logo

сиёсат

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

28 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати 30-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар барқияҳои табрикӣ ирсол гардиданд.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, дӯсти гиромӣ!
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки инҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бипазиред.
Тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Туркия зина ба зина рушд ёфта, имрӯз доираи васеи шарикии байнидавлатиро дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиатҳои аслии мардумони ду ҷониб дар бар мегиранд.
Мо аз сатҳу муҳтавои феълии робитаҳои фарогири кишварҳоямон, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, ғояти қаноатмандии худро изҳор мекунем.
Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард. Тоҷикистон алоқаманди тақвияти ин раванд буда, омода аст, то дар ин ҷода тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ба Шумо – ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Туркия сулҳу субот, осудаҳолӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дӯсти азиз!
Ба муносибати 30-солагии истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва аз номи миллатам самимона табрику муборакбод мегӯям.
Мо аз он хушнудем, ки кишвари мо яке аз нахустинҳо дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатиро барқарор намудааст. Туфайли робитаҳои устуворе, ки мо тайи се даҳсолаи ахир дар бисёр соҳаҳо барқарор кардем, муносибатҳои мо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ пайваста рушду таҳким меёбанд.
Бо дарназардошти таҳаввулоти минтақаи мо, ман бар он боварам, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни давлату мардумони мо минбаъд низ таҳким ёфта, ҳифз мешаванд. Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, то ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем.
Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудагӣ орзумандам».
н


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2022    №: 20    Мутолиа карданд: 649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед