logo

иҷтимоиёт

АБДУРРАУФИ ФИТРАТ. АЗ БАЁНИ ҲАҚИҚАТ ТО БЕДОРИИ МИЛЛАТ

 
Дар ҳар давру замон уламо ва удабои  кишвару миллатҳо саъй ба харҷ додаанд, то бо баёни ҳақиқат, раҳнамунии дуруст дар бедорӣ ва ҳушёрии мардумашон саҳми асосиву шоистаро гирифта бошанд. Ба таърих рӯ овардан низ ба он хотир аст, ки хатоҳои гузаштаро такрор накунем ва, ҳамзамон, аз онҳо дарси ибрат бигирем. Абдуррауфи Фитрат (1886 - 1938), ки, ба қавли устод Садриддин Айнӣ, «тамом дар мактаби ҷадид ва инқилоб тарбия ёфтааст», дар оғози асри XX пештару бештар аз ҳама бо дарки ислоҳоти иҷтимоию иқтисодию фарҳангии кишвар дар канор наистод ва барои ин ҳама, хоса бедории миллат, мардум, бо ҷасорати бузург саъю талош варзид. Инчунин, асарҳои мондагори худро ба ин хотир таълиф кард. Яке аз ин гуна асарҳояш «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» ном дорад, ки муаллиф онро дар Истанбул бо маблағи худ ба нашр  расондааст. 
Ӯ ба ин васила рӯйирост ақибмондагии аморат, гирифторони аҳли Бухороро дар таассубу ҷаҳолат ва бадбахтии мардуми ин сарзаминро дар беилмӣ ба риштаи танқид мекашад. Баҳси мударриси бухороиву фарангӣ дар Ҳиндустон бар сари ин масъалаҳои муҳими он рӯзгор аст. Мударриси бухороӣ, ки обрӯву шавкати хосро дар миёни мардум дорад, дар ин баҳс оҷиз меояд. Маълум мегардад, ки ӯ аз илми муосир бехабар аст ва низ бо забони арабӣ суҳбат карда наметавонад. Оре, бо ин ки солҳои зиёд дар мадрасаҳои шаҳр таҳсил кардааст.
Қиёсҳои динҳо, хоса дини масеҳиву ислом ва муносибати уламо бо он, низ ибратбахш ва омӯзанда мебошад. Муаллиф дар ин маврид менависад ва онро таҳлил мекунад: «Чунончи, равиши  мазкур ҳам дер соле намонд. Дар ибтидои асри даҳум (милодӣ - А.Р.) дар баъзе нуқтаҳои Аврупо нодираи ҷамоаи муътаризҳо сар бароварда, то асри дувоздаҳуми исавӣ дар атроф мунташир шуда, ба ҳар ҷо шуъбаҳо бино карда, бо камоли гармӣ ба  зидди уламои худашон рафтор намуданд. Ин ҷамоаи муътаризҳо Инҷилро ба забони авом тарҷума карда, мардумро ба хондани ӯ тарғиб мекарданд ва ҳар коре, ки мухолифи Инҷил бошад, варо қабул наменамуданд».
Нашри Қуръони маҷид дар кишвар бо теъдоди зиёд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тақсими ройгони ону мутолиааш бисёр таассубҳову каҷфаҳмиҳоро аз миён бурд ва бояд бештар бибарад. Қуръони маҷид беҳтарин маҳаку меъёри санҷиши андешаву гуфтору кирдори уламои дин ва инсоният мебошад, на воситаи шуҳратҷӯиву гумроҳсозии бархе ба хотири  манфиатҳои дунёӣ. Уламои мо низ  бояд мардумро дуруст ва беиғво раҳнамунӣ бикунанд. Мутаассифона, бархе аз ин гурӯҳ мехоҳанд мардумро дар атрофи худ ҷамъ биёранд, на дар атрофи Худо. Гурӯҳе аз онҳо дар мавзуъҳое бо мардуми авом сухан мегӯянд, ки ҳеҷ раво нест. Яъне, ба қадри ақли мардум сухан намекунанд. Танқиди шадиди уламои ҷаҳони ислом барояшон панд намешаванд, ки ба моҳияти масъалаҳо ва дурустии каломи Худову тафсирҳои он сарфаҳм нарафтаанд.
Абдуррауфи Фитрат аз номи қаҳрамони асараш мавзуъро идома медиҳад: «Ин ҷамоа мегуфтанд, ки агар уламои мо уламои ҳақиқӣ ва ноибони ҳазрати Масеҳанд, чаро ин қадар амвол ва ашёи дунёиро ба даври худ ҷамъ намудаанд? Уламои ҳақиқӣ ва ноибони ҳазрати Масеҳ бояд ин қадар ҳам пулпараст набошанд, ба дами обу луқмаи ноне қаноат созанд, на ин ки моёнро ба тарки дунё даъват карда, худашон амвол ва ашёи моро ба номи назру ниёз ва қабули тавба нӯши ҷон намоянд! Мо низ бандагони Худоем. Агар гуноҳе аз мо содир шавад, бояд ба даргоҳи Худо тавба намоем ва қабули онро ҳам аз даргоҳи Худо талабем. Чаро гуноҳро ба даргоҳи Илоҳӣ карда, тавбаро ба хидмати попосҳо арз намоем ва дар бадали қабули тавба ба ин «азизон» пул бидиҳем?».
Аврупо дар асри ёздаҳум бо тамос ба мусулмонон хеле фоидаҳои моддиву маънавӣ бардоштанд. Мо баъди даҳ аср чӣ фоидае бардоштему бармедорем?
Қаҳрамони огоҳ ва таҳлилгари асар аз номи Шорл Санивбус, ки муаллими дорулфунуни Фаронса мебошад, ин маъниро чунин бозгӯ мекунад: «Шаҳрҳои Фарангистон хурд ва сафилона, деҳаҳояш пур аз кулбаҳои вайрона буд. Ҳеҷ кас аз тарси ин, ки дар роҳ кушта мешавад, наметавонист даҳ фарсах сафар намояд, аммо олами ислом тамоман шаҳрҳои обод, мисли Бағдод, Шом, Миср ва Андалус, саройҳои мармарӣ, корхонаҳои мукаммал, мактаб ва мадрасаҳои муҳташам ва бозорҳои оростаро соҳиб буд. Саҳроҳояш қадам-қадам шаҳр, заминҳояш хирман – хирман маҳсулро дар назари тамошобинон ҷилва медод. Аз охири Испониё то ҳудуди Туркистон корвонҳои тиҷоратӣ дар рафтуомад буданд. 
Бо ин тамосу хулуси нияту омӯзиши дуруст чиро соҳиб гардиданд? Бештар ба чӣ диққат доданд? Ҳамин тавр, чӣ чизҳоеро онҳо касб карданд? Дар ҳамин китоб ба ин пурсишҳо посухи равшан меёбем: «Зироат: Гандуми сабз, заъфарон, дарахти тут, биринҷ, дарахти хурмо, лимун, пуртуқол, пунба, қаҳва ва найшакар.
Саноат: Қумошҳои (матои латифу нозук, газвори абрешимӣ, шоҳӣ. – А.Р.) шомӣ, зарбафт, шиша, оина, коғазу ҳалво.
Илму фан: Ҷабр (алгебра –А.Р.) ҳандаса (геометрия  - А.Р.) мусалласот, кимиё, ҳисоб».
Хулосаи муаллиф дар ин маврид ҷолиб аст ва ҳам омӯзанда ва онро ба таъкид изҳор медорад: «Ҳоло диққат кунед, бо он ки аврупоиён назар ба иқрори худашон асоси тараққиёти худро аз шарқ гирифтанд, чӣ қадар бадбахтист, ки агар мо ҳам барои ба даст овардани маданияти аздастрафтаи худ ҳаракате кунем, фавран уламои худамон «кофир шудӣ» гуфта, ба фикри барҳам задани мо мебароянд».
Бешак, чунин эътирозҳои равшанфикрон дар он даврон ба муқобили қафомондагии аморат ва усули тадрис коре осон набуд. Ҳатман гунаҳкорашон мебароварданд ва бар ҳар эътирозгар эълон менамуданд: «Кофир шудӣ». Аммо бо ин ҳама монеаҳо равшанфикрон дар бедории миллат ва ояндаи тараққиёти давлат ба ин васила саҳм гирифтанд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 
P.S. Ҳамин гуна андешаҳои муфид ва дорои аҳамияти илмию амалӣ дар асари дигари бунёдии Абдуррауфи Фитрат бо унвони «Раҳбари наҷот», ки соли 1915 дар шаҳри Петроград (ҳозира Санкт- Петербург) интишор гардид, ҳарҷониба такмил ёфтаанд ва ба як системаи муайян даромадаанд. Ин асар барномаи мукаммали тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тарбиявию ахлоқии Абдуррауфи Фитрат ба шумор меравад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2022    №: 21    Мутолиа карданд: 571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед