logo

иҷтимоиёт

30 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ. ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ҳамин буд, ки дар ин давра дар баробари таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардид.
Бешубҳа, рушди саноат дар ривоҷу равнақи иқтисодиёт ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Бо дарки ин нукта, бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои  ахир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар кишвар даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатӣ  афзоиш дода шуд. Аз ҷониби дигар, тавассути сохтмони ин корхонаҳо даҳҳо ҳазор сокинони кишвар бо кор таъмин гаштанд. 
Чуноне ки  Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) иброз доштанд: “Аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, корҳои зиёдро ба анҷом расондем.
... Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард”.
Ин арқом далели он аст, ки рушду нумӯи бемайлони иқтисодиёти кишвар мунтазам таъмин гардида, марҳила ба марҳила ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд.         
Самти дигаре, ки дар ривоҷи устувори иқтисоди миллӣ  нақши назаррас дорад, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад ва, аз ин рӯ, ин бахши ҳаётан муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ  меёбад. Бо назардошти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ  ва ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ,  ин бахш пешрафт менамояд, ки ин маънӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба  Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла, зикр гашт, ки  то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод гардиданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3 – 5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.
Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки он аз 1-уми январи соли равон ба ҳукми қонун даромад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва, ба ин васила, ташкил кардани ҷойҳои нави кор аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои пешина нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна, иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардиданд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй расида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо коҳиш ёфтанд.      
Ҳамзамон, Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид сохтанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар бист соли ахир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гашта, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расид. Яъне, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва Буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзуд.
Ҳамчунин,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт  ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат  таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва  барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим  чораҷӯӣ намуда истодааст. Тавре ки Сарвари давлат дар Паём баён доштанд: “Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ, сармояи мустақим ҷалб карда шуд.
Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид”.
Маврид ба ёдоварист, ки  Сарвари давлат дар ҳамаи суханрониҳояшон оид ба тарбияи мутахассисони баландихтисос таъкид менамоянд. Зеро қувваи коргарии соҳибмаълумот дар рушди устувори иқтисодиёт саҳми беандоза мегузорад. Дар ин самт, яъне тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми захираю имкониятҳоро истифода бурда истодааст. Маблағгузориҳо ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олӣ  ба соҳаи илму маориф гувоҳи онанд, ки  ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати савияи дониши шаҳрвандон диққати зарурӣ дода мешавад.
Ба ин хотир, вобаста ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони лаёқатманди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саъю кӯшиш намоем, зеро барои рушди устувори иқтисодиёти кишвар се омили асосӣ нақши калидӣ дорад. Якум,  омили инсонӣ, дуюм, ворид намудани техника ва технологияи муосир ва сеюм, ривоҷу равнақ додани илму техника. Чунки  ҳамбастагии амиқи илм ва истеҳсолот яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодиёти  кишвар маҳсуб меёбад. Аз таҷрибаи пешқадами мамолики мутараққии олам ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳангоми дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад ва миқдори маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда  меафзояд. 
Хулоса, бояд иброз дошт, ки  саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  рушди иқтисоди миллӣ ниҳоят зиёд буда, ҳадафҳои банақшагирифтаашон зина ба зина  амалӣ мегарданд. Илова бар ин, мавриди зикр аст, ки  ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, хусусан Пешвои миллат, ҷиҳати таъмини  шароити гуворо ва беҳтари зиндагӣ барои аҳолии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ  ва, ба ин васила, обод намудани кишвари азизамон   заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, ҷавобан  ба ин ҳама талошу заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар тамоми қишри ҷомеа, бахусус ҷавононро, зарур аст, ки дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар ва  амалӣ шудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мунтазам саҳм гузоранд. 
 
М. Н. ДОСТИЕВ,
мудири кафедраи 
идоракунии молияи давлатии 
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2022    №: 20    Мутолиа карданд: 654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед