logo

иҷтимоиёт

2021 - СОЛИ ДАСТОВАРДҲОИ “ҶУМҲУРИЯТ”. НОМАИ ШОДБОШӢ АЗ ШАҲРИ САМАРҚАНД

 
Чанде пеш Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни навбатияшро ба хотири бозтоби хидматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷамъбаст кард.
Ин сеюмин озмун буд, ки нашрия дар соли 2021 роҳандозӣ намуд ва дар дутои он, хушбахтона, аз шаҳри Самарқанд омада иштирок доштам. Даъвати хушу ногаҳонии роҳбарияти рӯзнома аввал маро ба шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав овард, то ин маконҳои зеборо тамошо ва зодаи ин диёр устод Мирзо Турсунзодаро ёд оварем, ба хидматҳои эшон арҷ гузорем. Он замон авҷи латофату назокати фасли баҳор буд. Озмуни дигарӣ, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” ном дошт, моро ба зодгоҳи Сарвари кишвари тоҷикон – ноҳияи Данғара овард. Ин замон, аллакай, зимистон қариб буд ва ҳамчун рамзи дили поку осоиштагӣ дар рӯзи маросими ҷамъбаст вилояти Хатлонро барфи оҳарӣ пӯшид. 
Ёдовар шавам, ки рӯзнома дар давоми ҳафт соли охир ёздаҳ озмунро дар сатҳи ниҳоят баланд гузаронд ва онҳо ҳамчун падидаи нави ҳаёти фарҳангии кишвар дар таърихи матбуоти тоҷик сабт гардиданд. 
Ҷиҳати фарқкунанда ва ҷолиб он аст, ки “Ҷумҳурият” дар гузарондани озмунҳо бо роҳи маъмулӣ нарафт. Яъне, одатан ин гуна озмунҳо дар худи идораи ҷарида ҷамъбаст мешаванд ва натиҷаҳои он эълон мегарданд. Услубу тарзи нави роҳандозии ин гуна озмунҳо, фикр мекунам, дар таърихи матбуот, хусусан матбуоти тоҷик, қадамҳои нахустин бошад. “Ҷумҳурият” дар доираи озмунҳои худ рӯзнома ва муаллифони чеҳраҳои ошнои саҳифаҳои онро назди мардум мебарад, мардумро ба рӯзнома наздик мекунаду шумораи муштариёни онро бо ин роҳ зиёд мегардонад. Бале, бо ҳайаташ ва муаллифонеро, ки беҳтарин маҳсуб мешаванду аксарияти мардум эшонро боре ҳам рӯ ба рӯ надидаанд, назди халқ мебарад ва дидорбинию мулоқоти тарафайнро ташкил мекунад. Як навъ андеша байни хонандаю муаллифони рӯзномаро ба вуҷуд меорад, ҳам ёди гузаштаву тарҳрезии ояндаро мекунад.  Бо шахсиятҳои бузургу барӯманди ҷомеа, хусусан шахсиятҳои маъруфу хизматнишондодаи миллат моро ошно мегардонад. Ин амал беҳтарину мондагор буда, рӯзнома рисолати хешро дуруст шинохтааст ва маҳз он имрӯзро бо фардои халқу Ватани худ решапайванд ва ҳаммарому ҳамроз мекунад. Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки ҳайати пурмасъулияти рӯзнома баргузор мекунад, барои имрӯзу фардо маводи хубе медиҳад, андешаи худшиносӣ, масъулияти ватандӯстӣ, бунёдкориву созандагиро рушд мебахшад.
Дар озмуне, ки дар ноҳияи Данғара ҷамъбаст гардид, 300 мақола аз дохили ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҷаҳон ирсол гардида, зиёда аз 200-тои он дар саҳифаҳои рӯзнома ба чоп расидааст. Ин рақамҳои гӯё баёнгари дастовардҳои “Ҷумҳурият” ва, махсусан  аз  обрӯву нуфузи баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарчашма мегирад. Мақолаҳо аз давлатҳои дуру наздик воридшуда далели онанд, ки обрӯю эътибори Тоҷикистон кайҳо дар сатҳи байналхалқӣ афзуда, озмунҳои “Ҷумҳурият” низ байналмилалӣ гаштаанд.
Яке аз афзалиятҳои озмуни навбатӣ ин буд, ки рӯзнома маҳсули кори ширкаткунандагони озмунро дар шакли китоб таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” бо забонҳои тоҷикию русӣ чоп кард. Он 384 саҳифаро дар бар гирифта, ба тариқи рамзӣ 30 мақолаи беҳтарини озмуниро гулчин кардааст. 
Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми тоҷик умеди дар сулҳу субот зиндагӣ карданро аз даст дода, ба ҳар гӯшаву канори дунё муҳоҷир мешуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳо ба сифати фарзонафарзанди миллати куҳанбунёд чунин нобовариро дар дили мардум барҳам зад ва дар муддати кӯтоҳ ба мардум сулҳу оромӣ овард ва муваффақ гашт, ки якҷо бо хайрандешиву некназарӣ, азму ирода ва суботи ҷоннисоронаи мардуми кишвар дар ободию гулгулшукуфоии диёр муваффақ гардад.  
Аз натиҷаҳои озмуну матолиби ин китоб мутолиагар, хусусан ҷавонон, ба саволҳои зиёде ҷавоб пайдо мекунанд, аз роҳи душвор, вале пуршарафи тайкардаи давлат ва Сарвари хирадгустари онро бо чашми адабу сабақ мебинанду дарк мекунанд.
Ҳар озмуни “Ҷумҳурият” чандин ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад: ваҳдату худшиносӣ, қадршиносию эҳтироми бузургони миллат, сохтани таърихномаҳои навин, рушди сайёҳии дохилӣ, ошноии хориҷиён бо минтақаҳои тамошоии мамлакат ва, муҳимтар аз ҳама, пуштибонии амиқи сиёсати давлатӣ.
Бесабаб Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро “Модари матбуоти тоҷик” унвон надодааст. Зеро маҳз аз ҳамин даргоҳ адибону қаламкашони ҷомеасоз ва алломаҳои миллат сабзида, то ба умқи фарҳанги миллӣ реша давондаанд.
 
Амина ШАРОФИДДИНОВА, муҳаққиқ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2022    №: 23    Мутолиа карданд: 2733
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед