logo

сиёсат

МУСОҲИБАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВАО-и РАСМИИ ЧИН

(Синхуа, CCTV, China News Service, Женмин Жибао),  3 феврали соли 2022
– Шумо аз Бозиҳои олимпии дарпешистода чӣ интизориҳо доред ва оё, ба андешаи Шумо, ин чорабинии варзишӣ бомуваффақият анҷом хоҳад ёфт?
– Бозиҳои Олимпии зимистона дар Пекин, бешубҳа, на танҳо яке аз рӯйдодҳои калонмиқёсу беназири чор соли охир, балки падидаи таъсирбахши варзишии зимистона хоҳанд буд, ки таваҷҷуҳи тамоми қитъаҳои оламро ба намудҳои ин варзиш ҷалб менамоянд. Хосатан, аз он ҷиҳат, ки ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ аз нуқтаи назари омода сохтани иншооти варзишӣ, фароҳам овардани шароити маишӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ин чорабинии боҳашамати варзишӣ тамоми корҳоро анҷом додаанд.
 
– Пекин аввалин шаҳре мешавад, ки ҳам бозиҳои зимистона ва ҳам тобистонаи олимпиро қабул кардааст. Таассуроту хотироти Шумо аз пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин чӣ гунаанд? 
– Баргузор шудани бозиҳои тобистонаву зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин инъикоскунандаи он дастовардҳои муассирест, ки мардуми Чин  то имрӯз ноил гардидааст ва боз як намунаи тавоноии ҳамсояи бузурги мо мебошад. Ин гуфтаҳо ба муваффақиятҳои олии варзишии варзишгарони чинӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ низ дахл дорад.
Ман иштироки худро дар маросими кушодашавии XXIX Бозиҳои тобистонаи олимпӣ  дар Пекин соли 2008 ва фазои идонаи умумӣ, ки он рӯзҳо пойтахти олимпиро фаро гирифта буд, бо шавқу завқи хоса ба ёд меорам. Онҳо дар ман таассуроти амиқ гузоштаанд.  
Ба сифати роҳбари Тоҷикистон, ман бори аввал ба Пекин моҳи марти соли 1993 ташриф оварда будам. Шуруъ аз он давра чандин бори дигар аз пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан кардаам ва ҳар дафъа аз дигаргуниҳои тааҷҷубовари симои ин шаҳр, ки дар он иншооти муҳташами қадимӣ ва биноҳои осмонраси дорои услуби муосири меъморӣ ба ҳам омадаанд, ба ҳаяҷон меоям.
Дастовардҳо дар самти рушди Пекин ба сифати мегаполис, бе муболиға, таассуроти амиқ мегузоранд ва мо медонем, ки онҳо самараи заҳмати беандозаи тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти кишвар ҷиҳати татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатие мебошанд, ки ба ислоҳоту навсозӣ равона шудаанд. Ман хеле шодам, ки бори дигар дар пойтахти зебоманзари Чин бо даъвати дӯсти худ ҷаноби Си Ҷинпин қарор дорам.   
 
– Имсол Чину Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Шумо имрӯз ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Тули се даҳсолаи гузашта, ба шарофати саъй ва талошҳои муштарак, муносибатҳои Тоҷикистону Чин бовусъат рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баромадаанд. Дар ин давра мо тавонистем, ки масъалаҳои миқёсан муҳимро ҳал намоем ва ба баланд бардоштани сифати ҳамкориҳои дуҷониба ноил гардем.
Байни кишварҳои мо муколамаи мунтазами эътимодбахши сиёсӣ, ки самтҳо ва ҷараёни рушди маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Чинро муайян мекунад, роҳандозӣ гардидааст.
Дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузории муносибатҳои мо нишондиҳандаҳои баланд ба даст омаданд. Як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ дар чунин соҳаҳои стратегӣ, ба монанди нақлиёт, энергетика ва саноат, муштаракан ба татбиқ расидаанд. Имрӯз Чин яке аз шарикони пешсафи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Дар муносибатҳои мо масъалаҳои пешбурди равобити фарҳангиву гуманитарӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар зимн, ба рушди робитаҳои маърифатӣ ва тамосҳои фарҳангӣ, ки омили муҳими ба ҳам наздик шудани мардумони мо мебошанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ҷиҳати бунёди камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим дастгирӣ намуд. Барои ҳамкориҳои зичи кишварҳои мо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дурнамои васеъ вуҷуд дорад. Мо иқтидори густурдаро дар ташаббуси нави Чин оид ба рушди глобалӣ низ мебинем. Тамосҳо миёни шаҳрҳову минтақаҳо ва муассисаҳои таълимиву илмӣ низ тақвияту тавсеа меёбанд.
Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки дар даҳсолаи чоруми фарорасидаи муносиботи байнидавлатӣ, шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо Чин густариш бахшида, онро бо муҳтавои нав ва корҳои назарраси амалӣ дар ростои манфиатҳои мардумонамон ғанӣ гардонад.
 
– Шумо муносибатҳои шахсиатонро бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин чӣ гуна тавсиф медиҳед?
– Миёни ман ва дӯстам ҷаноби Си Ҷинпин муносибатҳои дӯстона, самимӣ, ошкоро ва эътимоднок барқарор шудаанд.  Мо байни ҳам муоширати созанда ва муколамаи мунтазами кориро, ки ба таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Чин равона шудаанд, барпо кардаем.
Мо ҳамеша ба таври шаффоф масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Дар интиҳо, аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати иди зебои Баҳор, Соли нави анъанавии чинӣ табрик намуда, ба мардуми дӯсти Чин некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда, ба Пекин бошад, ҷиҳати доир намудани Бозиҳои зимистонии олимпӣ муваффақиятҳои беназир орзу намоям.  
Ташаккур барои суҳбат.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2022    №: 24    Мутолиа карданд: 1374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед