logo

иҷтимоиёт

ХОРУҒ. ШАМЪИ ЗИНДАГИАФРӮЗРО ХОМӮШ НАКУНЕМ!!!

Вақте манзараҳои шаҳри Хоруғу деҳоти вилояти Бадахшони солҳои 90-уми асри гузашта пеши назар меоянд, танамро ларза мегирад ва беихтиёр аз дил мегузаронам: "Ба ин додагии Парвардигор, ба ин рӯзгор, ки дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ имрӯзҳо ба сар мебарем,  ҳамеша бояд шукрона кунем ва даст ба дуо бардорем, ки дигар он рӯзҳоро Худо насиби мо – тоҷикон, накунад". 
Ман дар ҳукумати вилоят кор мекардам. Ҳамон вақт бар замми нодориву нофаҳмиҳо мардумро  зимистони қаҳратуни  кӯҳистон азият медод. Чун буғхонаҳо аз кор монда буданд, сокинони шаҳри Хоруғ манзили зисташонро бо асбобҳои барқӣ гарм мекарданд.  Ва табиист, ки  қувваи барқ кифоят  намекард. Бинобар ин,  бисёре аз бошандагон дар хонаҳои бисёрошёна аз печкаҳое, ки маводи сӯхташон  ҳезум буд, истифода мекарданд. Вале дар чунин вазъи ногувор мардумамон инсонгариро аз даст надоданд, як бурда нонро, агар пайдо мешуд, бо ҳам медиданд. Оҳиста-оҳиста бо мушкилот он рӯзҳо паси сар мешуданд. Охирҳои соли 1992 буду чашми умеди ҳама ба маркази ҷумҳурӣ нигарон. Дар Душанбе бошад, зуд-зуд иҷлосияҳои Шурои Олӣ баргузор мегардиданд, вале вазъ ҳеҷ беҳбудӣ намеёфт. Ҷануби кишварро  ҷанги бародаркуш фаро гирифта, шуълаи он торафт ба вилояти мо ҳам наздик меомад. Вобаста ба вазъияти ноороми маркази ҷумҳурӣ, бо мақсади таъмини бехатарии намояндагони мардумӣ, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи  XVI  Шурои  Олии  Тоҷикистон баргузор  шуд, ки он дар таърихи кишвар чун Иҷлосияи тақдирсоз сабт гардид. Зеро дар он ба бахти  мардуми азиятдидаи тоҷик  арбоби  шоистаи  сиёсати  даврон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуданд. Маҳз бо дастури Сарвари тозаинтихоби  кишвар ворид гардидани нахустин корвони озуқаворӣ аз маркази ҷумҳурӣ ва пайдо шудани дуконҳои аввалини фурӯши мол дар шаҳру деҳоти Бадахшон дар дили мардуми ин минтақаи баландкӯҳи кишвар умед ба ояндаро аз нав эҳё менамуданд. Ва соли 1993 сохтмони батаъхирафтодаи Неругоҳи барқи обии “Помир – 1”  аз нав авҷ гирифт, ки ин рӯйдоди таърихии вилоят дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро барқ дар хонадони кӯҳистон ҳам равшанӣ, ҳам гармӣ ва ҳам шиками сери ӯ буд.
Маҳмаднасим Гавҳаров, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, собиқ раиси ноҳияи Шуғнон, зикр кард, ки ниёзмандии зиёди сокинони вилоят ба барқро ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар ба   суръатбахшии корҳои сохтмонӣ дар НБО “Помир – 1” афзалият дода, ҳамаҷониба бунёди иншоотро дастгирӣ кард. Таваҷҷуҳи роҳбарияти вилояту ноҳия ҳам он шабу рӯз ба ин иншоот нигаронда шуда буд. Аввалҳои соли 1994 мутахассисони маҳаллӣ ба хулосае омаданд, ки имсол метавон ду дастгоҳи аввали неругоҳро ба истифода дод. Аз ин лиҳоз онҳо пешниҳод карданд, ки  кор дар иншоот дар се бахш ҷорӣ шавад. Сарфи назар аз мушкилоти молиявии мамлакат, бо дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори шабонарӯзӣ дар иншоот ҷорӣ гардид. Ниҳоят, санаи ба истифода додани ду агрегати НБО “Помир – 1” 18 марти соли 1994 муқаррар шуд. Ин дар таърихи ҷумҳурӣ воқеаи хеле муҳим маҳсуб меёфт, зеро ин объекти якумине буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт. 
16 марти соли 1994 раиси Шурои депутатҳои халқии вилоят Ғарибшо Шаҳбозов гуфт, ки дар  ифтитоҳи неругоҳ Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд. Ин хабар бароямон ногаҳонӣ буд. Зеро бо сабаби он ки марзи давлатӣ бо Афғонистон пурра  ҳифз намешуд, ҳамаи қумандонҳои саҳроии мухолифин дар ҳудуди вилоят буданд ва зиёда аз 60 ҳазор гуреза ба Бадахшон фирорӣ шудаанду касе шахсияти онҳоро  намедонист, аз  омадани  Сарвари давлат ба вилоят дар хавотир будем. Бо ҳамин ба хулосае омадем, ки дар ин масъала маротибаи дигар бо Раиси Шурои Олӣ маслиҳат карда шавад. Рӯзи дигар Ғарибшо Шаҳбозов хабар дод, ки дар ин бобат бо Раиси Шурои  Олӣ ҳамсуҳбат шудам, вале он  кас  дар ҷавоб гуфтанд, ки ман ҳаргиз аз ниятам бар нахоҳам гашт ва дар  ифтитоҳи  НБО шахсан ширкат меварзам. 
Субҳи 18 марти соли 1994 тақрибан 30 ҳазор нафар аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон дар назди  неругоҳи барқӣ, воқеъ дар деҳаи Танг,  ҷамъ омаданд. Ҳаво  абрнок  буд  ва  мо  бовар  намекардем, ки  дар  чунин   вазъи  ҳаво  Сарвари  давлат ба Бадахшон меоянд. Вале, тақрибан, соати 12:00 ду чархбол теппаи Барсемнезро паси сар карда, дар осмон намоён шуд. Мо гурӯҳи кориро бо сардории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи муваққатӣ пешвоз гирифта, ҷониби НБО “Помир – 1” раҳсипор гардидем. Дар назди бинои неругоҳ  Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анбуҳи одамони мунтазир гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Роҳбари давлат аз мошинаи  УАЗ – 469 баромадан замон, бо мӯйсафедон вохӯрда, сипас ба бинои неругоҳ ворид шуданд. Хурсандиву хушнудии мардум аз хоксориву риояи таомули тоҷикона, яъне эҳтиром гузоштан ба пирони солхӯрда ва падарону модарон, ҳадду канор надошт. 
“Замони пеш агар касе аз ягон идораи ҷумҳурӣ ба вилоят меомад, такаббураш аз амири Бухоро бештар буду ба назди мардуми одӣ ҳам намеомад. Ин ҷавон Сарвари як кишвар шуда, чунон хоксор аст, ки гӯё муаллими мактабамон бошад. Чеҳраи кушодаашро бинед, ки бо як дидан гӯё солҳо бо ҳам будаем, ки бе парда, ошкоро ва самимӣ сухан мекунад”, - байни ҳам мегуфтанд одамон.  
Баъди ба кор даровардани неругоҳ, Сарвари давлат дар назди мардуми ҷамъшуда  аз барқарорсозии хоҷагии халқи мамлакат, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркушӣ рӯ  ба  нестӣ оварда буд, муфассал  ибрози  назар  карда,  аз  нақшаҳои минбаъдаи роҳбарияти ҷумҳурӣ ҷиҳати аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ раҳоӣ бахшидани ҷомеа ва вазифаҳои  афзалиятноки Ҳукумат сухан ронданд. 
Сипас, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   бо собиқадорони меҳнат вохӯрда, чунин  гуфтанд: 
– Падарон, ман аз ҳамаи шумоён узр мепурсам. Мумкин шумо фикр мекунед, ки мо дар ҳолати сангин рӯз гузаронда истодаему вале Ҳукумати мамлакат  чораҷӯӣ  накарда истодааст. Ман  шуморо бовар мекунонам, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзу шаб оид ба беҳбудии ҳаёти халқам тадбирҳои зиёд меандешад ва бовар аст, ки муваффақ мешавем. 
Яке аз собиқадорони меҳнат Чоршанбе Сулаймонбеков, ки зиёда аз сию се сол раиси колхози овозадори «50-солагии Помир» буд, дар ҷавоб ба  Сарвари давлат баён дошт: 
"Муҳтарам раис, мо аз ин ҳам рӯзҳои вазнинтарро паси сар намудем. Фикри камбудии моро накунед. Мо ташвишу тараддуди Шумо, имконоти кунунии Ҳукумати кишварро медонем. Аз Шумо фақат як хоҳиш: ба мо сулҳ биёред. Баъди сулҳ ҳам серӣ ва ҳам пурӣ  мешавад". 
Даҳ сол пас Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон аз ин сафар чунин ёдовар мешаванд: «Ҳатто наздикони ман аз ин сафар хабар надоштанд. Онҳое, ки огоҳ буданд, ба рафтанам розӣ набуданд. Бо вуҷуди ин, ман бо  чархбол ба Помир раҳсипор шудам, ҳаво абрнок буд ва чархбол аз болои абрҳо баромаду аз биниам хун омад.  Сарнишинҳо таъкид мекарданд, ки дар чунин вазъи ҳаво парвоз хатарнок аст ва боисрор  хоҳиш  мекарданд, ки  баргардем, вале ман розӣ намешудам. Мо ба деҳаи Танг расидем. Ғарибшо Шаҳбозов ва мардум моро бо хурсандӣ  пешвоз гирифтанд. Ҳангоми бозгашт ҳаво соф буд, офтоби баҳорӣ нурпошӣ мекард, барф об мешуд…». 
Баъд аз талошҳои зиёди Сарвари  кишвар, пас  аз баргузории  қариб  панҷоҳ  вохӯрии расмӣ ва садҳо мулоқоти ғайрирасмии сатҳи гуногун байни тоҷикон, бар хилофи хости бадхоҳони миллат, созишномаи сулҳ ба имзо расид.  Тоҷикистон ба  рушди  бомаром қадам ниҳод. Имрӯз кошонаи бадахшониҳо шабонарӯзӣ бо қувваи барқ таъмин асту ба ғайр аз моҳҳои январу феврал дар вилоят 6000 киловатт/соат аз талабот беш барқ истеҳсол мегардад. Баъди чанде сохтмони НБО “Себзор” бо иқтидори 10 мВт ва, баъдан, НБО “Санобод” (125 мВт) мавриди истифода қарор мегиранд. 
Дар ин радиф, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бадахшониён дар дигар самтҳо ҳам пешравиҳои зиёде ба даст оварданд ва онҳо  ин комёбиҳоро аз  баракати  Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон медонанд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 27    Мутолиа карданд: 771
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед