logo

иҷтимоиёт

АНДОЗА НИГАҲ ДОР, КИ АНДОЗА НАКУСТ...

Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардондани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд». 
 
Баҳри тақвияти ин гуфтаҳояшон коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии мардумро дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ далел оварданд: «Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад». Баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишварро бо чанд далелу арқом баён намуданд. Аз ҷумла, гуфтанд: «– агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефони мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст;
– ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд;
– танҳо дар даҳ соли охир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст».
Бале, рақамҳои мазкур нишондодҳои мушаххаси боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат буда метавонанд. Маълум мешавад, ки қариб ба  ҳар  фарди кишвар як телефони мобилӣ рост меояд. Ин хуб аст, албатта. Телефонҳои мобилӣ имрӯз дар анҷоми бисёр корҳо мададрасони инсон шудаанд. Аммо ҳар чиз ҳадду андоза дорад. Мо дар баробаре, ки телефонҳоро ба фоидаи корамон истифода мекунем, набояд зиёнҳояшро низ аз хотир барорем, аз онҳо суиистифода намоем. Кам нестанд он нафароне, ки инро хуб медонанд. Ҳар як дирами ба ҳисоби телефонҳои худ  воридкардаро сарфакорона ва оқилона истифода мебаранд.
Мутаассифона, шумораи нафароне, ки ҳадду андоза ва фарҳанги истифодабарии телефонро сарфи назар мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад. Бештари онҳо ба ягон меъёри истифодабарии телефон риоя намекунанд. Ҳарчанд коршиносони олам таъкид  месозанд, ки истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ  ба саломатии одамон хатаровар асту метавонад касро, бахусус кӯдакону наврасонро, ба саратони мағзи сар ва дигар бемориҳои марговар гирифтор кунад, вале аксарият инро нодида мегиранд. Мавҷҳои электромагнитие, ки телефонҳои мобилӣ паҳн мекунанд, махсусан ба хурдсолону кӯдакони навзод, осеби рафънопазир мерасонанд. Ҷисми нозуки онҳо дар муқобили таъсири харобиовари ин мавҷҳо қувваи зарурии муқовиматро надорад. Падарону модарони ноогоҳи мо бошанд, дидаву дониста, барои лаҳзае андармону ором сохтани кӯдак телефонро дар ихтиёри ӯ медиҳанд. Онро як воситаи хуби шуғли кӯдак медонанд, ки ин хатои нобахшиданист. Оҳиста-оҳиста кӯдак ба ин «бозича» одат мекунад ва дигар аз волидон ҳамеша танҳо телефонро мехоҳад. Ҳамин тавр, мо тифламонро ҳанӯз устухонаш сахт нашуда, аз аввалин давраҳои ҳаёташ, чи хеле ки дар боло гуфтем, гирифтори бемориҳои асаб ва ҳазору як дарди дигар мегардонем.
Ин як тарафи масъала. Тарафи дигараш таъсири манфии ин воситаи алоқа ба маънавиёт, рафтору ахлоқи аъзои ҷомеа аст. Воқеаҳое кам нестанд, ки аз пушти ҳамин телефон оилаҳо вайрон шудаанд, хиёнату бадахлоқиҳо сар задаанд. Чизи муҳим ин ҷо, албатта, телефон нест, вай танҳо восита аст. Муҳимтар костагии ахлоқу тарбия маҳсуб мешавад, ки зан ё шавҳарро ба пушти по задани муқаддасоти оилавӣ овардааст, фарзандонро аз муҳити гарму осудаи хонавода маҳрум сохтааст.
Одоби муоширати наврасону ҷавонон бо телефони мобилӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ хеле коста гаштааст. Бархе аз ҷавонону наврасон дар дохили толорҳову нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои серодам бе ягон шарму ҳаё ва бо тамоми овоз ба воситаи телефон он чи ки мехоҳанд, мегӯянд.  
Мо бояд  зарари иқтисодиеро, ки аз  истифодаи номаҳдуди телефони мобилӣ ба буҷаи оилаҳо мерасад, фаромӯш накунем. Хуб медонем, ки воситаи асосии фаъол нигоҳдории  ин механизм пул аст. Дар баъзе оилаҳо ду ва зиёда аз он телефони мобилӣ мавҷуд аст, ки агар ба ҳисоби ҳар яки он дар як моҳ, бо нишондоди камтарин, 15-20 сомонӣ гузаронем, дар як солу ду сол чи қадар хисороти пулӣ мешавад. Ин зарари пулӣ ба мустақилияту пешравӣ ва осудаҳолии  оилаҳо  зарбаи сахту сангин хоҳад шуд. Наврас ё ҷавоне, ки ҳоло ба нафъи оила як дирам даромад наоварда, мунтазам аз ҳисоби падару модар барои истифодаи ғайримақсадноки телефони худ пул сарф мекунад, оқибати ин амалашро меандешида бошад? 
Ман мутлақо даъвати онро надорам, ки аз истифодаи телефони мобилӣ даст бояд кашид. Не, аммо меъёру андозаро ҳамеша риоя бояд кард: «Андоза нигаҳ дор, ки андоза накуст...». Ба таври дигар гӯем, ҳар як нафар бояд фарҳанги истифодаи телефони мобилиро донад: қоидаҳои бехатарии истифодаашро риоя кунад, аз он фақат вақти зарурат истифода барад, маҳдудиятҳои синнусолиро ба эътибор гирад, дар истифодаи интернет омодагии лозими сиёсиву идеологӣ ва ахлоқиро дошта бошад. Фароҳам сохтани заминаҳои ин фарҳанг бошад, қисман дар муассисаҳои таълимии мо сурат мегирад, ки бовар дорем, болоравии сатҳи таълиму тарбия дар онҳо ба коҳиш додани хатарҳои ҳамроҳи ин воситаи муҳими алоқа мусоидат хоҳад намуд. Яъне, яке аз воситаҳои асосии расидан ба қуллаи баланди фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ва ноил шудан ба дигар пешравиҳо  соҳиби илму маърифат ва ахлоқи комил  шудани насли ояндасози мо мебошад. 
Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар, хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Дар замоне ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс, касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. 
 
Фарзона ХОҶАЗОДА, 
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
муовини раиси шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2022    №: 20    Мутолиа карданд: 614
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед