logo

иҷтимоиёт

ВОКУНИШ БА МАВОДИ «ДУШАНБЕ-ХОРУҒ. ДУ БАРДОШТ АЗ ЯК САФАР»

 
Маъмурияти ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон»  ба маълумоти шумо мерасонад, ки маводи «Душанбе-Хоруғ Ду бардошт аз як сафар», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти № 14 (24 373) аз 19  январи соли 2022 рӯйи чоп омадааст, дар байни коллективи кормандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ба маълумоти шумо  мерасонем, ки бинобар баланд шудани нархи сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва дигар хароҷот ронандагон маҷбуранд, то пур намудани ҷойи нишасти воситаи нақлиёташон ба сафар набароянд. 
Инчунин, оид ба бе навбат ба сафар баромадани ронандагон ёдрас мешавем, ки ҳоло ронандагон муваққатан бе навбат мусофир гирифта, ба сафар мебароянд. Зеро, як муддат дар терминал ҳамин пешниҳоди шумо ҷорӣ шуда буд, вале баҳсҳо аз тарафи мусофирон бисёр шуд. Яъне,  мусофирон худашон воситаи нақлиётро бо баҳонаи хеш будани ронанда ва ё бароҳат будани воситаи нақлиёт,  интихоб мекарданд. 
Аз ҷониби мусофирон ҳамин гуна норозигиҳо нисбат ба бо навбат равона шудани воситаҳои нақлиёти мусофирбар зиёд буд. Ҳоло дар хусуси ин  пешниҳод дар терминал тадбирҳо андешида шуда, дар ин самт корҳо пурзӯр мегарданд. 
Қобили зикр аст, ки воситаҳои нақлиёт зери назорати доимии роҳбарияти ҷамъият қарор доранд.
 
Абдураҳмон ХИЗИРОВ,
директори ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2022    №: 23    Мутолиа карданд: 563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед