logo

президент

Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ 12 зина боло рафт

28 апрел  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласа  Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Шӯрои машваратӣ Давлаталӣ Саидов, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва намояндагони сершумори кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалии мададрасони Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии кори Шӯрои машваратӣ, ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблии шӯро,  нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин мавзӯъ, нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ва лоиҳаи рӯзномаи кории ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ баррасӣ шуданд.
Оид ба масоили номбурда нахуст котиби масъули Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов сухан ронд.
Аз ҷумла, аз раванди беҳшавии тадриҷии фазои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ  шуд. Ба гуфти Давлаталӣ Саидов маҳз натиҷаи ҳамин кор буд, ки Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ 12 зина боло рафта, ба қатори 10 кишвари ислоҳотбаранда ворид гашт.
Дар ҷаласа ҳамчунин аъзои шӯро - раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Некрӯй Забиров,  роҳбари Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лалбеков, роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон Зайд Саидов ва роҳбари Агентии ИМА оид ба рушди  байналмилалӣ Ҷефри Леҳрер дар бораи корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои ояндаи беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ андеша ронданд.
Зимни ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ва механизми татбиқи ин нақша ба баррасии маҷлиси Ҳукумати мамлакат пешниҳод шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз қабул ва татбиқи нақшаи мазкур баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Тоҷикистон оид ба «Пешбурди тиҷорат» аз рӯи панҷ нишондиҳанда - «савдои байналмилалӣ», «дастрас намудани қарзҳо», «андозситонӣ», «гирифтани иҷозат барои сохтмон» ва «таъсиси корхонаҳо» мебошад.
Қарор шуд, ки дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ масъалаи «татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди тиҷорати электронӣ» баррасӣ гардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ҷамъбастии худ масоили вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва вусъат додани истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла ташкили ҳукумати электрониро аз вазифаҳои афзалиятноки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, баҳри татбиқи босамар ва босуръати ин ҳадафҳо ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3551
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед