logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ШОҲМОТ»
АЗ ЧАП БА РОСТ:
3. Қаҳрамони романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода 6. Фанни хониш дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ 9. Истилоҳи илми сиёсӣ 10. Персонажи асосии филми «Маугли» 11. Он ки зиёд гап мезанад 13. Пойтахти давлат дар қитъаи Африқо 14. Исми маъмулии мардонаи тоҷикӣ 15. «Сару сомони  …ӣ,  сар омад» (М. Қаноат)    
АЗ БОЛО БА ПОЁН: 
1. Бозии варзишӣ 2. Шаҳр дар Эрон  5. Ҳодисаи табиат, ки маъмулан пас аз борони сим-сим ба амал меояд 7. Гурӯҳи мусиқии русии овозадори солҳои  80 – 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон  8. Навъи гуштии русӣ 12. Ёд кардан, хоҳиши дидорбинӣ пайдо  гардидан 13. Ҳофизи  халқии Тоҷикистон 
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
 
 
Ҷавоб ба муаммои «Сармо»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Аркон 2. Анҷир 4. Саидзода 5. Муҳаммад 8. Ором 10. Амма 12. Асомӣ 13. Савдо 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
3. Мардон 6. Оштӣ 7. Мизон 9. Рашҳа 11. Норма 13. Сармо 14. Сила 15. Самандар
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 
93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
«ҚУДРАТИ ИНСОН»
3. БЕТҲОВЕН
Людвиг ван Бетҳовен, оҳангсози немис, дастпарвари мактаби мусиқии классикии Вена. Аз соли 1796, ки акнун шуҳрат ёраш гашта буд, бар асари хунук гирифтани қисмати дарунии гӯш, шунавоияшро оҳиста-оҳиста аз даст додан мегирад. Баъди чанде, аниқтараш соли  1802, Бетҳовен батамом кар мешавад. Боварнокарданист, вале оҳангҳои оламшумули ҷовидонияшро ӯ маҳз дар ҳамин давра навиштааст. Аз ҷумла, солҳои 1803 – 1804 Бетҳовен «Симфонияи қаҳрамонӣ» («Героическая симфония»), солҳои 1803 – 1805 бошад, операи «Фиделио»-ро офаридааст. Ғайр аз ин, ҳамин солҳо сонатаҳои фортепиании «Бисту ҳашт» то « Сиву дуюм»-ро таълиф кардааст. 
Бетҳовен,  ҳамчунин,  бузургтарин  офаридаҳои худ – «Мессаи мутантан» («Торжественная месса») ва «Симфонияи нуҳум бо хор»-ро дар замони тамоман ношунаво буданаш, соли 1824, эҷод кардааст, ки бемуҳобо аз қудрати ғайриодии ӯ шаҳодат медиҳад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ТАВСИЯ
ЧӢ ГУНА  АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
3. БО ШОДӢ АЗ ХОБ БАРХЕЗЕД
 
Хоб, албатта, барои ҳар яки мо гуворову ширин аст. Вақте ки дар ҳамин ҳол занги соат садо медиҳад ва шумо мегӯед, ки пас аз панҷ дақиқа бармехезам, ин нишон аз оғози рӯзест, ки то бегоҳ бо танбалӣ ба сар хоҳед бурд.
Ба гуфтаи мутахассисон, ин бадтарин амал аст барои оғози як рӯзи хуш. Баҳри дармони танбалӣ ҳар субҳ бояд бо шунидани аввалин занги соат бедудилагӣ ва бо энергияи тоза аз бистар бархезед. Ҳарчи субҳро бонишоттар оғоз кунед, ҳамон қадар рӯзатон беҳтар хоҳад гузашт.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
- Солҳои аскарӣ зебосанаме доштам, ки ҳама бо ҳавас "Графиня"-аш мегуфтанд, - таъриф мекунад Хушдил.
- Албатта, сар то по ашрофзода будагист,- мепурсад Қобили кунҷкоб.
- Не, аз куҷо?! Бечораро вақти дар майхона пешхизмат буданаш, як бадмаст бо графин дар сараш мезанад. Лақаби «Графиня»-ро аз ҳамон ҷо гирифтааст.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН 
ТО ПУРМАОНӢ ШАВӢ
Яке аз шогирдони содиқи Мавлоно ҳикоят кард: Ҳаштсола будам, ки чашмонам ба дарде гирифтор шуд ва бар асари он об аз чашмонам мерафт. Падарам маро ба назди Мавлоно овард, то бар ин дард даво бубахшад. Дар ин ҳол чун ба чашмони Мавлоно назар кардам, дидам, ки ӯ ҳам ба ҳамин дарди ман гирифтор аст. Аз дил гузарондам: «Агар ӯ неруе дорад, ки даво бубахшад, нахуст бар чашмони худ даво мебахшад».
Ин андешаи маро ӯ хонд ва гуфт: «Биё, фарзандам, ҳеҷ корде дастаи худро натарошидааст ва афзуд:
Кай тарошад корд дастаи хешро?
Рав ба наҷҷоре супор ин решро.
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ҲАҚҚИ ҚАЛАМ
М.С. ГОРБАЧЁВ:   АЗ ЛЕКСИЯХОНӢ ТО ИШТИРОК ДАР РЕКЛАМАҲО
Аввалин ва охирин Президенти Иттиҳоди Шуравӣ Михаил Сергеевич Горбачёв яке аз миллиондорони Россия маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1990 ба гирифтани Ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ, ки маблағаш 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, мушарраф гашт. 
Пас аз барканор шудан аз маснади президентӣ, Горбачёв ба хондани лексия дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар машғул шуд ва аз ҳар кадоме то 100 ҳазор доллар ҳаққи қалам дарёфт менамуд. Ҳамзамон, ӯ ба навиштани китобҳои географию таърихӣ даст зад, ки суди чашмрасе барояш оварданд. Ғайр аз ин, вобаста ба маҳали зисташ дар Россия аз 151 560,08 то 222 279,12 рубл нафақапулӣ мегирад. 
Воситаи дигари даромади Горбачёв реклама мебошад. Аввал ӯ дар як ролики маъруфи Pizza Hut иштирок намуда, сипас, «Роҳҳои оҳани Австрия»-ву сумкаҳои ширкати Louis Vuitton-ро таблиғ кард. Ҳақмуздашро ошкор накарданд, вале мусаллам аст, ки маблағи ҳангуфт ба даст овард.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ 
 
 
 
НОГУФТАҲО АЗ ОЛАМИ ПАРАНДАҲО 
ҲАМ КАЛОНУ ҲАМ НОДОН 
ДАР БОРАИ ШУТУРМУРҒИ АФРИҚОӢ ЧИРО БОЯД ДОНЕМ? 
Шутурмурғи африқоӣ бо ду – дуву ним метр қад ва вазни 170 килограмм калонтарин парандаи олам маҳсуб меёбад. Мароқовар он аст, ки ин паранда бо вуҷуди доштани бол, парвоз карда наметавонад. Аммо тездав асту дар як соат то 60 километрро тай мекунад. Аниқтараш, бо як ҷаҳиш аз се то панҷ метрро убур менамояд. 
То 40 – 50 сол умр мебинад ва тухмаш каме беш аз 1 килограммро ташкил медиҳад.  
Шутурмурғро парандаи нодон мешуморанд. Чашмонаш аз майнаи сараш дида калонтаранд ва метавонад мавҷудотро дар дурии то 3 километр бубинад. Вале он чиро мебинад, ба хотир гирифта наметавонад. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
Муъҷизаҳои варзишӣ 
ШАВҚ АГАР  РОҲБАР ШАВАД…
Давандаи навраси филиппинӣ Рея Буллос туфайли дӯст доштани варзиш ба ситораи воқеӣ мубаддал гашт. Аз сабаби он ки, оилаашон камбизоат буд, барои харидани пойафзоли варзишӣ маблағ надоштанд. Аз ин хотир, дар мусобиқоти минтақавӣ байни хонандагон духтараки 11-сола тасмим гирифт, ки аз вазъият ба таври зайл раҳо шавад: бо мақсади муҳофизат пойҳояшро бо лейкопластери тиббӣ печонд ва дар болояш бо қалам бренди “NIKE”-ро кашид. 
Рея, ки аз уҳдаи кораш ба хубӣ мебаромад, надоштани пойафзол халал нарасонд ва тавонист дар давидан ба масофаҳои 400, 800 ва 1500 метр ғолиб омада, сазовори се медали тилло гардад. 
Воқеан, ҳақ бар ҷониби мақоли халқист: “Шавқ агар роҳбар шавад, сад мушкил осон мешавад”. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ!
МУШТАРӢ МУҲОФИЗИ ЗАМИН
Муштарӣ бузургтарин сайёраи системаи офтобӣ буда, аз диаметри Замин 11 маротиба калонтар аст. Яке аз дурахшонтарин сайёра ба ҳисоб рафта, онро метавон шабона бо дурбини одӣ назора кард. 
Дар  сайёраи Муштарӣ Доғи сурхи калон мавзеи доимии фишори баланд мебошад, ки боиси туфони пурқувваттарин дар системаи офтобӣ мегардад. Чуноне гуфта мешавад, солҳои охир ба назар мерасад, ки ин туфони даҳшатбор тадриҷан коҳиш меёбад. 
Дар сайёра боронҳои алмосӣ мавҷуданду фаслҳо иваз намешаванд. Майдони бузурги гравитатсионии он кометаҳо ва астероидҳоро ба худ ҷазб мекунад ва бо ҳамин Заминро аз бархӯрди эҳтимолӣ наҷот медиҳад. 
Ҳарчанд як шабонарӯзи Муштарӣ 10 соати Замин бошад ҳам, як солаш ба 12 соли Замин баробар аст.
           
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
1. Бино ба маълумоти мутахассисон, дар олам 35 768 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Аҷибаш он ки, олимон ҳар сол дар бораи пайдоиши аз 300 то 500 намуди нави он хабар медиҳанд.
2. Тосмоҳӣ (осётр), гулмоҳӣ (форель), суфмоҳӣ (судак), капур (карп), аломоҳӣ (окунь), равғанмоҳӣ (треска), зағӯтамоҳӣ (скумбрия), самак (тунец), камбала, лаққамоҳӣ (сом) ба даҳгонаи моҳиҳои болаззаттарини олам дохил мегарданд.
3. Зағӯтамоҳӣ серистеъмолтарин моҳӣ дар дунё ба ҳисоб меравад. Онро барои таъми хуш ва фоиданокиаш меписанданд. Аммо мутахассисони тиб хӯрдани зағӯтамоҳиро барои ашхосе, ки мубталои бемориҳои фишори баланди хун, диабети қанд, ҷигар, талха ва дорои аллергия мебошанд, тавсия намедиҳанд. 
4. Ин ҳайратовар аст, вале агар гулмоҳӣ ҳар вақт рӯи об омада ҳаво нагирад, дарҳол ғарқ мешавад. 
5. Вазни баъзе лаққамоҳиҳо то 400 килограмм мерасад.  Бо вуҷуди серравғаниаш, мегӯянд мутахассисон, гӯшти он парҳезӣ мебошад, аз ин рӯ, лаққамоҳиро метавон бе хавф нӯши ҷон кард. 
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
 
 
 
5 БРЕНДИ АҶИБИ ШОКОЛАД
3. БРЕНДИ “GUIDO GOBINO” 
Маҳз дар шаҳри Турини Италия боре шоколади чормағзии “Gianduja” - ро ихтироъ карданд. Дар ҳақиқат, то давраи муайян шоколади дӯстдоштаи сокинони сайёра “Gianduja” ном дошт. 
Дукони хурди  “Guido Gobino”, ки ин навъи шоколадро истеҳсол мекард, соли 1946 ба фаъолият оғоз намуд. Ҳоло ин бренди машҳур, асосан, шириниҳои анъанавии минтақаи Пйемонт, аз ҷумла  “giandujotti” – шириниҳо бо хамираи чормағз ва шоколади порча-порчаро дар фолгаи тиллоӣ истеҳсол мекунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ҶАЗОИ ГӮШНОШУНИД
ДУ ҲУКМИ ҚАТЛ ВА 10000 СОЛИ ЗИНДОН
Дадли Уейн Кайзер, сокини иёлати Алабамаи ИМА, соли 1981 бар иловаи ду ҳукми қатл ба 10000 соли зиндон низ маҳкум шуд. Суд ӯро дар куштори ҳамсару хушдоманаш ва як марди дигар дар соли 1976 муттаҳам карда, чунин ҳукмро содир кард. 
Тибқи муқаррароти қонунҳои иёлат, дар чунин ҳол, пас аз сеяки муҳлати ҳабс ё 10 соли зиндон, маҳкумшуда метавонад пеш аз муддат озодии худро талаб намояд. Кайзер низ аз ин ҳуқуқи худ истифода бурд, вале ҳамаи талошҳояш натиҷа надод ва ҳукм бетағйир боқӣ монд.   
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
РУБРИКАИ НАВ:
БУЗУРГТАРИН ШИРКАТҲОИ САНОАТӢ
Дар ҳошияи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 тасмим гирифтем, ки ба муштариёни сершумори «Шоми шанбе» дар бораи бузургтарин ва муваффақтарин ширкатҳои саноатии олам маълумоти мухтасар манзур намоем.
1. ШИРКАТИ «БОИНГ»
Ин ном ба ҳама ошност. Махсусан, ба онҳое, ки бо тайёра сафар кардаанд. Ширкати «Боинг» аз бузургтарин корпоратсияҳои истеҳсол-гари тайёраҳо ва ҳаво-паймоҳои кайҳонии олам ба шумор меравад. Ба ҷуз ин, ширкат чархболи ҳарбӣ, ракета, радифи маснуӣ, системаҳои муосири иттилоотию алоқа, мудофиавӣ ва электрониро истеҳсол менамояд. 
Тайи солиёни зиёд ширкат дар самти истеҳсоли ҳавопаймоҳои кайҳонӣ, техникаи ҳарбӣ ва зиддимушакӣ дар ҷаҳон пешоҳанг аст.
Дар корпоратсия беш аз 170 ҳазор корманд дар 70 кишвари олам фаъолият дорад. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
САРГУЗАШТИ БОВАРНОКАРДАНИИ АҶОИБ ДАР ТИБ
Д'ЖАННА СИММОНС                                                
Духтаре, ки 118 рӯз бе дил зист 
Духтараки чаҳордаҳсола Д'Жанна Симмонс дили бағоят бузургу заиф дошт, аз ин рӯ, бояд дар муҳлатҳои наздиктарин дилашро иваз мекарданд. Аммо, пас аз амалиёти ҷарроҳӣ баъди гузаштани муддати начандон тулонӣ дили донор ба ӯ мувофиқат накард ва табибон маҷбур шуданд, ки дилро бигиранд. 
Бо ҳамин, Д'Жанна Симмонс қариб чор моҳ бе дил ба сар бурд. Вазифаи қалбро ду насоси сунъӣ иҷро менамуд. Хушбахтона, духтарак зинда монд ва баъди 118 рӯз ӯро бори дигар ҷарроҳӣ намуданд, ки  муваффақ буд ва айни ҳол бонуи зебочеҳра тансиҳату саломат аст.
Аз русӣ тарҷимаи Нигина РАҲМОН
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Сайёра пур аз маконҳоест, ки бо зебоиҳояш касро  мафтун мекунад. Ба он ҷойҳо ҳамасола миллионҳо сайёҳон аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон равон мешаванд ва бо аксу навору хотироти зиёд бармегарданд. Аммо на танҳо зебоиҳо барои сайёҳон ҷолиб аст, инро рӯйхати зерини мавзеъҳои сербинандатарини сайёра нишон медиҳад.
1. БОЗОРИ КАЛОН (ИСТАНБУЛ, ТУРКИЯ)
Бозори Калон яке аз аввалин ва калонтарин бозорҳои ҷаҳон мебошад. Он дар қисмати куҳнаи шаҳр ҷойгир буда, масоҳаташ 30,7 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар дохили бозор 44 кӯча мавҷуд аст, ки зиёда аз 4000 дукону мағоза дорад.  Тули як сол ба ин ҷо 91 миллион сайёҳу харидор меоянд. Дар он молҳои атиқа, ҷавоҳирот, қолин, чарм, маснуот аз чӯбу сафол, армуғон ва ғайраро мефурӯшанд. 
Дар дохили бозор тарабхонаҳо, масҷидҳо фаъол буда, чашмаҳо ҷӯш мезананд. Ин ҷо одамон на танҳо зиндагӣ мекунанд,  балки дафн мешаванд. Бозор маҳаллаи алоҳидаи шаҳр шудааст.  
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
«ҚАТРАЕ АЗ БАҲР»
14 ҚОНУНИ ПСИХОЛОГИЕ, КИ ДОНИСТАНИ ОНҲО ҲАЁТИ ШУМОРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД
 
2. Қонуни «Таъсири иҷтимоӣ» 
Ҳарчанд гӯед, ки аз касеву чизе вобаста нестед, иштибоҳ мекунед. Дар бисёр маврид мо аз ҷомеа вобастаем, зеро он моро месозад. Масалан, касе тасмим гирифт, ки зан бояд аз рӯйи меъёри 90/60/90 миёни борик дошта бошад ва ҳамаи бонувон кӯр-кӯрона ба ин тақлид мекунанд. Яъне, шумо бештар ба онҳое, ки иҳотаатон мекунанд, табдил меёбед ва хеле камтар муҳитро ба худ табдил медиҳед. Пас андеша кунед!
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
10 ИХТИРОИ МУҲИМТАРИНИ ИНСОНИЯТ ДАР СОЛИ 2021
ЧОПИ 3D
Соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти чопи 3D ба таври ҳайратовар афзуд. Дар назар аст, ки то соли 2027 - ум 8 миллион 3D принтер ба кор андохта шаваду коргарон бо ёрии онҳо пойафзол, либос ва ашёи дигари рӯзгор истеҳсол намоянд. Бо назардошти он ки, тавассути 3D на танҳо протезҳои функсионалӣ, балки чопи пораҳои устухони алоҳида барои трансплантатсия низ имконпазир аст, онро барои соҳаи тиб ҳам муфид мешуморанд. Ҳоло бо ин усул шакли биноҳои алоҳида ва ҳатто шаҳракҳоро чоп мекунанд.  
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2022    №: 19    Мутолиа карданд: 2518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед