logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. ҲАМКОРИҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБӢ САМАРОВАР ХОҲАНД БУД

 
Имрӯзҳо дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони маҳбубамон мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад. Дар ин раванд, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону мамолики мухталиф, бахусус ҳамсоякишварҳо, вусъати тоза гирифтаанд. Дар ин росто, ҳамасола намояндагони кишварҳо бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамдигар, чун шарикони рушд  аз кишварҳои бародар дидан мекунанд.  
Аз ҷумла, чанде  пеш бо даъвати Ҳизби  Коммунистии Чин  аъзои ҲХДТ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ доштанд. Холиса Саидхонова, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Рӯшон, ки дар  ин ҳайат  буд, доир  ба  таассуроти худ аз  сафари мазкур чунин ибрози назар  намуд: 
- Аснои боздид  аз  шаҳрҳои  Гуанчжоу,  Чжухай ва Урумчӣ ҳайати  ҲХДТ  бо  роҳбарони  минтақавии  Ҳизби  Коммунистии Чин мулоқот анҷом дода, аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ дидан  намуд. Ҳамчунин, дар ин ҷо ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид, ки дар он намояндагони 27 давлати дунё иштирок намуда, масъалаҳои «Сиёсати  мазҳабию нажодии Хитой», «Тақвияти ваҳдат  ва ҳамраъйии гурӯҳҳои этникӣ», «Таҷрибаи музофоти мухтори Шинҷой-Уйғур» баррасӣ шуданд. 
Тули 9 рӯзи сафар, ки дар шаҳрҳои Гуанчжоу, Чжухай ва Урумчӣ анҷом додем, мо аз кӯчаву пасткӯча, хонаву хиёбонҳо, марказҳои савдо, идораву корхона ва ҷойҳои таърихию тамошобоб дидан кардем. Таассуроти аввалинам аз сафар ин аст, ки дар ин мамлакат волоияти қонун пурра таъмин шудааст. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо  ягон низомипӯш ба назар намерасад, вале тартибот ҷорист. Дар ягон ҷо боре ҳам барги рехтаи дарахт, пораи коғаз, пӯчоқи офтобпараст, пастмондаи ягон ғизо, дар маҷмуъ, ифлосӣ ё партовро  надидем. Баръакс, ҳама ҷо бо гулу буттаҳо, банерҳои зебо ва маводи  ороишӣ зебу зинат дода шудааст. Шаҳрҳо бисёр ороманд, не гапи баланд мешунавию не  садои мошинҳо ба гӯш мерасад. 
Мегӯянд, ки тозагии хона ё шаҳрро аз дарвозааш метавон муайян  кард. Дарвозаи ҳар  як шаҳр  ин фурудгоҳ аст.  Дар шаҳри Гуанчжоу, ки зиёда аз 14 миллион аҳолӣ дорад, мо боре садои баланду дағалро  нашунидем. Ҳама банди кор - аз пир то барно. Бо  ҳайрат аз Маша ном духтараки  чинӣ, ки моро ҳамроҳӣ мекард, пурсидам, ки «мардуми шаҳр куҷо бошанд, ки дар  кӯчаву хиёбонҳо  ягон кас наменамояд?»  Посух дод, ки ҳама банди коранд. Фақат пиронсолону нафақахӯрон аз кор фориғанд ва онҳо ҳам дар марказҳои махсус ҷамъ шуда, бо ҳам суҳбат ва  хушҳолӣ  мекунанд.
 
Мардуми Чин бисёр зебоипараст, гулпарвар, тозакор ва меҳнатдӯст ҳастанд. Як ваҷаб замини холиро надидем, ҳама ҷо гул, то ҳатто  дар девор низ гулдонҳо  монда,  гул  шинондаанд, ки ба шаҳр  ҳусни  тоза мебахшад. Иқтисодиёташон, асосан, аз корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва туризм  фоида  мегирад.
Аз шаҳри Гуанжоу ба шаҳри Урумчӣ  сафар намудем ва соати  8 бегоҳ моро аз фурудгоҳ  ба  тарабхона, ки дар дохили  бозори  марказии  Урумчӣ қарор дошт, ба нишасти фарҳангӣ даъват намуданд. Пеш аз оғози чорабинӣ аз тарафи мизбонон ба ҳар як иштирокчӣ даф, таблак ва якчанд асбоби дигари мусиқӣ доданд. Баъди чанд  лаҳза гурӯҳи мо ба рақсу бозӣ шуруъ кард. Дидем, ки оҳиста-оҳиста тамоми ҳозирини тарабхона ба базми мо ҳамроҳ шуданд.
Назарам ба як афғонбачае афтод, ки ашк дар чашмон ва бо овози  баланди шодиомез мегуфт: «Зинда бод Тоҷикистон! Зинда бод  Президенти Тоҷикистон! Мо мардуми афғон ҳамеша дар орзуи онем, ки  кай роҳбаре ба мисли Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат биёяду давлати  моро соҳибӣ кунад. Аҳсан  ба шумо,  мардуми тоҷик, ки миёни ин 27 давлат бо маданияту фарҳанги  воло ҳамаро дар ҳайрат гузоштед». 
Вақте ки чорабинӣ ба анҷом расид, моро дар як меҳмонхонаи  боҳашамат ҷо ба ҷо намуданд ва намояндагони мамлакатҳои гуногун  омада, ба либосҳои миллиамон таваҷҷуҳ мекарданд, бо мо акс  мегирифтанд. Тоқӣ ва муҳраҳое, ки ман доштам, барои ҳама  ҳайратовар буд. Мо мефаҳмондем, ки тоқӣ, муҳра, чорбанд ва либоси чакан ифтихори миллати тоҷик ҳастанд. 
Ҷавоне аз Непал наздам омада пурсид, ки шумо чӣ гуна миллатед? Ман бо ифтихор ҷавоб додам, ки тоҷикам ва Тоҷикистон Ватани  маҳбубамон аст. Он ҷавон дар бораи Тоҷикистон тасаввуроти кам дошт ва ҷавони дигаре, ки ҳамроҳи ӯ буд, дар бораи Тоҷикистон барояш маълумот дода, таъкид намуд, ки сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ - Эмомалӣ  Раҳмон  Президенти  инҳост. 
Мо, намояндагони Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони конфронсро  хотиррасон намудем, ки ҳар кас метавонад бо табиати зебою дилрабо, кӯҳҳои осмонбӯс ва фарҳангу маданияти волои мардуми мо аз наздик шинос шавад. 
Тоҷикистони азизамон, барҳақ, бо табиати нотакрору дилрабои худ биҳишти рӯйи Замин аст. Вале мо дар таъмини волоияти қонун ҳанӯз мушкилиҳо дорем. Тавре мушоҳида мекунем, дар ҷомеаамон ҳоло қонуншиканиҳо, балки ҷинояткориҳо ҷой доранд. Бинобар ин, зарур аст, ки рӯ ба тарбияи насли наврас, риояи расму оинҳои пешқадами ниёгон ва, албатта, қонунҳои кишвар орем, зеро танҳо дар фазои сулҳу иттиҳод, риояи қонунҳои навиштаву нонавишта, бо меҳнати фидокорона ва созандагиву ободкориҳо метавонем, кишвари азизамонро намунаи   мамолики дунё гардонем.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2022    №: 23    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед