори энергетикӣ) дар минтақаву ҷаҳон ба як кишвари содиркунандаи бузурги неруи барқ табдил меёбад. Ин гувоҳи он аст, ки иқтисодиёт як самти муҳими муайянкунандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ҷалби сармояи хориҷӣ барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи башарӣ нисбат ба кишвари мо назари неку боэътимод дорад. Табиист, ки сармоягузории хориҷӣ нисбат ба он кишвару давлате сурат мегирад, ки агар дар он кафолати суботу амният вуҷуд дошта бошад. Тоҷикистон қатъи назар аз як давраи мураккаби низоъҳои дохилӣ (солҳои навадуми асри гузашта) дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ дар бахшҳои роҳсозӣ, энергетика, саноат ва маориф як рукни муҳими таҳаввулоти иқтисоди миллиро устувор намудааст. Дар панҷ соли оянда ба нақша гирифтани ҷалби 60 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ далели дар оянда боз ҳам тавсеа ёфтани равобити иқтисодии хориҷии давлати мо мебошад.
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тули фурсати кӯтоҳ тавонист, ки чун як давлати демокративу ҳуқуқбунёд муаррифӣ шавад, ҳамзамон, сиёсати “дарҳои кушода”-и давлату Ҳукумати мо то имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳо натиҷаҳои судманд додаанд. Маълум аст, ки сиёсати зина ба зинаи пешгирифтаи Пешвои миллат аз оғоз то имрӯз чун як силсилаи занҷир пайванди ногусастанӣ дорад. Роҳбари давлати тоҷикон як кишвари ҷангзадаро имрӯз ҳамқадами замон гардонданд ва, дар баробари ин, роҳи ояндаи кишвари худро дар раванди ҷаҳонишавӣ суфтаву умедбахш дидан мехоҳанд. “Таҳаммулгаро будан даркор” гуфтани Пешвои миллат ба он робита дорад, ки оташи ҷангу нифоқ як маротиба Ватани моро ба коми худ фурӯ бурда буд. Аз ин ҷиҳат, садоқату самимият ба Ватан кафолати якпорчагиву бақои он ба ҳисоб меравад. Мункир наметавон буд, ки фирефтаву ба иғвоҳо дода шудани шаҳрвандон як омили ноором гардидани кишвари мост ва ин гуна афрод хоинони ватананд. Дар робита ба ин, чунин аъмол нобахшиданист, ки он дар Паём махсус зикр гардид: “Ба Ватан ва давлати худ ҳеҷ гоҳ хиёнат накунем ва ин хиёнатро, ҳатто, Худо намебахшад”. 
Масъалаи Афғонистони ҳамсояи мо низ дар Паём аз мадди назар дур намонд. Дуруст аст, ки “Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба сиёсати дохилии ҳамсоя дахл намекунад” ва дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари сулҳпарвар хоҳони сулҳу суботи мулки ҳамсояву бародари худ мебошад. Пешвои миллат дуруст зикр карданд, ки Афғонистон гирифтори буҳрони фарогир буда, ояндаи он ниҳоят ташвишовар мебошад. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардан барои сулҳу суботи Афғонистон ин ҳамон мавқеи қаблии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ташкили як ҳокимияти фарогир дар ин мулки ҷангзада мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба гуманизми баланд зоҳир намуда, оид ба кумак расондани Тоҷикистон ба Афғонистон дар Паём ишора намуданд.
Фарҳанги миллӣ як рукни муҳими дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудани Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Паём ба ин нукта низ таваҷҷуҳ шуд ва, аз ҷумла зикр гардид, ки фарҳанги бостонии халқи тоҷик “муаррифгари шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон...” мебошад. Имрӯз ифтихори тоҷикон аст, ки “Шашмақом”, “Фалак”, “Наврӯз”, “Тиргон”, “Меҳргон”, “Сада” ва чанде дигар ҳамчун санад аз таърихи қадимӣ доштани халқи тоҷик ба ҷаҳониён шаҳодат медиҳанд. Чанде қабл ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани намунаи мероси фарҳанги миллии тоҷикон – “Фалак” дастоварди бузурги маънавии халқи мо ба шумор меравад. Дар ин замина, ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ҳамчун як омили муҳими равобити байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ гашт. Ифтихори ҳамаи мост, ки моҳи октябри соли 2021 дар минтақаи Аврупо дар осорхонаи “Гимей”-и Фаронса нахустин бор  намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баргузор гардид.
Маълум аст, ки Тоҷикистон дар баробари дигар силсилаи ташаббусҳои худ (мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ) тавонист ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои глобалии экологӣ низ амиқан мутаваҷҷеҳ намояд. Тавре дар Паём зикр гардид, ифтихори ҳар як тоҷик аст, ки иқдоми чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Бори дигар ишора намудан ба масъалаи аз байн рафтани сеяки  пиряхҳои кишвари мо, ки 60 дарсади захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд, ҳушдор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пайомадҳои манфӣ мебошад.
Ҷаҳони муосир ниҳоят ҳассосу мураккаб аст ва ҳамон халқу миллате муваффақу эътирофшуда мебошад, ки дар муносибат бо дигарон мавқеи холисона, беғаразона ва инсондӯстона дорад. Дар баробари ин, ҷаҳонишавии тезутунд чун амвоҷи тӯфон аксар фарҳангу тамаддунҳоро фурӯ бурда истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин паҳлу дар муроҷиат ба олимони ҷомеашиносу зиёиёни эҷодкор таъкид карданд, ки онҳо бояд дар роҳи ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.
 
Бахтиёр ҚУТБИДДИН, 
дотсенти ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2022    №: 18    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед