logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НЕКИ ДАВЛАТДОРИИ НИЁГОН

Андешаи  сарварию  роҳбарӣ  дар таърихи афкори ҷамъиятии мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, решаҳои хеле амиқ дорад. Аввалин андешаву тасаввуроти ормонии мардуми ориёинажод дар бораи шоҳи одилу додгустар дар «Авесто» – китоби муқаддаси дини зардуштӣ (ба қавли Гёте «дини меҳнатварзӣ ва танзими  зиндагӣ»), «Худойнома» ва ёдгориҳои дигари хаттии фарҳанг ва адабиёти тоисломӣ инъикос ёфтаанд. Дар аҳди ислом анъанаи тоисломии шоҳноманависӣ муттасил идома ёфта, шоҳкориҳои зиёде, мисли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, «Шоҳнома»-и Саолибӣ, «Ҷовидонхирад» ва «Таҷориб-ул-умам»-и Мискавайҳи Розӣ ва ғайраҳо дар ин мавзуъ таълиф шудаанд.
Дар ин осори пуршаҳомат сирати шоҳони одилу додгус-тар, фазилатҳои ахлоқӣ ва суннатҳои неки давлатдории онҳо зикр  гардидаанд. Бо таваҷҷуҳ ба нақш ва масъулияти азими Сарвари давлат дар сарнавишти раият, ҳакимону адибони асримиёнагии тоҷик, ба монанди Ибни Сино, Насириддини Тӯсӣ, имом Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, дар шоҳкориҳои худ сифатҳои ахлоқӣ ва симои маънавии сарвари намунавии давлатро тавсиф кардаанд.  Дар осори пурғановати  насрӣ ва назмии  ниёгони мо ормонҳои ҳазорсолаи мардуми мутамаддини ориёинажод дар бораи сарвари одил ва давлати ҳуқуқбунёду мардумпарвар таҷассум ёфтаанд. Андешаи сарвари давлат ва давлатдорӣ дар хатсайри таърихии худ дар фазои фарҳанги мардуми ориёитабор давра ба давра, интиқол ва интишор ёфта, дар ҳар давру замон бо тақозои вазъу шароити мавҷуда такмил ва тағйир пазируфтааст ва то замони мо омада расидааст. Ҳамин бахши арзишманди мероси фарҳангии ниёгон ҳамчун як заминаи муҳими ташаккули сират,  шахсият, ҳувият ва  фазилатҳои неки маънавию ахлоқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хизмат намудаанд ва ӯро маҳбуби ҳамагону машҳури ҷаҳон гардондаанд. Огоҳии амиқ аз таърихи гузашта, аз ормонҳо ва арзишҳои миллии гузаштагон ба Пешвои миллат имкон додааст, ки аз ин мероси гаронбаҳо дар такмил ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон самаранок истифода баранд. Аз ин рӯ, дар ин мақола дараҷаи таъсирпазирӣ ва баҳрабардории Пешвои миллат аз ормонҳо ва арзишҳои миллӣ-сиёсии  ниёгон таҳлилу ташхис гардида, бо чанд мисоли мушаххас мухтасар шарҳу тавзеҳ мешавад.
1. Яке аз куҳантарин суннатҳои давлатдории мардуми ориёитабор, ки муҷиби пайдоиши анъанаи шоҳноманависӣ, достону корноманависӣ, ҳамосасароӣ ва, баъдан, илми таърихнигории асримиёнагӣ шудааст, ин аст, ки соири шоҳони одилу додгустари давраҳои қадим ба таърих ва воқеоту ҳодисоти таърихӣ аз дидгоҳи ахлоқу маънавият назар мекардаанд. Ҳадафи муаллифони таърихномаҳо ва ёдгориҳои дигари хаттӣ низ, танҳо воқеънигории таърих  дар  асоси  санадҳо  ва  далелҳо  набуда,  балки дарёфтан ва барои наслҳои оянда баён кардани мазмуну муҳтавои ахлоқию маънавии ҳодисоту воқеаҳои таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳои неку созандаи фарҳангию давлатдории гузаштагон будааст. Барои тасдиқи ин сухан, гуфтори Анӯшервони Одил (Хусрави II, яке аз маъруфтарин шоҳони сулолаи Сосониён)-ро далел меоварем: «Он гоҳ ба шеваҳо ва ойинҳои пешин рӯй биёвардем ва бад-он чи барои мо ва сипоҳ ва мардуми мо судмандтар буд, оғоз кардем. Дар шеваҳои ниёгон аз Гуштосп то шаҳриёрии Қубод, падари хеш нек нигаристем ва он чи дуруст буд, баргирифтем ва он чи нодуруст буд, аз он рӯй бигардонидем. Ва дар ин кор меҳри падарон ҳаргиз моро ба пазируфтани шеваҳои носудманд барнаангехтааст, ки меҳри Яздон ва сипосу фармонбардории ӯро бартар доштаем. Аз он пас ба шеваҳои Руму Ҳинд пардохтем, ойинҳои ононро бо санҷаи хирад бисанҷидем ва сутудаҳои онро баргузидем ва аз миёни онҳо бад-он чи зевари шаҳриёримон буд, чанг задем ва онро хӯву шеваи хеш кардем ва ҳаргиз бад-он чи ҳавои нафс ба сӯи он мекашид, нагаравидем».
Ҳамаи ин корҳои нек ва хислатҳои наҷиб, ки хоси Анӯшервон ва соири шоҳону сарварони қадими мардуми ориёӣ буд, тули асрҳо ҳамчун анъана аз насл ба насл гузашта, ниҳоят дар сирати Пешвои миллат, ки нисбат ба таъриху фарҳанги миллат, суннатҳо ва таҷрибаҳои неки ниёгон меҳри беандоза доранд ва онҳоро дар паёмҳои худ, дар асарҳои пурарзишу мондагори хеш пайваста тарғибу ташвиқ ва дар фаъолияти гуногунҷанбаи роҳбарӣ устуворона пайравӣ менамоянд, ба таври хеле равшан инъикос ёфтааст.
2. Донистани таърих, адабиёт ва рӯй овардан ба илму маърифат яке аз омилҳои асосии пешравии ҷамъият аст. Ин омилро дар ҳар давру замон шоҳони бомаърифату илмдӯстдор сармашқи фаъолияти худ қарор додаанд. Таърих гувоҳ аст: яке аз давраҳои таърихии гулгулшукуфоии мардуми тоҷик давраи Сомониён буд.
Дар ин давра таърихнигорӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, дар маҷмуъ, фарҳангу маданияти тоҷик рӯй ба инкишоф ниҳод. Беҳтарин асарҳои илмӣ, таърихӣ пешниҳоди миллат гардиданд. Дар ин бора таърихнигорону аҳли илму адаб то имрӯз таҳқиқоти зиёдеро дар шакли рисола ва асарҳои илмӣ анҷом медиҳанд.
Пешвои миллат ягона роҳбари муваффақу оқилест, ки ба илму олимон, сатҳи донишандӯзӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Аз ҷониби Ҷаноби олӣ меҳнату донишу малакаи олимон қадр карда мешавад ва роҳбари зираку дурбин ба онҳо такя менамояд. Бо дастгириву роҳнамоии Роҳбари давлат чи қадар китобҳои нодир аз нав рӯйи чопро диданд ва ба мардум туҳфа шуданд. Бо мақсади омӯзиши забон, фарҳангу тамаддуни ниёкон қувваозмоиҳои донишӣ, яъне китобхонӣ,  дарёфти истеъдодҳо ташкил карда мешаванд. Барои донишомӯзӣ тамоми шароитҳо муҳайёст. 
3. Муаллифи «Ғурар-ус-сияр» зимни зикри таърихи сулолаи устуравии Пешдодиён аз корҳои неки Ҳушанг ёдовар шуда, менависад: «Бештари нависандагон бар онанд, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак фарзанди Каюмарс аст ва ҳамаи кишварҳо ва мардумро фармонбари хеш сохт ва заминро ободон кард. Ӯ нахустин касе аст, ки оҳан аз замин бадар овард ва аз он абзорҳо сохт ва чунон кард, ки мардумон аз обҳо баҳра баргирифтанд. Ва мардумро ба кишоварзию домдорӣ бароғолонид ва ба эшон омӯхт, ки чи гуна ҷӯйҳо ва рӯдҳо бикананд ва дарахтҳо биншонанд ва фармон дод, ки даррандагонро бикушанд ва аз пӯсти онҳо рахту зерандоз бисозанд... Болотар аз ҳама он ки ойинҳо ниҳод ва дод густурд ва барои ҳамин ба ӯ номи «Пешдод» доданд, ки маънои он ба порсӣ нахустин касе аст, ки доварӣ ба дод кардааст».
Ободонии кишвар, сарсабзу хуррам гардондани хиёбону кӯчаҳо, ҳашарҳои умумии ниҳолшинонӣ, рушди муттасили соҳаи кишоварзӣ, сохтмони неругоҳҳои муқтадири обии барқӣ, туннелҳо ва роҳҳо,  таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, таваҷҷуҳи пайваста ба вазъ ва мушкилоти сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, муқовимати оштинопазирона зидди экстремизм, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва неруҳои дигари аҳримании замони муосир, ибтикороти шахсӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ бархе аз самтҳои фаъолияти рӯзмарраи Пешвои миллат мебошанд, ки  ҳамон таҷрибаҳо ва суннатҳои волои давлатдории Ҷамшеду Таҳмурас, Ҳушангу Фаридун, Кайхусрав, Курушу Доро, Шопуру Анӯшервон ва шоҳони дигари сулолаҳои Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиҳоро такрор ва инъикос мекунанд.
4. Тибқи андешаву тасаввуроти анъанавии мардуми ориёитабор, яке аз хислатҳои хуби сарвари одил  меҳрубонию ғамхорӣ ва муносибати ҳалимона бо мардум мебошад. «Гӯянд: меҳрубонии Ҷам дар баробари мардум монанди меҳри падару фарзанд буд».
Ин фазилати ахлоқии Ҷамшед – нахустин шоҳи устуравию ормониро мо дар сирати Пешвои миллат, зимни мулоқоту суҳбатҳояшон бо сокинони навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ, алалхусус дар муносибаташон бо пиронсолон ва хурдсолону ятимон, пайваста мушоҳида мекунем. Воқеан, дар муқоиса бо роҳбарони кишварҳои хориҷии дуру наздик, Пешвои миллат хеле бештар бо мардуми одӣ вохӯрию суҳбат мекунанд, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд, бо онҳо барои ҳалли мушкилоти гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ маслиҳату машварат медиҳанд. 
5. Ба ривояти сарчашмаҳо, замоне ки Фаридун бар авранги шоҳӣ нишаст, фармонравоёни дуру наздик ба назди ӯ омаданд, ӯро бо чеҳраи тобон ва суханони равон ва дилнишин ёфтанд ва диданд, ки чи гуна партави фарри эзидӣ бар ӯ ҳувайдо ва насими пирӯзӣ бар вай вазон аст.
Ҳамин гуна рӯйдоди таърихӣ дар замони муосир дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба вуқуъ пайвастааст ва он рӯйдод нахустин бор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб шудани ин абармарди фарзона, ки дар чеҳрааш фарри эзадӣ муҷалло буд, пас аз истиқлолият, дувумин воқеаи сарнавиштсози таърихи навтарини Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Рушди устувору бардавоми ҷамъиятию иқтисодӣ ва дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат ноил шуд, собит менамоянд, ки мардуми мутамаддину фарҳангсолор, сулҳдӯсту адолатхоҳ ва таҳаммулпазиру меҳнатқарини Тоҷикистон дар интихоби худ хато накардаанд. 
6. Аз ҷумлаи суннатҳои дигари шоҳони одилу додгустари қадим ин будааст, ки онҳо ҳамвора барои рушди иқтисоду хоҷагидорӣ  ва ободу зебо кардани кишвар талош мекардаанд: «Чун Кайқубод корҳоро ба даст гирифт ва кишвар оромиш ёфт ва корҳо яксӯя шуд, ҳамаи тавонашро ба кор гирифт, то бар баҳраварӣ бияфзояд ва нишонаҳои нек аз худ ба ҷой гузорад ва пояҳои кишварро устувор кунад ва шаҳрҳоро ободон созад... 
Ҳамаи ин хислатҳо ва фазилатҳои неки Кайқубоди Каёнӣ, ки Саолибӣ онҳоро дар „Шоҳнома“-и худ зикр кардааст, дар сирати Пешвои миллат бо неру ва зарфияти боз ҳам бештар мавҷуданд ва татбиқи онҳоро мо дар фаъолияти давлатдории Пешво, масалан, ҳангоми сафарҳояшон ба шаҳру навоҳии кишвар ва шиносоияшон бо вазъи хоҷагиҳои деҳқонию корхонаҳои саноатӣ ҳар рӯз ба таври сареъ ва равшан мушоҳида мекунем.
Ҳамаи ин мисолҳои овардашуда шаҳодат медиҳанд, ки Пешвои миллат аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёду тамаддунофари миллати тоҷик огоҳии амиқ ва ҳамаҷониба дошта, суннатҳои неки давлатдории ниёгонро дар фаъолияти рӯзмарраи хеш пайваста эҳё ва инъикос мекунанд. 
Заминаи дувуми ташаккули шахсияту сират ва қобилияту истеъдоди сарварии Пешвои миллат, дар баробари суннатҳои давлатдории ниёгон, инчунин,  назарияҳо ва таҷрибаҳои неку созандаи муосири сиёсӣ, ки дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон татбиқ шудаанд, ба шумор мераванд. Дар баробари ин, Пешвои миллат бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳар як арзиш ва дастоварди нави муосири сиёсиро тавре такмил ва татбиқ менамоянд, ки онҳо барои амнияти миллӣ, таҳкими ҳувият ва фарҳанги миллӣ ва рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон комилан мувофиқат мекунанд. Мисоли равшан, татбиқи усули дунявият дар сиёсат ва ҳуқуқи давлатии Тоҷикистон мебошад. Усули мазкур дар консепсияи сиёсии Пешвои миллат ба тавре таҳрир ва тафсир шудааст, ки он аз дунявияти динситези замони шуравӣ ба таври ҷиддӣ фарқ карда, муҳофизати давлатии арзишҳо ва эътиқодоти анъанавии диниро ҳамчун унсурҳои аслӣ ва ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллии шаҳрвандон кафолат медиҳад. 
Заминаи дигари муҳими  ташаккули шахсият, сират ва фазилатҳои сарварии Пешвои миллат - ин, донишу истеъдод ва санъати волои роҳбарӣ, таҷрибаи бойи сиёсӣ, маъмурӣ ва давлатдорӣ мебошанд, ки ҳанӯз дар замони шуравӣ ташаккул ёфта, пас аз Истиқлолияти давлатиро соҳиб шудани Тоҷикистон, сол ба сол суфтаю пухта ва мукаммалтар мешаванд. Ҳамаи ин заминаҳо дар ташаккули шахсияти Пешвои миллат ҳамчун як феномени нотак-рори таърихи муосири Тоҷикистон нақши муассир гузоштаанд.
 
Ширин ИСМАТУЛЛОЗОДА, 
доктори илмҳои филология, 
устоди ДМТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2022    №: 22    Мутолиа карданд: 899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед