logo

иҷтимоиёт

ЗАБОН. ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

 
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қадру манзалати забони модарии мо боло рафта, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Ин даврон барои ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоид фароҳам овард, ки дар натиҷа забони тоҷикӣ зиёд рушд намуд. Маҳз дар ҳамин давраи таърихи давлатдории навини тоҷикон забони тоҷикӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқҳои сокини мамлакатамон пазируфтаву шинохта шуд.
Ин муддат барои мустаҳкам намудани пояҳои забони давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. 30 – юми июни соли 2012  «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2016» аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид, ки дар он шаш самти афзалятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати татбиқи он корҳои назаррас анҷом пазируфт. Баъдан, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» қабул гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад. Барномаи мазкур ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Қобили зикр аст, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи забони тоҷикӣ хеле бузург аст. Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд: «То даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ пойдор аст». Инкишофи забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат мебошад. Забони тоҷикӣ ин ёдгории маънавии миллӣ, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқи тоҷик, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории тоҷикон аст. Забони давлатӣ, бешубҳа таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, ки дар тули асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.
Забони тоҷикӣ забонест, ки бо он олимон, шоирону адибони барҷастаи миллат осори бебаҳои худро таълиф намудаанд. Ва боиси фараҳмандист, ки забони шевое, ки бо он аз асосгузори адабиёти тоҷику форс одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, то бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ эҷод кардаанд, муаррификунандаи воқеии миллати тоҷик дар ҷаҳони имрӯза гардид.
Заминаҳои ин пешрафти муҳим, пеш аз ҳама бо тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ матраҳ гардид.
Дар барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуда, ки сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо муайян гардидааст. Забони тоҷикӣ дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа нақши созгор дорад. Забони модарии мо мероси таърихии мост ва арҷ гузоштан, эҳтиром намудани мероси фарҳангиву маънавии миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи муқаддаси ҳар фарди баору номуси кишвар мешуморанд.
 
Сафарбек  АБДУЛЛОЕВ,
Алишер ҲАКИМОВ,  
устодони Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2022    №: 18    Мутолиа карданд: 606
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед