logo

фарҳанг

АЗ НИҲОНХОНАИ ШЕЪР ТО ОСТОНАИ ФУРӮҒ

 
Шоири ҷавон Родмеҳр Сулаймонӣ дар номинаи эҷоди назм ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид. Касби омӯзгориро пеша намудаву ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяду аз дунёи шеъру шоирӣ хуб огоҳ аст. Агарчи ашъораш тавассути китобҳои «Суқути сукут» ва «Чароғи дасти Худо» манзури дӯстдорони олами шеър гаштаанд, ӯро чун шоири сабзқалам ба шарофати ҳамин озмун шинохтем. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Родмеҳр дар атрофи шеър ва омодагӣ ба озмун буд, ки пешкаши хонанда мешавад.
- Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» минбаре гардид, ки шумо ва ҳам ҳунари шеъргӯйиву шеърхонии шуморо муаррифӣ намуд. Бигӯед, ки ғолиб омадан бароятон душвор набуд?
- Бо роҳнамоии устодон дар озмун ширкат варзидам. Агарчи озмун се сол боз баргузор мегардад, ман бори аввал ба майдон баромадам. Хушҳолам, ки заҳмати кашидаам бор овард. Ғолибият дар озмун подоши шабзиндадориву заҳматҳоям аст ва ман аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳз дар пайи ташаббуси маорифпарваронаи ӯ рӯйи кор омад, миннатпазирам. Бемуҳобот, озмун ҷомеаи моро дар ин сатм такони ҷиддӣ дод.
- Имсол шумораи иштирокчиёни озмун дар ҳамаи номинаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд ва рақобат шадидтар буд. Бовар доштед, ки аз миёни ҳарифон ғолибият насиби шумо мегардад? 
- Оре, рақобат шадид буд ва ман онро эҳсос намудам. Аз рӯйи мушоҳидаҳо аксари ширкаткунандагон аз шеър огаҳии хуб доштанд,  вале доварон онеро сазовори ҷойи аввал донистанд, ки назокати шеърро беҳтар медонист, ҳарфи наву тоза ва қалами равон дошт. Албатта, умед доштам ва барои умедро ба бовар табдил додан, талош кардам. Гоҳе изтироб ва гоҳе ҳаяҷон вуҷудамро фаро мегирифт, хушбахтона, сабқат ба пирӯзӣ анҷом ёфт.
- Иштирок ва ғолибият дар ин озмун ба фаъолияти рӯзмарраатон чӣ навгониҳо ворид сохт?
- Ба зиндагиам таҳаввули тоза овард. Пеш аз ҳама, масъулиятамро дар назди худам афзуд. Минбаъд бояд шеърҳои хуб бигӯям.
-Чӣ шуморо ба дунёи шеър пайваст ва раҳнамоятон дар ин ҷода кист?
- Ба дунёи пуршарафи шеър маро модарам пайваст. Ӯ сари гаҳвораам бароям азони шеър мехонд. Чакомахонӣ мекарду маро бо шеър мехобонд. Яъне, ин ҳама аз модарам оғоз ёфту минбаъд шакл гирифт, рушд кард ва ман имрӯз раҳнаварди олами шеър ҳастам. 
Тамоми бузургони адабро барои худ устод меҳисобам. 
- Ду китоби шумо рӯйи чоп омада, манзури ҳаводорони шеъру каломи манзум гардидаанд. Бароям интихоби номи ин китобҳо ҷолиб афтод... 
- “Суқут» ба маънии афтодан ва «сукут» хомӯшист, ба ҳамин содагӣ афтодани хомӯшист, яъне дигар мисли пиллае дар худ наметанам ва берун меоям аз кураи хомӯшӣ ва ба зиндагии парвонагӣ одат мекунам. Ин ном баргирифта аз як шеър аст:
Сукутам дар сароҳои суқут аст...
«Чароғи дасти Худо» киноя аз Маҳтоб аст:
Миёни сужаи сармасти мо буд 
Чароғи рӯшани дасти Худованд.
Ин ду маҷмуа маҳсули офаридаҳои се соли охир аст. Барои интишори китоби аввал худам кӯшиш кардам. «Чароғи дасти Худо» - ро бахши суғдии Иттифоқи нависандагон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо теъдоди 300 нусха дар нашриёти «Хуросон» бо пешгуфтори шоир Гулноз Тоҳириён чоп карданд.
- Аз назари шумо шеър гуфтан, яъне чӣ?
- Шеър паём аст ва бояд дорои фарри ҳумоӣ бошад. 
Рисолати ҳар шоир офаридани ашъори баланд аст. Ҷаҳд мекунам шеъре бигӯям, ки ҳазорсолаҳо бимонад ва қурби худро мисли паёмҳои Рӯдакӣ, Мавлоною Ҳофиз, Фирдавсию Саъдӣ ва ҳамаи онҳое, ки шеърро барои мо зиндагӣ карданд, нигоҳ доранд. Орзу дорам, ки шеъри муосири тоҷик тозагиҳои фавқулода, тобишҳои маъноии гуногун ва аз ҷиҳати ҳунар, дарунмояву барҷаста бошад.
- Ҳамчун иштирокчии ҷавон ва ғолиби озмун ба нафароне, ки мехоҳанд оянда дар ин сабқати маънавӣ ширкат намоянд, чӣ тавсия медиҳед?
- Пайваста биомӯзанд, дониши худро сайқал бидиҳанд, мубориз бошанд ва ҳеҷ гоҳ руҳафтода нагарданд. Назди худ ҳадаф бигзоранд ва барои расидан ба он талош намоянд. 
Шеърро шоири пурдон зебо меофараду, насрро носири доно. Манзурам ин аст: ягона омиле, ки дар ҳама самт моро ба ҳадаф мерасонад, ин дониш аст, ки  танҳо тавассути мутолиа метавон онро соҳиб шуд. 
Барои донишандӯзии ҷавонон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит фароҳам гардидааст. Ҳатто Озмуни  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ ба ҳамин хотир роҳандозӣ шуда. Танҳо зарур аст аз ин ҳама шароиту имкониятҳои мавҷуда дуруст ва муфид истифода барем. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2022    №: 23    Мутолиа карданд: 1859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед