logo

сиёсат

АМНИЯТИ МИЛЛӢ. ТАҲКИМИ ОН МАСЪУЛИЯТИ МАНУ МО НИЗ ҲАСТ!

 
Рӯйдодҳои чанд моҳи охири кишвари ҳамсояи Афғонистон ва мардуми ба мо бародари ин сарзамини феълан дар ҳоли фақру тангдастӣ қарордошта, бори дигар ақли солимро ба ин андеша мебарад, ки чизе боарзиштар аз сулҳу субот ва амният мавҷуд буда наметавонад ва рушди ҳама соҳаҳо низ аз ваҳдату ҳамдилӣ маншаъ мегирад.
Бо фаро расидани зимистон ҳоли мардуми азияткашидаи Афғонистон баъди суқути ҳукумат ва ба сари қудрат расидани гурӯҳи “Толибон” хеле вазнин шуда, фақру гуруснагӣ ба таври бесобиқа меафзояд. Тамошои наворҳои интернетӣ аз вазъи имрӯзи мардуми ин кишвар, аз ҷумла рӯзгори сангин дар фасли сардӣ, шиканҷаи бераҳмона, ба маблағи ночиз фурӯхтани духтарони ноболиғ ба пулдорон ҷиҳати пешбурди рӯзгори дигар узви хонавода, нолаи ҷонсӯзи кӯдакон аз гуруснагӣ ва ғаму андуҳи модарону сарсонии падарон дар пайдо кардани қути лоямут, касро ҷигархун мекунад. Дидани ин манзараҳо дили сангинро ҳам об мекунад, аммо, мутаассифона, қалби ваҳшиёнаи “Толибон” аз санг ҳам сахттар будааст. Зеро теъдоди зиёди ин тӯда, аслан аз мактабу илму фан бӯйе набурдаву ҳатто аз кӯчаи инсонгарӣ ҳам гузар накардаанд. Бо чунин бархӯрд нисбат ба мардум ва боз даъвои ҳокимияту ҳукуматдорӣ кардан, ба ақл рост намеояд.
 
МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН МАЪЛУМ АСТ
Баъди ба сари қудрат расидани “Толибон”, вазъи сиёсии Афғонистон аз чил соли гузашта ҳам бадтар гашт ва мардум ҳамоно ташнаи сулҳу амният аст. Мутаассифона, то ҳол кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ кӯшиши ҷиддие дар роҳи расидан ба доди мардуми мазлум анҷом надоданд.
Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, чанде қабл зимни як суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон, дастовардҳои бистсолаи кишварро зери пой гузошту мамлакатро ноҷавонмардона тарк кард.
Воқеан, ин ҳақиқати талх аст. Хиёнате бештар аз ин нест, ки дар рӯзи сангини як миллат роҳбари қонунии он танҳо барои таъмини амнияти худу хонаводааш кишварро ба осонӣ тарк намояд ва мардумро ба ҳоли худ гузорад.  
Баъд аз тағйири низом дар Афғонистон, бо вуҷуди зулму шиканҷа ба мардум ва поймол кардани ҳуқуқҳои диниву дунявии онҳо, тамоми давлатҳо хомӯширо ихтиёр карданд ё ба қавле нисбат ба тақдири ин мардум бетарафӣ зоҳир сохтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин нафаре буданд, ки нисбат ба тақдири шаҳрвандони Афғонистон бетараф наистода, садо баланд карданд ва ба ташкили ҳукумати фарогир бо шумули тамоми ақаллиятҳо даъват намуданд.
Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 2021, изҳор доштанд, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад. Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.
Ба андешаи Пешвои миллат, аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи неруҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд.
Роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.
Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳо ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Танҳо баъди таъкидҳои дурусту созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони бисёр кишварҳо ба он ҳамовозӣ намуда, аз формулаи сулҳи пешниҳодкардаи Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.
“Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расондани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем. Дар ин раванд, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар доираи имкон барои расондани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд».
Ин таъкид ва ғамхории Пешвои миллат на танҳо нисбат ба тоҷикони муқими Афғонистон аст, балки ба хотири зиндагии осоиштаи тамоми шаҳрвандони ин кишвар нигаронда шудааст. Зеро Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ хостори сулҳу осоиштагӣ дар тамоми дунё, аз ҷумла мамлакатҳои ҳамсоя, мебошад.
 
ЯГОНА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки зиёда аз бист сол мешавад Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд: “Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад”.
Сарвари давлат аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ёд оварданд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардида буд.
Ба андешаи Президенти кишвар, маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи он бетафовут буда наметавонад.
“Сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад”.
Ин пешниҳоди созандаву сулҳхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона идея ё формулаи барқарор кардани сулҳ дар ин кишвар ва ба зиндагии маъмулӣ баргардондани сокинон мебошад. То имрӯз ҳеҷ коршиноси дигаре роҳи беҳтар аз инро пешниҳод накардааст.
Ба таъкиди сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне, сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад.
 
МУХОЛИФИН Ё ХОИН?
Аслан, қазияи Афғонистон бояд барои шаҳрвандони тамоми кишварҳо дарси ибрат бошад. Зеро ҳифз кардани амният ва суботи сиёсӣ дар ҳар мамлакат ин кори якҷояи мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон аст. 
Пӯшида нест, ки бисёр кишварҳо мухолиф доранд. Ҳадафи Ҳукумат ва мухолифини воқеӣ бояд як бошад: беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, рушди бемайлони тамоми соҳаҳо ва баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ. Вале, дар баробари мухолифин, инчунин, хоинони миллат вуҷуд доранд, ки миёни ин ду гурӯҳ бояд фарқи дуруст гузошт. Фарзи мисол, ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз аъзои фаъоли он дар Аврупо зери номи худхондаи “Паймони миллии Тоҷикистон” ҷамъ омадаанд. Хатари ба ном “мухолифини кишвари мо” аз хатари “Толибон” камтар нест. Таърих гувоҳ аст, ҳаводиси Афғонистонро наҳзатиҳо ҳанӯз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба сари миллати тоҷик оварда буданд. Аз ҷумла, куштори чеҳраҳои саршинос, ғорат, гаравгонгирӣ ва дигар ҷиноятҳои нобахшиданӣ.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон ба бахти баланди мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва тақдири ояндаи миллатро ба даст гирифта, дар фурсати кӯтоҳ сулҳро дар Ватан барқарор карданд. Мутаассифона, дар Афғонистон раиси ҷумҳури вақт ва дигар афроди зархарид гурехтанд ва мардум дигар ба кӣ бовар кардану итоат намуданро надонист. Ин бори дигар собит сохт, ки надоштани лидери сиёсӣ мардумро ба гумроҳӣ, давлатро ба нестӣ мебарад.
 
ДАР ҚАЗОҚИСТОН ЧӢ РӮЙ ДОД?
Бояд аз қазияи кишвари бародари Қазоқистон низ ёдрас шуд. Гурӯҳҳои террористӣ ва фурсатталаб аз ҳолати эътирози сокинон ба далели болоравии нархи гази моеъ дар шаҳри Алма Ато истифода карда, даст ба тазоҳурот ва харобсозии иншооти давлативу ҷамъиятӣ заданд. Вазъияти баамаломада боиси нооромӣ ва ҳолати фавқулода дар кишвар шуд.
Хушбахтона, баъди талошҳои мақомоти қудратӣ ва неруҳои сулҳофари СААД, ки Тоҷикистон низ шомили он аст, вазъ дар фурсати кӯтоҳ ба эътидол оварда шуд.
Дар иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, вазъ дар Қазоқистон ва тадбирҳои муътадилсозии он муҳокима гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таваҷҷуҳи аъзои Шуроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин,  талошҳову таблиғоти онҳоро дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд.
Ба гуфтаи Президенти Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев, зиёни иқтисодӣ аз нооромиҳои ахири Қазоқистон метавонад 2-3 миллиард долларро ташкил диҳад.
 
ЗИРАКИИ СИЁСИРО БОЯД ТАҚВИЯТ БАХШИД
Дар шароити кунунӣ боло бурдани зиракии сиёсӣ, яъне дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, мавзуи меҳварӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир месозанд ва ҷавононро таъкид менамоянд, ки фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои фурсатталабу манфиатҷӯ нашаванд.
Имрӯз мухолифини кишвари мо низ бо дурӯғпардозиву фитнаҷӯӣ мехоҳанд мавқеи худро миёни мардум, асосан, онҳое, ки заъфи сиёсӣ доранд, боло бурда, байни халқ тафриқа андозанд. Аз ҷумла, аз ҳодисаи охири баамаломада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ хост тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ миёни мардум зиддият ва маҳалгароӣ ба миён орад. Ин дар ҳолест, ки пеши қонун ҳама баробаранд ва дар дилхоҳ кишвар касе, ки ҷиноят содир месозад, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Пуштибонӣ аз ашхоси ҷинояткор шарикӣ дар ҷиноят ва хиёнат ба халқу Ватан аст. Хушбахтона, бо мусоидати мақомоти қудратӣ вазъ дар ВМКБ ором гашт.
Бояд гуфт, ки ҷангу нооромӣ танҳо фақру бадбахтӣ меоранд. Вазъи Афғонистон, инчунин, Қазоқистон, ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардум дар Ватани азизамон аз пештара дида масъулияти бештар дошта бошем.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2022    №: 21    Мутолиа карданд: 1475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед