мулоқотҳо
Филип Ли Уэру: «Роғун барои кулли минтақа аҳамияти калон дорад»
29 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Филип Ли Уэруро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумор зоҳир гашт.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ 35 лоиҳа татбиқ мешавад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Филип Ли Уэру Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро барои андешидани чораҳои муассири зиддибӯҳронӣ ва расидан ба нишондодҳои мусбати рушди иҷтимоию иқтисодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ моҳи июни соли равон масъалаи ба Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои иловагиро барои дастгирии буҷети давлатӣ баррасӣ хоҳад кард.
Аз боздиди ҳайатҳои бонуфузи Бонки ҷаҳонӣ аз мавзеи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва оғози корҳои ташкилӣ баҳри асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди ин иншоот изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ба гуфти Филип Ли Уэру «нерӯгоҳи Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақа аҳамияти калон дорад». Аз ин хотир таъкид гардид, ки асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии ин лоиҳа таҳти назорати бевоситаи Бонки ҷаҳонӣ дар сатҳи баланду эътимодбахш анҷом дода мешавад, то ки ҳама гуна шакку шубҳа оид ба бехатарии он бартараф шавад.
Гуфтугӯи судманд оид ба дастгирии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла бахши пахтакорӣ сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳаллу фасли мушкилоти сунъӣ, ки дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ эҷод гаштаанд ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
www.president.tj
* * *
- Ҳадафи асосии сафари ман ба Тоҷикистон шиносоӣ бо вазъи корҳои барқарорсозӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд, ки дар ин робита мо бо Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маҳалли сохтмон рафта, аз чанд иншоот дидан кардем. Мо шоҳиди он гаштем, ки дар нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ ҷараён доранд, - гуфт Филип Ли Уэру, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Филип Ли Уэру иброз дошт, ки айни ҳол гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати омӯзиши тарҳи Роғун ва асосноксозии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳои экологии он ба кори амалӣ шурӯъ карданд, ки барои ин кор Ҳукумати Тоҷикистон иқдоми шоиста кард. Бонки ҷаҳонӣ рафти корҳои сохтмонии нерӯгоҳро пуштибонӣ намуда, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои барқарорсозӣ ёрии амалии худро дареғ нахоҳад дошт.
Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ аҳамияти Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро на танҳо барои Тоҷикистон, балки дар маҷмӯъ барои кишварҳои минтақа хеле муҳим арзёбӣ кард.
- Дар сӯҳбат бо ҷаноби Президент мо ҳамчунин дигар самтҳои ҳамкориро баррасӣ карда, барои тавсеаи робитаҳо дар се соли оянда, аз ҷумла дастгирии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ ба мувофиқа расидем, - гуфт Филип Ли Уэру.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1920