logo

фарҳанг

МУСИҚӢ МОРО КУҶОҲО МЕБАРАД?

 
НАХУСТСУХАН
Он кас, ки зи шаҳри ошноист,
Донад, ки матои мо куҷоист.
 
Ин мусиқиҳо, ки ба ном тоҷикиянду дар асл аз онҳо бӯи бегонагӣ меояд, намедонам моро ба чӣ дунёе мебарад. Оре, ҳарчанд мурод аз ин ҷузъи фарҳанг таҷаллии идеяҳост, маълум нест, ки тарғибгари чи идеяҳое мебошем: манфӣ ё мусбат.
Донандагон фармудаанд, ки бе мусиқӣ зиндагӣ як иштибоҳе хоҳад буд. Аммо муроди онҳо мусиқии зиндагисоз, парваришдиҳанда ва таҳрикдиҳанда ба хотири иҷрои мақсадҳои олӣ аст, на ин гуна мусиқиҳое, ки мо дорем.
Ба тадриҷ дар ин маврид низ аз асл канда ва дур мешавем. Мусиқии мо ниёз ба як таҳаввулоти ҷиддӣ дорад ва нахуст бояд барои он бо дилсӯзӣ, дониши мукаммал, истеъдоду маҳорат андешид. Он гоҳ рӯ ба тадбири дуруст овардан мумкин аст.
Мо, воқеан, аз мусиқии аслӣ ва дарки он ба чандин сол пеш дур шуда будем. Дар дарсҳои суруд шеър азёд мекардем. Аз дарки мусиқӣ ва парвариши шунавоии мусиқӣ омӯзгорони ин фан худ оҷиз буданд. Алҳол низ вазъ дар ин соҳа рӯ ба беҳбудии ҷиддӣ наовардааст.
 
МУСИҚӢ ЭҲСОСУ НОЛА НЕСТ
Ба ҳар суруде, ки аксар овозхонҳои мо оҳанг мебанданд, аз доираи эҳсосу нола намебароянд. Ғановат дар онҳо ва гардишҳову лапишҳову авҷҳои мувофиқ қариб, ки дида намешаванд. Дар як доираи хурд қарор доранд.
Шунавандаи мо низ дар ҳамин сатҳ ба воя расидааст ва дигар хубро аз бад, сараро аз нақд шинохта наметавонад. Мусиқӣ ва сурудеро хоҳонанд, ки ё онҳоро ба риққат биёранд ва ё ба рақс, рақси бе худ шуданҳо ё худ аз худ рафтанҳо. Дар ин ҳол доду фарёдашон низ ба таҳсини ин гуна мусиқиҳо ва  сарояндагонашон мебошад.
Пештар ин гуна мусиқиҳо, сурудҳо барои тую сур эҷод мешуданд ва дар ин маҳдудият имкони роҳ ёфтан ба саҳнаҳои бузургро пайдо намекарданд. Ҳолиё ин сад аз миён бардошта шудааст ва, албатта, ба нафъи соҳа ва мардум нест. Завқҳоро коҳиш медиҳанд, паст мефароранд.
 
МАТНИ СУРУДҲО ҶАВОБГӮЙ НЕСТ
Гуфтаи Сайидои Насафӣ агарчи ба садсолаҳо пеш барои мардуми даври худ буд, аммо имрӯзӣ мебошад, моҳияти худро гум накардааст:
Имрӯз қадри нуктаи мавзун намондааст,
Инсоф дар қаламрави гардун намондааст.
Дар қаламрави гардун мондааст, дар мо намондааст, дар соҳаи мусиқӣ, албатта. Сатҳи интихоби матнҳо бениҳоят поён рафтааст. Ҳар нафаре ҳам, ки аз илми шеъру суруд ва эҷоди он ба тариқи ҳирфавӣ ошно нест, барои овозхонҳо матн менависад ва ё интихоб менамояд. Баъзе аз овозхонҳо ин гуна матнҳоро худ эҷод мекунанд ва бо ифтихор эълон медоранд, ки оҳанг низ аз худашон ҳасту шеър низ.
Ё намедонанд ва ё донистан намехоҳанд, ки шеър аз суруд ба куллӣ фарқ дорад. Дар ин маврид овозхонҳои шуҳратдори мо низ тафовутро дарнаёфтаанд. Ба шеърҳои шуарои классикамон оҳанг бастаанд, ки бо ҳам мутобиқат намекунанд. Баъзе аз ин овозхонҳо ба маъниҳои сурудҳои эҷодкардаашон худ сарфаҳм намераванд.
Мақсад чӣ аст? Кас дар шинохту баҳои он раҳгум мезанад. Аз таҷаллии идеяҳо алҳол сухан гуфтан дар ин маврид бисёр барвақт аст. Онҳо,  мепиндорам, маҳбубият, шуҳрат мехоҳанд ва сазовор гардидан ба унвонҳоро доранд. Шуҳрату маҳбубият дар навбати худ ба онҳо пас аз иҷрои барномаҳо маблағ меорад. Қимати баромаду ҳунарнамоияшонро дар тую сур меафзояд. Ба ин ҳол ва мақсад ба пешрафти мусиқии миллӣ ноил гардидан мумкин аст? Маҳол аст, ки посух мусбат бошад.
 
ШУРОИ БАДЕӢ?
Мепиндоред ин шуро барои интихоби мусиқиву матни сурудҳо кори некеро анҷом дода метавонанд? Ҳаргиз! Хотирбинӣ, ҳушдордиҳӣ, маҳалгароӣ ва ғайраву ғайра ҳамаи умедҳои некро барбод медиҳад. Манфиатҳо намегузоранд, ки ҳақиқат рӯи об барояд ва ё барои ҳақиқату пирӯзии он саъю талош кард. Ҳолиё аз таҷриба мегӯям. Ба яке аз ин гуна шуроҳо маро низ чун ташхисгар даъват карданд, ҳарчанд онро на танҳо хостор будам, балки дар оғоз напазируфтам. Аммо таъкид шуд, ки роҳбари аввали ниҳод дар ин маврид бисёр хоҳиш кардааст, то ширкат варзам. Пиндоштам, ки баёни сухани ҳақ ва гирифтани мавқеи дуруст ба нафъи ниҳод ва соҳа мешавад. Афсӯс, на чунон шуд, ки тасаввур мекардам.
Бо шунидани ҳар суруд фикру андешаҳоямро дар бораи матн, ғалатҳои он, мувофиқат накардан ба оҳанг, нодуруст гузоштани задаҳои мантиқӣ баён доштам. Хушбахтона, номи муаллифони матн ва оҳангро ба хотири шаффофият нанавишта буданд. Маломати овозхонҳо бароям он қадар муҳим набуд, аммо аз шоирон суханҳое шунидам, ки ба гуфтан рост намеояд. Онҳое, ки андак эҳтиромам мегузоштанд, танҳо гила карданд. Барои шод намудани хотирашон ин узрро овардам, ки намедонистам шеърҳо эҷоди шумост.
Аз масъулини шурои бадеӣ пурсидам, ки  иштироку баромадҳо ҳавасманд гардонда мешаванд. Посух доданд, ки барои ин пул ҷудо нашудааст. Ба худ гуфтам, ки пештар изҳор медоштанд: «Пул додаму дарди сар харидам», аммо ман ҳолиё ин дарди сарро бепул пазируфтам.
 
ТАҚЛИД, ПАЙРАВӢ ВА Ё  ЭҲЁИ МАКТАБ?
Агарчи дигар ҷойи тааҷҷуб ва нигаронӣ намондааст, ки тақлид, пайравӣ ва ҳам эҳёи мактабҳои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Хуб аст ё бад, мутахассисони ҳирфавӣ бояд дар ин хусус изҳори назару андеша намоянд. Ба андешаи ин ҷониб, пойбандӣ то ба кадом замоне хосу хуб аст, на барои умре. Намедонам, чаро ба овозхонҳое тақлид мешавад, ки онҳоро қариб ҳамаи дунё мешиносанд. Тақлидҳову пайравиҳо дар пояи онҳо нестанд, на аз нигоҳи иҷро ва на навозиш. Имрӯз, бо пешрафти техникаву технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар чанд сония дастрасӣ барои дидану шунидани он овозхонҳои машҳуру маҳбуб вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарурат ба тақлидашон, фикр мекунам, ки нест. Ва ҳам ин дар рушди мусиқии миллӣ таъсири нек гузошта наметавонад. Бархе ба пуррагӣ сурудҳои овозхонҳои машҳуру маҳбубамонро қариб ба пуррагӣ месароянд. Ин дар ҳолест, ки ба панҷоҳ дарсади иҷрои онҳо расидагӣ карда наметавонанд. Агар мактаби худро ба вуҷуд меоварданд ва ё ба иҷрои чанд суруд муваффақияту маҳбубият меёфтанд, беҳтар буд.
 
ДУЗДӢ Ё НУСХАБАРДОРӢ?
Баъзе аз оҳангҳоро низ медуздидаанд. Ба ҳангоми андак тағйирот низ онро чун мол ё худ оҳанги худ муаррифӣ мекунанд. Дарки ин маънӣ ва масъалаи ҷиддӣ бештар мутахассисони асилу ҳирфавиро даст медиҳад, аммо бо масали «хомӯшӣ тиллост» дар каноре истода, овоз равшан намекунанд. Ё шояд дар дил тарс доранд, ки пешомад ногувор хоҳад шуд? Пас, кӣ дар ин бора бояд лаб во бикунад ва ҳақиқатро бепарда бигӯяд.
Як овозхони машҳури кишвари хориҷӣ ба тариқи шабакаи интернет ин гуна дуздии овозхонҳои моро ошкор сохту эълон намуд. Ӯ бо ин даъво мехост, ки номи муаллифи оҳангу матни сурудро бар забон бигиранд.
 
ОХИРСУХАН
Бешак, завқи мардуми мо бо чунин мусиқӣ ва матнҳо паст, балки бисёр паст рафтааст. Ислоҳи кор бениҳоят душвор мебошад, вале ҳеҷ гоҳ ноумед намешавем.
Нигаронии ин ҷониб аз раванди номатлуби ҷаҳонишавӣ аст. Аз он ҳатто миллатҳои бузурги мутамаддину эътирофшудаи ҷаҳонӣ дар соҳаи мусиқии миллӣ ва касбӣ меандешанд ва дар пайи тадбири дурустанд. Мо чӣ? Ва ҳолиё дар кишварҳои мутамаддин чӣ гуна сурудҳои миллии ҷавобгӯи талаботи ин сатҳро пешкаш карда метавонем? Боз ҳам такя ба сурудҳои фолклорӣ мекунем ва ба он мадад меҷӯем? Ва ин ҳам дар асри XXI?
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2022    №: 22    Мутолиа карданд: 4211
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед