logo

иҷтимоиёт

ТАЪМИНОТ БО КИТОБҲОИ ДАРСӢ МУШКИЛИ ЧАНД СОЛИ ПЕШ НЕСТ

Китобҳои дарсӣ пайваста чоп мешаванду дастраси хонандагон мегарданд, аммо масъалаи сифат ва мазмуну муҳтавои онҳо ва баъзан номутобиқатӣ бо стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз мушкилоти имрӯз боқӣ мемонад. 
Масрур Қурбонов, сокини шаҳри Душанбе, зимни ёдоварӣ аз давраи мактабиаш, гуфт, ки қаблан дар як оила фарзандон аз як китоби дарсӣ ба навбат истифода мебурданд, ҳоло ҳар сол чоп шудани китобҳои нав ба хариди чандбораи як китоб водор месозад. Комилшо Исозода, директори Маркази таҳия, нашр  ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм, дар робита ба суоли мазкур изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини хонандагони муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ вазифаи меҳварии худ ҳисобида, тамоми имкониятҳоро барои сари вақт ба хонандагон дастрас намудани китобҳо ва дигар маводи таълим истифода менамояд. Ҳоло нашри чорум ва панҷуми барнома ва китобҳои дарсӣ дар вазорат идома ёфта истодааст, ки бо назардошти принсипҳои салоҳиятнокӣ таҳия мегарданд. Китобҳои дарсӣ дар ду шакл рӯйи чоп меоянд: 
 
1: Агар фан бори аввал ба нақшаи таълимӣ ворид шуда бошад, китоб тибқи омори пешниҳоднамудаи шуъбаи маориф  сари ҳар хонанда чоп ва дастрас мегардад. Масалан, китоби дарсии «Технологияи иттилоотӣ» барои синфҳои 5-6. 
2: Тибқи дархости муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маориф вобаста ба ин ё он китоби дарсӣ вазорат онро чоп ва дастрас мегардонад. То ҳол теъдоди китобҳои нави батабърасида талаботи хонандагонро қонеъ карда наметавонанд, махсусан барои хонандагони синфҳои якум, ки шумораашон дар соли хониши нав 58 ҳазор нафар зиёд гардид. То вақти пурра таъмин накардани муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои нав адабиёти куҳна дар истифода мебошад ва аз гардиш баровардани онҳо мувофиқи мақсад нест. Маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки дар бисёр маврид ҳолати бо барномаҳои таълимӣ мутобиқ набудани китобҳо ба чашм мерасад, ба монанди китобҳои дарсии фанни физика. Ҳамчунин, агар ба дасти омӯзгор китоби соли чопаш 2001 афтаду барномаи таълимӣ таҳияи соли 2007 бошад, дар ин ҳолат хоҳу нохоҳ номувофиқатӣ ба миён меояд. Дар ин маврид бояд марказҳо ва иттиҳодияҳои методии шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар семинарҳои машваратии августӣ ин нозукиҳоро ба омӯзгорон тавзеҳ диҳанд. Ё омӯзгорони ботаҷриба китобҳои куҳнаву навро муқоиса намуда, фарқияти онҳоро ба хонандагон фаҳмонанд.
 
КАМБУДИ ҲАҚҚИ ҚАЛАМИ МУАЛЛИФОН
Назмия Қулматова, муовини директор оид ба корҳои таълим дар МТМУ №72–и пойтахт, дар ин бора гуфт, ки агар ба мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ диққат диҳем, дар ин самт камбудиҳо зиёданд. Ҳамчунин, номувофиқатии китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ ба чашм мерасад. Масалан, барномаи таълимие, ки соли 2007 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ шуда буд, бо китобҳои синфи 10-ум мувофиқат намекунад. Илова бар ин, дар муассисаи таълимӣ китобҳои адабиёт барои синфҳои 9 - 11 ангуштшуморанд. Аз ин лиҳоз, аз муаллифон даъват мекунем, ки барномаи таълимиро амиқ омӯхта, китоб    таҳия намоянд.
Муаллифони китобҳо дар навбати худ аз кам будани ҳаққи қалам мегӯянд. Дар баробари кам будани ҳаққи қалами муаллифон, барои муқарризон, ки ба ҳусну қубҳи дастхати адабиёти таълимӣ баҳо медиҳанд, музди меҳнат пардохт намешавад. Ин омил бештари вақт боиси рӯякӣ арзёбӣ шудани дастхати китобҳои дарсӣ аз ҷониби экспертҳои муассисаҳои дахлдор мегардад. 
 
АЗ ЧОПИ БЕСИФАТИ КИТОБҲО ТО БЕНАЗОРАТ МОНДАНИ МАБЛАҒҲОИ ИҶОРА
Ба андешаи мутахассисон, ба раванди таҳия ва чопи китобҳо  омилҳои дигар низ таъсиррасонанд. Аз ҷумла, тавре аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи гузарондани рейдҳои санҷишӣ 49 ҳолати бесифат чоп шудани китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксари китобҳо бе риояи тавсияномаи полиграфӣ нусхабардорӣ гардида, дар бозори «Корвон» ғайриқонунӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ки хилофи  регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  бехатарии таъиноти кӯдакон ва наврасон» мебошад. Масъалаи ҳалталаби дигар танзими маблағҳои фонди иҷораи китобҳои дарсист, ки ба раванди чопи китобҳо бетаъсир нест. Барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ тибқи санади меъёрии «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низоми иҷораи китобҳои дарсӣ ба роҳ монда шудааст. Мутобиқ ба он, китобҳои чопшуда дар муассисаҳои таълимӣ дар соли аввал бо пардохти 34 дарсади маблағи арзиши аслии китоб, солҳои дуюму сеюм 33 дарсад ба иҷора дода мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ бояд дар давоми се сол, ки ба тариқи низоми иҷора хонандагонро бо китоб таъмин мекунанд, маблағи иҷораи китобҳоро сари вақт пардохт кунанд ва барои хариди маводи таълим (барнома, роҳнамо, китобҳои бадеӣ, журналҳои синфӣ, дафтари машқи хат ва ғайра) маблағҳои буҷетиро ба нақша гирифта аз худ намоянд. Вагарна ба фонди иҷораи китобҳои дарсӣ халал ворид сохта, сабаби сари вақт чоп ва дастрас нашудани онҳо мегарданд. Мутаассифона, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин вазифаҳои худро дуруст иҷро накарда, қарзашон дар назди фонди иҷораи китобҳо беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Пас, маблағҳо куҷо мешаванд, маблағҳое, ки  дар аксар маврид аз волидайн барои таъмини китобҳо ситонда мешавад. Аз ин ҷост, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо масъалаи  ба таври мақсаднок истифода нашудани маблағҳои дар суратҳисобашон буда, рӯбарӯанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар раванди таҳия ва чопи адабиёти таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба ҳамин минвол идома ёбад, бо маблағҳои фонди гардони иҷораи китобҳои дарсӣ ба нашр расондани адабиёти таълимӣ дар оянда ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Баҳри ҳалли ин масъалаҳо, хусусан дар раванди бунёди мактабҳои наву замонавӣ ва ба фазои байналмилалии таҳсилот ворид шудани онҳо, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва иттиҳодияҳои методиро зарур аст, ки чораҳои қатъӣ андешанд ва дар ин самт фаъолияти беҳтар ба роҳ монанд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2022    №: 21    Мутолиа карданд: 642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед