logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ НАФТӢ. ЧАРО НАРХИ ОНҲО ГАРОН МЕШАВАД?

Мувофиқи иттилои АИР “Новости”, нархи газ дар Аврупо, пас аз афзоиши рекордӣ дар моҳи декабри соли 2021, алҳол ба сатҳи каме поинтар аз 1000 доллар барои як ҳазор метри мукааб расид. Ин дар ҳолест, ки дар бисёр кишварҳо зимистон хеле сард омад, интиқоли гази Россия ба Олмон коҳиш ёфт ва номуайянӣ дар атрофи “Маҷрои Шимолӣ – 2” ҳанӯз сурат мегирад. Арзиши сӯзишворӣ (бензин) низ ҳамоно баланд боқӣ мемонад ва, тибқи манбаи болозикр, эҳтимол меравад, ки аввалҳои соли 2022 нархи асосии бензин ба 50-52 рубли русӣ барои як литр мерасад.
Маҳз ҳамин нишондиҳандаҳои баланд шудани арзиши маҳсулоти нафтӣ дар давлатҳои истеҳсолкунандаи он вақтҳои охир сокинон ва шаҳрвандони бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёнаро, ба ташвиш овардааст. Тоҷикистон низ аз таъсири ин пайомад дар канор нест. Аз рӯйи маълумоти омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ дар давоми 11 моҳи соли 2021 нархи бензин 9 сомонию 31 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 баробар зиёд аст. Айни замон қимати маводи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт, аз ҷумла гази моеъ 7 сомонию 50 дирам ва бензин 10 сомонию 30 дирамро ташкил медиҳад.  
Хабаргузории АИР “Новости” болоравии нархро ба таъсири чанд омил рабт медиҳад. Аз ҷумла, иттилоъ дода мешавад, ки  нархи бензин аз ҳисоби ба арзиши аслии маҳсулот илова кардани намудҳои гуногуни хароҷоти баъзе бозигарони бозори нафт ба амал омад. 
Аброр Мирсаидов, иқтисоддон, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, роҷеъ ба масъалаи мазкур, иброз дошт, ки тамоюли болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ мушоҳида мешавад. Дар Тоҷикистон, ки захираҳои табиии нафту газ маҳдуд асту аслан, воридот мешавад, тамоюли болоравӣ нисбатан шадидтар аст. 
Ба гуфтаи номбурда, кишвари мо аз навъи нафти “Brent”, маҳсулоти нафтии худро аз корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии Россия мехарад ва ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба боло рафтани қимати ҳамин навъи нафт рабти мустақим дорад. Агар ба бозори маҳсулоти нафтии Федератсияи Россия назар афканем, воқеан, нархи маҳсулоти нафтӣ дар ин кишвар барои бозори дохилӣ ва беруна фарқ мекунад. Аз ҷумла, барои содирот, нархи гарон муайян шудааст. 
Дар баробари ин, мутахассисон омилҳои боло рафтани қимати бензину сӯзишвории дизелиро дар Тоҷикистон дар кам шудани воридоти он аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон вобаста медонанд. Ширкатҳои Тоҷикистон беш аз 15 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон, пеш аз ҳама, аз корхонаи бузургтарини коркарди маҳсулоти нафтии шаҳри Атирау мехаранд. Аммо ин корхона аввали моҳи январи соли 2021 аз фаъолият боз монда, то ҳол ба иқтидори пурраи худ ба кор надаромадааст. Бояд таъкид кард, ки 30 дарсади ҳаҷми содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистон ва 30 дарсади таъмини талаботи дохилии ин кишвар ба корхонаи мазкур рост меояд. Аз моҳи марти соли гузашта Ҳукумати Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро манъ намуд. Ҳамзамон, дар ду корхонаи нафтии Ӯзбекистон низ истеҳсоли бензин коҳиш ёфта,  айни замон ҳам Қазоқистон ва ҳам Ӯзбекистон онро аз хориҷа ворид мекунанд. Дигар омил ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи манъи содироти маводи нафтӣ мебошад. 
Маълум мешавад, ки ба боло рафтани нархи маводи сӯзишворӣ дар кишвари мо, ки истеҳсолкунандаи нафт намебошад, бисёр омилҳои беруна сабабгоранд. 
Барои муътадил намудани нархи маҳсулоти нафтӣ минбаъд зарур аст, ки  коркарди ашёи хоми нафт дар мамлакат пайваста бо роҳандозӣ намудани шартномаҳои байнидавлатӣ, масалан  миёни Тоҷикистону дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дорои захираҳои нафтӣ мебошанд, фаъол гардонда шавад. Ҳамчунин, доир ба механизмҳои ворид намудани ашёи нафтӣ аз кишварҳои содиркунандаи нафти дигар мамлакатҳо низ бояд тадбирҳо андешид. Илова бар ин, дар заминаи конҳое, ки аз ҷониби геологҳо омӯхта шудаанд, ҳарчанд хароҷоти баланд доранд, бояд истихроҷу коркарди ашёи нафти ватанӣ роҳандозӣ шавад. Яъне, дар ҷумҳурӣ коркарди ашёи хоми ин намуди маъдан имконпазир аст ва коркарди он дар давраи солҳои 2022 – 2026, ки Солҳои рушди саноат эълон шудааст, вусъат хоҳад гирифт. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи муҳими истихроҷ ва коркарди маъданро махсус таъкид дошта, гуфтанд, ки давоми панҷ соли оянда дар доираи Солҳои рушди саноат тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиши ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузург ба коркарди ниҳоии ашёи хом имконпазир мебошад. 
Дар баробари ин, бояд аз манбаъҳои алтернативии энергия, аз қабили шамолӣ ва офтобӣ, ки арзон ва ба муҳити зист таъсири нисбатан кам доранд, самаранок истифода бурд. Муҳимтар аз ҳама,   кишвари мо бо дороии “энергияи сабз” имконияти кам кардани талабот ва вобастагӣ ба нафтро дошта, дар ин самт қадамҳои устувор гузошта мешаванд, ба монанди ба пойтахти кишвар ворид намудани автомашинаҳои барқӣ.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2022    №: 18    Мутолиа карданд: 1137
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед