logo

иқтисод

ҶАМЪБАСТИ ВАЗЪИ НИЗОМИ БОНКӢ ДАР СОЛИ 2021 ВА НАҚШАҲО БАРОИ СОЛИ 2022

Дар ҷаласаи васеи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ баргузор гардид, натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаҳо барои соли 2022 муайян гардиданд. 
Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои мавриди амали ҷумҳурӣ ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, таҳкими низоми бонкӣ, мусоидат намудан ба таъмини суботи молиявӣ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) ба иқтисодиёт ва низоми молиявии кишвар, инчунин, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. 
Натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ буд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) дар соли 2021, то ба 99,0 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба беш аз 9,2 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, дар соли 2021 8,0 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст гардидааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳудуди кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1852 расид, ҳаҷми пасандозҳо ба 10 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба 13,7 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки 37 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ, боқимондаи он ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ, сохтмон ва ғайра равона гардиданд. 
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома хоҳад дод. 
Дар баробари ин, роҳбарони сохторҳои масъули бонк оид ба самтҳои алоҳида, аз ҷумла татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории суботи молиявӣ, вазъи низомҳои иттилоотӣ, татбиқи самараноки низоми пардохт, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ рӯнамоии худро манзури аҳли нишаст гардонданд. 
Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод оид ба вазъи низоми бонкӣ ибрози назар карда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти босамар ва босуботи низоми бонкӣ пешниҳодҳои худро манзур намуд. 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода тазаккур дод, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани низоми идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, низоми назорати дохилӣ, комплаенс ва низоми идоракунии хавфҳо, махсусан хавфҳои амалиётӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ диққати асосӣ дода, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро сари вақт босифат таъмин намоянд ва дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ нақши босазо гузоранд. 
Зикр бояд кард, ки бо вазифагузорӣ ба низоми бонкӣ дар соли 2022 аз роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нави муосир ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбанд, тадбирҳои амалӣ андешанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2022    №: 18    Мутолиа карданд: 1285
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед