logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ҶИНПИН

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.
 
Дар он маҷмуи васеи масоили ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ифтихори баргузории чорабинии бошукӯҳи варзишӣ ва фарорасии иди Баҳор ва Соли нави анъанавии мардуми Чин шодбош гуфтанд.
Бо ёдоварӣ  аз  таърихи 30-солаи муносибатҳои дипломатии кишварҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва боварию эътимоди мутақобилаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат, муҳокима гардид.
Барои воридоти технологияи нав ва дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои густариши муносибатҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳоро дар бахши нақлиёт ва логистикаро матраҳ намуданд.
Таъкид гашт, ки мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Чин оид ба ҷалби сармоя, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби иқдоми “Як камарбанд – як роҳ” ва таҳияи лоиҳаҳои нави саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ метавонанд аз омилҳои муҳими пешбарандаи муносибатҳои судманди ду кишвар бошанд.
Густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ аз самтҳои дигари муҳими шарикии ду кишвар маънидод гардид.
Ба ҷониби Чин барои расондани кумаки моддӣ дар шакли вояҳои зидди коронавирус дар давраи пандемияи COVID – 19  изҳори сипос шуд.
Мусоҳибон, зимни баррасии мавзуи амниятӣ, ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо ба ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус доданд.
Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2022    №: 25 - 26    Мутолиа карданд: 3482
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед