logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

31 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба муносибати 30-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон омадааст:
 
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба таҷлили 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти кишваратон таманниёти нек ва табрикоти самимии ин ҷонибро изҳор намоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо ба таври мусбат ва ба нафъи ҷонибҳо бомаром рушд ёфта, сатҳи сифатан навро касб карданд.
Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои некро бо Британияи Кабир, ки дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии онро ба расмият пазируфт, муҳим медонад. Дар ин росто, мо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат бо он дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем. 
Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо муносибатҳои шарикии ду кишвар минбаъд ҳам идомаи босамар ёфта, дар оянда мазмуну муҳтавои навро хоҳанд гирифт. 
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо – ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Шоҳигарӣ сулҳу амонӣ ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
 
«Муҳтарам ҷаноби 
Президент Эмомалӣ Раҳмон!
Шоҳигарии Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 январ 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии худро қайд намуданд. Бо истифода аз ин фурсат, мехостам қотеона ва самимона аҳамияти таҳкими муносибатҳои моро барои Шоҳигарии Муттаҳида таъкид намоям.
Тули сӣ соли охир Шоҳигарии Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди шарикии наздик бар пояи усулҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои амният ва дифоъ, рушди инсонӣ ва иқтисодӣ, тиҷорат ва фарҳанг дар бар мегирад, ҳамкории муштарак анҷом додаанд.
Шоҳигарии Муттаҳида, ки имрӯз шарики собитқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, минбаъд низ дар кори дастгирии рушди устувори он ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои умумӣ ва глобалӣ, ба монанди амният ва тағйирёбии иқлим, ҳамин тавр боқӣ мемонад. Умедвори рушди давомдори муносибатҳои ҳамкориамон дар солҳои оянда ҳастам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2022    №: 21    Мутолиа карданд: 3380
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед