logo

фарҳанг

АЗ РАШК ТО БА ИНТИҚОМ Ё ГИРЕҲҲОИ САРБАСТАИ ФИЛМИ «БАҲОРИ ХАЗОНРЕЗ»

Соли 2021 барои роҳбарият ва ҳайати эҷодии Киностудияи «Тоҷикфилм» хеле бобарор омад. Дар ин давра чандин филмҳои хубу дидании ҳунариву мустанади кӯтоҳметражу достонӣ рӯйи навор омаданд. Нахустнамоиши бархеи онҳо ба оғози соли 2022 рост омад. Чанде пеш мо филми кӯтоҳметражи Умедшо Мирзошириновро дар кинотеатри навтаъсиси Киностудияи ба номи Тоҳир Собиров дидем. Аз тамошои филми «Додараки фариштаҳо» дар асоси ҳикояи ҳамноми Сайф Раҳимзоди Афардӣ чанд рӯз нагузашта буд, ки боз шоҳиди як воқеаи фараҳбахши ҳунарӣ дар соҳаи кино гаштем. Бо иштироки васеи ҳунармандону мухлисони соҳаи синамо дар кинотеатри «Ватан» филми коргардони хушсалиқаи тоҷик Раҷабалӣ Пиров таҳти унвони «Баҳори хазонрез» манзури тамошогарон гардид. Филм аз рӯйи романи Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ устод Кароматуллоҳи Мирзо «Моҷарои зиндагӣ» ба навор гирифта шудааст. 
Коргардон Раҷабалӣ Пиров воқеаҳои зиёд ва тулонии асарро, ки аз нимаи асри гузашта оғоз гардида, то ба замони мо мерасаду тақдири чандин насли як деҳаи кӯҳистонро дар бар мегиранд, батафсил ва гоҳе шадиду пурталотуму гоҳи дигар бо оромии ба худ хос ривоят мекунад. Мавзуи асосии асар ишқ аст. Чандин насли қаҳрамонони асар бахти худро дар ишқ мебинанд, вале дар гирудори зиндагӣ ишқро аз ҳавас ва рашкро аз бадбинӣ фарқ карда наметавонанд. Аз ин ҷост, ки ҳаваси яклаҳзаинаро ишқ пиндошта, як умр азоб мекашанд. Рашки ноҷо онҳоро ба ниқор гирифтан водор месозад. Дар натиҷа, чандин оила вайрон гашта, бахти чандин кас сиёҳ ҳам, мегардад. Дар ҷанҷолҳои байниҳамдигарӣ, ки аз як насл то ба насли дигар идома меёбанд,  чанд тан аз ҷавонпаҳлавонони нозанини деҳ қурбон ҳам мешаванд. Бо ин моҷарои печдарпечу дурударози хеш коргардон таъкид менамояд, ки ишқ пайванди хунӣ нест, он пайванди ҷонӣ ва равониро мехоҳад. Ин аст, ки пайванди хунии қаҳрамони асосӣ – писараш майл ба пайванди равонии модараш дорад. 
Ишқ, ин ҳисси аҷиби дар вуҷуди хеш пайдошударо, кам андар ками қаҳрамонон ба сифати омили асосии рушду такомули маънавиашон истифода бурда метавонанд. Дар аксари ҳолатҳо қаҳрамонҳои филм ба ин эҳсоси ҳоло барояшон норӯшан чун манбаи даромад низ назар меафкананд. Зани зебо доштан, мутаассифона, ҳоло ҳам барои аксар мардон мояи ифтихоре беш нест. Барои ишқ мубориза бурдан ҳам аз дастрасӣ ба зани зебо фарқи куллӣ дорад. Ана ҳамин нукта чун хати сурх миёни воқеаву ҳодисаҳои зиёди аз нигоҳи аввал ба ҳам кам рабтдошта, вале дар маҷмуъ, ба таъкиди як андеша равонагардида, ҳамеша аён мешавад. 
Нафарони дар таҳияи филм саҳмдошта тамоми кӯшиши худро баҳри тақвияти ин фикри коргардон равона намудаанд. Мусиқии барои филм офаридаи оҳангсози маъруф Амирбек Мӯсозода бар зарбу лаҳнҳои миллӣ асос ёфтааст. Дар он ҳавои замону зарби қалбу навои ҳавасҳои қаҳрамонҳои асар возеҳ нишон дода шудаанд. Навоҳои марғуби барои оркестри созҳои миллӣ офаридаи оҳангсоз бо такнавозиҳои барои асбобҳои алоҳида офаридашуда касро ба дуриҳои дур мебараду ғамшарику шодирафиқи қаҳрамонҳо месозад. 
Наворбардор Шуҳрат Қурбонов низ хеле кӯшидааст, ки раванди воқеаҳои асарро дар печидагиҳои тақдири қаҳрамонҳо нишонрас мунъакис созад. Дар сабти филм аз чанд усули дар нигоҳи аввал аз ҳамдигар хеле фарқдошта, вале дар маҷмуъ, ҳамдигарро пуррасозанда истифода шудааст. Наворҳои ба замони мо тааллуқдошта ранга мебошанд. Дар онҳо, гӯйӣ ҳар манзара, ашё ва симо соярӯшанҳои худро пайдо намуда, бо тамоми ҳашаматашон пешорӯйи тамошогар ҷилвагар мешаванд. Наворбардор чун мусаввири чирадаст тавонистааст, новобаста аз вазъу замон, тасвирҳои зебои кишварро пеши назар ҷилвагар созад. Дар сабти замони гузашта аз усули наворбардории замони пеш - бо рангҳои сиёҳу сафед истифода гардидааст. Дар тасвири давраи пурошӯби оғози солҳои навадум аз наворҳои бойгонӣ истифода шуда, ки ба услуби воқеънигорӣ (реалистӣ) содиқ будани муаллифи филмро тақвият медиҳанд. Миёни ин ҳама гирудорҳо Моҳ чун гузашти вақт ва пули миёни деҳ ҳамчун пайвандгари замону наслҳо истиораҳои хубеанд, ки дар филм ба таври васеъ истифода шудаанд. Сарфи назар аз такрор ба такрор омаданҳояшон ин истиораҳо дилбазан нестанд, балки ҳар дафъа бо сурату маънии нав ҷилвагар мешаванд. 
Бурди асосии коргардон дар интихоби дурусти бозигарон аст. Дар филм зиёда аз 70 ҳунарманд банд шуда, ки ҳар кадоме дорои хусусияти хоси эҷодӣ ва ҳунарӣ буда, ба мактабҳои мухталифи ҳунарӣ шомил мебошанд. Ин гуногунрангӣ полифонияи аҷиберо ба вуҷуд овардааст. Филм ба як панорамаи ҳаёти халқамон дар давраи муайяни таърихӣ ва галереяи характерҳои миллӣ табдил ёфтааст. Қаҳрамони устоди ҳунар Қурбони Собир марди манфиатҷӯест, ки ҳаёти худ ва наздиконашро бар ҳамин мабно созмон додааст. Ӯро хатоҳои дар ҷавонӣ содирнамудааш дунболагир мебошад. Чун ҳама мардони худхоҳ ӯ на танҳо намехоҳад, ки бар ислоҳашон бикӯшад, балки муртакиби гуноҳҳои дигар низ гашта, тақдири ҳамдеҳагону аҳли хонаводаашро талх месозад. Ин раванди тулониро, ки дар филм чанд ҳунарманд офаридаанд, Қурбони Собир бо шадидият ва худфидоии бемисле ҷамъбаст менамояд. Аз лабханди нахустинаш дар оғози филм, то қатраҳои ашки дар охир аз чашмонаш ҷоришаванда, ҳунарманд достони тулонии ҳирсу рашку ҳасадро бо аз худ гузаштанҳо, вале бидуни тазйиқ ба равони тамошогар хеле ҷолиб меофарад. Қаҳрамони шаҳбонуи ҳунар Моҳпайкар Ёрова қариб, ки дар филм сухан намегӯяд, вале ин ҳамон ҳолатест, ки ҳунарманд бо сукути хеш низ аз тақдири талхаш бо оҳу шеван фарёд задан мехоҳад. 
Ишқ фариштаи худро низ дорад ва он аксаран дар симои дилбарон ояд (ин силсилаи образҳоро ҷавонтарину хушрӯйтарин ҳунармандон офаридаанд) ҳам, гоҳо дар симои модарон низ ҳувайдо мегардад. Аз иҷрои нақши модари ҳунарманди асил Мавлона Наҷмуддинова дар асари дигари Кароматуллоҳи Мирзо «Гунҷишкакон ҳам механданд» дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов он қадар муддати тулонӣ нагузаштааст. (Мо айнан ҳамин гуна бозгӯйи образро дар ин намоиш дида будем. Вале ҳунари асл такрор намешавад). Мо мебинем, ки Мавлона образи модари муштипараки хешро бо василаҳои нави бозигарӣ мунаққаш намуда, бо тамоми пайкари нозукаш – пайкари реза, қомати хамида, дастакони ларзон, чашмакони гирён ва лабони парсинбаста ранҷу азобҳои ин фариштаи бахтро нишон медиҳад. Образҳои офаридаи насли калони ҳунармандон Бердӣ Мингбоев, Насриддини Нуриддин, Ортиқ Қодиров, Муҳаммадҷон Шомуддинов ва намояндаи ҷавони он Умеди Султонмурод низ хеле хотирмон баромадаанд. Симои қаҳрамонони Отахон Абдуллоев ва Малика Назирова онҳоро чун ситораҳои рӯ бар тулуъниҳода муаррифӣ намуданд. Бо самимият ва зебоии ба синну солашон мувофиқ онҳо ҳунари аҷиби нақшаофариро зам кардаанд, ки то дер гоҳ аз пеши назари тамошогарон дур намешавад. 
Бо он, ки филм аз камбудиҳои ҷузъӣ ҳам орӣ нест, онро метавон як падидаи хубе дар ҳаёти фарҳангӣ муаррифӣ намуд. Боиси хушнудист, ки синамогарон бо самимият ва ҳисси масъулият ба таҳқиқи жарфи воқеаву ҳодисаҳои бо ҳамзамони мо суратгиранда пардохтаву дигаргуниҳои дар табиати хислати муосиронамон суратгирандаро зери пурбини дурбин қарор медиҳанд.
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2022    №: 27    Мутолиа карданд: 2169
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед