logo

туризм

НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ. САЙЁҲӢ РӮ БА РУШД ДОРАД

 
Ноҳияи Ховалинг яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ байни сайёҳони дохиливу хориҷӣ  маҳбубият пайдо кардааст. Дар ҳудуди ноҳия шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили оромгоҳ-мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки ҳамасола барои дидани онҳо садҳо сайёҳон меоянд. 
 
ИҚТИДОРИ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ НОҲИЯ
Саид Амирхони Мункӣ, мудири Осорхонаи таърихию-кишваршиносии ноҳия, гуфт, ки мавзеъҳои таърихии ноҳия аз ҷумлаи Кӯлдара, Хонақоҳи Севардара, Чепол ва Харгушон дар самти сайёҳии бостоншиносӣ  аҳамияти муҳим доранд. Олотҳои аз деҳаи Кулдара  ёфтгардида бозгӯйи ҳаёти инсонҳои қадимаи асри санг мебошад. Маъбади Буддои Чепол яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихии Тоҷикистон буда, баъди дайри буддоии Аҷинатеппа аз мавзеи Чеполи ноҳияи Ховалинг пайдо гардид.  Бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ дарёфтгардида, дар Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳия ва дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин, ҳамасола аз осорхонаи ноҳия шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан намуда, олимон аз кишварҳои Олмон, Россия ва Фаронса дар ин осорхона таҳқиқот мебаранд.  
Ноҳия бо дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ  - мамнунгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Дараи Мухтор, Сангтуда, Ёдгориҳои табии Чилчанор, шаҳри Мунк, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, чашмаи Қазған, чашмаи Сурсақова, Санги Рама, Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара, Сурсақова дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили таърихӣ – фарҳангӣ, кӯҳӣ, экологӣ, зиёратӣ ва истироҳатӣ мусоидат менамояд.
 
РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ СОҲА
Табиати афсункор боду ҳавои мусоид, ҳамасола сайёҳони дохил ва хориҷро ба ин ноҳияи зебоманзар меорад. Бо фарорасии фасли гармо, шумораи сайёҳон меафзояд, зеро дар ин фасл табиати минтақа нисбатан муътадил буда, шароити беҳтарин барои сайругашт кардан дорад. 
Масъули бахши сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ховалинг Ҷангихон Одинаев иброз дошт, ки хушбахтона, имсол бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг дар баробари дигар сохтмонҳо якчанд иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла “Чойхонаи Чилчанор”, ки ба таври муосир сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, яке аз дастовардҳои дигар дар самти рушди сайёҳӣ дар ноҳия мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Чилдухтарон - Ховалинг мебошад, ки бо иштироки Сарвари давлат зимни сафари расмӣ ба ноҳияи Муъминобод ба истифода дода шуд. Роҳи мазкур, ки ноҳияи Ховалингро бо Ҷамоати деҳоти Чидухтарони ноҳияи Муъминобод мепайвандад, бо ибтикори соҳибкорон сохта шудааст. Ин роҳ барои ҷалби сайёҳони бештар ба ноҳия мусоидат намуд. Чунончӣ, соли 2021 шумораи сайёҳони ба ноҳия воридгардида 761 414 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 123 ҳазорашон сайёҳи хориҷӣ мебошанд. Новобаста аз фаслҳои сол ташрифи сайёҳон дар ноҳия доимист, вале дар фасли замистон то 50 фоиз камтар мешаванд. Чанд рӯз қабл мо 60 сайёҳро аз Федератсияи Россия, зери роҳбарии раиси ҷамъияти тоҷикони Россия қабул намудем. Барои хизматрасонии шоиставу муносиб ба меҳмонон дар ноҳия 5 меҳмонхонаи замонавӣ бо шароитҳои муосир, 10 мусофирхона, 4 осорхона, 60 намуди ёдгориҳои таърихӣ, 2-мағозаи фурӯши армуғон, 2 боғи фарҳангӣ, 2 тарабхонаи замонавӣ, 1 маркази иттилоотӣ, бозори фурӯши гиёҳҳои шифобахш омода мебошанд. Ҳамчунин, барои ҷалби сайёҳон дар ноҳия ду ширкати сайёҳии “Садои кӯҳсор” ва  “Khovaling Freland Edvancher” фаъолият мебаранд.
- Бо назардошти афзун гардондани иқтидори хизматрасониҳо дар ноҳия, сохтмони як меҳмонхонаи дигар бо номи “Хонаи шикорчиён” дар мавзеи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳия идома дошта, оянда ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат хоҳад кард, - гуфт Ҷангихон Одинаев. 
Бо назардошти имкониятҳои фаро-ҳамгардида, ин гӯшаи дурдасти мамлакат метавонад, дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон гаштааст, саҳм гузорад.
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2022    №: 18    Мутолиа карданд: 4942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед