logo

сиёсат

ТУҲМАТ АСЛИҲАИ ЗАИФОН АСТ. ПОСУХ БА АНДРЕЙ СЕРЕНКО, КИ НАВИШТАҲОЯШ ДАР БАДАХШОН ИҒВОГАРӢ МЕАНГЕЗАД

Вақтҳои охир дар як қатор расонаҳои алоҳидаи Россия ва Аврупо, ки дар доираҳои маъруф «матбуоти ҳангомасоз» номида мешаванд, дар бораи ҳаводиси Хоруғ туҳмат ва гоҳе сафсатаҳои ошкоро нашр мекунанду байни мардум тухми иғвою воҳима мекоранд. Ин тааҷҷубовар нест, зеро афроде, ки худро узви ба истилоҳ «мухолифин» медонанд, ба рушди устувор ва суботи Тоҷикистон манфиатдор нестанд. 
 
 
Ман, як шаҳрванди Тоҷикистон, шахси хеле дур аз сиёсат ҳастам, вале аз матлабе, ки 11 январи соли ҷорӣ дар шабакаи «Телеграмм Канал»-и Андрей Серенко нашр шуда буд, нороҳат гаштам: «Дар Помири Тоҷикистон ба назар чунин мерасад, ки иғво омода мешавад. Бо «изи афғонӣ» ва бо назардошти сенарияи Қазоқистон. Помирро саркӯб мекунанд...» 
Ёдамон бошад, маҳз ҳамин ба ном коршинос, қаблан низ ин гуна “пешгӯӣ” нисбат  ба  Тоҷикистон  дошт.  Аммо  ҳеч кадоми онҳо на танҳо воқеъ  нашуданд, балки баъдан муаллиф аз навиштаҳояш шарм дошта, бархе аз онҳоро ноаён аз саҳифаҳояш тоза кард. Ба ин маънӣ, ба назар мерасад, ки Серенко хеле ҳавасманд ва ҷонибдори ка¬дом як нооромии тахайюлӣ дар Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ба ҳар василае, ки бошад, ин ақидаву мавқеъгирияшро дар пасманзари хиёнатҳои мухолифини фирорӣ рӯйи саҳифа меорад. Маълум, ки бо ҳамон ба ном мухолифон пайвандиҳое дорад, балки асбоби бозии онҳост. Ин ки навиштаашро аввалин шуда, маҳз сомонаи наҳзатиҳо бознашр кардаву таблиғ ва хушҳолӣ мекунад, далели дигар аз пайвандии онҳост. 
Ин иғвобарангезӣ, ки маълум аст, худ ба худ пайдо нашуда, балки фармоишгаронеро дорад, дар қатори дигар дӯстон маро низ бетараф нагузошт. Аз ин лиҳоз, ба иғвои ошкори ӯ бо чанд ҷумла посух мегӯям. 
Ҷасорат ва виҷдони пок аз ҷумлаи принсипҳое ҳастанд, ки журналистикаи муосир бояд онҳоро риоя кунад, аммо, мутаассифона, ин ба Серенко рабт надорад. Зеро, аз таҳлили навиштааш бармеояд, ки ӯ на журналист аст, на коршинос, балки иғвогаре беш нест. Овозаҳо дар атрофи “сарварони (лидерҳо)-и ғайрирасмии Бадахшон», ки тақрибан 20 сол қабл пойгоҳи наркобаронҳои рус буданд, боз аз нав баланд гардиданд. Серенко қотеона иддао дорад, ки анқариб ин сарваронро саркӯб мекунанд. Дар идома, ӯ аз раҳбарони ғайрирасмии маҳаллӣ ва собиқ қумандонҳои саҳроӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Толиб Айёмбеков ва дигарон ном бурдааст, ки гӯё ҳадафи кадом як амалиёти номаълум қарор гирифтаанд. 
Аммо муҳимтарин чизе ки ӯ ишора кардааст, таҳти нуфузи Россия будани Бадахшон аст. Дарвоқеъ, ин бори аввал нест, ки вай ҳамин иддаоро дорад. Охирҳои моҳи декабри соли сипаригардида низ вай ҳамин иддаоро дошт: 
«Бо ризоияти Москва гурӯҳҳои сиёсии Россиягаро дар Помир тоза карда мешавад, то ниҳоят ин минтақаро ба Чин таслим кунанд». Ӯ бо такя ба манбаи номаълум иддао кардааст, ки Москва дар чунин вазъияти нозук иҷоза намедиҳад ва аз тарафдорони помирии худ, ки ҳоло дар Осиёи Марказӣ камшумор ҳастанд, ҳимоят мекунад. 
Яъне, мантиқан Серенко ба василаи ин навиштааш мехоҳад ҳам дар Бадахшон иғвоеро роҳандозӣ намояд, ҳам байни Душанбеву Москва мухолифатеро нишон диҳад. 
Зимнан,  бархе  афроди  дар боло зикршуда қаблан дар сохторҳои қудратӣ кор мекарданд, вале барои ҷиноятҳои мушаххас, аз ҷумла қатли генерали КДАМ ва нигоҳдории силоҳ боздошт шуда буданд. Аммо чанде қабл яке аз онҳо Мамадбоқир Мамадбоқиров ба ҷойи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мардумро ба мухолифат бар зидди Ҳукумати марказӣ даъват кард. Шояд вай худро аз ҷумлаи мухолифони оштинопазир медонад ва мардумро ба исён даъват мекунад. Соли 2018 дар Россия 1200 нафар бо ҷурми ҳамла ба афсарони интизомӣ маҳкум шудааст. Соли гузашта Навалний, ки аз ҷумлаи мухолифони ашаддии Владимир Путин аст, маҳз бо ҷурми ошкор кардани камбудиҳои ҳукумат равонаи зиндон шуд. Мақомдорони Москва далелҳое пеш меоварданд, ки ҳамаи ҳабсшудагон ба ҳукумати Путин хатар доранду дар Россия нооромӣ мехоҳанд. Аз ин дидгоҳ, агар дар мисоли Тоҷикистон бинем, чаро гунаҳкорони ҷиноятҳои вазнин ва онҳое, ки ба вожгун сохтани Ҳукумат даъват мекунанд, номумкин бошад? 
Чанде пеш шоир ва нависанда, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар як навиштааш, ки аз ҷониби мардум ҳамовозӣ пайдо кард, аз сокинони ВМКБ даъват намуд, ки бо мақомот ҳамкории зич ба роҳ монда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат кунанд. Номбурда менависад: «Боре аз раиси суди вилоят (ё шояд прокурор буд) Иванов суол кардам, ки хулосаи коратон дар Хоруғ чист? Ҷавоб дод, ки «О какой работе ты говоришь? В Хороге кругом одни питиши. Тут некого ловить» (Дар бораи кадом кор ҳарф мезанӣ? Дар Хоруғ ҳама питиши (амакбача, холабача) якдигаранд. Ин ҷо касеро дастгир кардан мумкин нест)». 
Бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ акнун имкони халос шудан аз ҳама гуна ба ном лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат низ талош дорад, ки ба мавҷудияти ин гурӯҳҳо нуқта гузорад, зеро онҳо муттасил бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии мардум халал мерасонанд. Низоъҳоеро, ки онҳо дар ҷомеа меандозанд, боиси хушнудии бадхоҳони миллат ва давлат, онҳое мегардад, ки Тоҷикистонро дар солҳои 90-ум ба коми оташи ҷанг тела дода буданд. Шоир таъкид намуд, ки имрӯз дасти Ҳукумат ба тамоми соҳаҳо мерасад ва он қодир аст, ки амнияти шаҳрвандонро дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳимоят намояд. 
Ҳоло аз дур истодаву бе он ки вазъиятро дарк кунад, ким-кадом як Серенко ҳукм мебарорад ва мардумро ба иғво ташвиқ мекунад, ки қобили пазириш нест. Онҳое, ки дар Тоҷикистон, дар Бадахшон  ис-тода, вазъро тасвир мекунанд, медонанд: кӣ ҳақ аст ва кӣ ноҳақ. 
Ман зид нестам, ки Серенко ё иғвогароне мисли ӯ аз вазъи Тоҷикистон менависанд. Аммо, вақти он расидааст, ки ӯ фарқ кардани сиёҳро аз сафед омӯзад. 
«Туҳмат даҳшатнок аст, онро ду нафар амалӣ мекунад: касе, ки туҳмат паҳн мекунад ва касе, ки ба он бовар мекунад». Бо ин суханони «падари таърих» Ҳеродот мехоҳам бори дигар ба ёд оварем, ки бо эҳсосоти халқ бозӣ кардан то чи андоза хавфнок аст. 
Умедворам, ҳамватанонам – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бисёре аз онҳоро мешиносам ва суҳбатҳое доштам, ба иғвоҳои фитнагароне чун Серенко дода намешаванд. 
 
Фарҳод КАМОЛОВ, муҳоҷири меҳнатӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2022    №: 24    Мутолиа карданд: 1218
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед