logo

маориф

ЯЗГУЛОМ. МАКТАБИ НАВ ДАР ШАФАТИ ШОҲРОҲ

Соли 2022 боз як мушкилоти  сокинони деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳал гардид. Барои хонандагони хурдсоли деҳаи навбунёди Дашти Язгулом дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Кулма бинои  ҳозиразамони  мактаби ибтидоӣ сохта шуд.  
 
Вазорати маориф ва илми кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба ҷо оварда, баҳри донишомӯзии хонандагон, насли ояндасози ҷомеа шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтарро  фароҳам оварда истодаанд. Тайи 30 соли Истиқлоли кишвар дар деҳаҳои баландкӯҳи деҳоти Ванҷи Боло, Язгулом, даҳҳо иншооти самти саноатӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла таълимгоҳҳо, хонаҳои фарҳанг, марказҳои саломатӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода додаанд. 
Дар ҳамдастӣ бо Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба деҳаи Дашти Язгулом аз дарёчаи Мотравноб дар масофаи 7 километр  хатти обгузар сохтанд.  Дар мадди аввал бештар аз 60 гектар замини бекорхобида ба киштзор ва боғот табдил дода шуд. Бо сохта шудани хатти баландшиддати барқи Шидз – Деҳ – Шпад – Язгулом - Даштак  хонаи деҳнишинони Дашти Язгулом чароғон гардид. Аммо яке аз мушкилоти дигари сокинон он буд, ки фарзандони хурдсолашон ҳамарӯза роҳи дарозро тай карда, барои таҳсил ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Мотравн мерафтанд. Дар ин рӯзҳо ин мушкилот аз миён бардошта шуд. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми  кишвар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ, инчунин шарикони рушд ба маблағи бештар аз 600 ҳазор сомонӣ бинои нави мактаби ибтидоӣ қад кашид. Дар бунёди он коргарони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ва маҷмааи  минтақавии энергетикии ноҳия ва чанде аз соҳибкорони маҳаллӣ  низ иштирок карданд. Коргарони роҳсоз тариқи техникаи фронталӣ ва автогрейдер макони сохтмонро тахту ҳамвор карданд. Ширкати «Помирэнерҷӣ» хатти барқ кашид.
Соли таҳсили 2022-2023 мактаби ибтидоии  деҳаи навбунёди  Дашти Язгулом ба муассисаи таҳсилоти асосӣ табдил дода мешавад.                                                   
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2022    №: 23    Мутолиа карданд: 5120
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед