logo

иҷтимоиёт

АХЛОҚ. ЯК ЛАҲЗА ҒОФИЛ НАБОШЕМ!

 
Воқеан, вақт  ва ҳаводиси даврони охир қариб ба ҳар лаҳза собит сохтаву месозад, ки мо дар тарбияи ахлоқии ҷомеа бисёр ғафлат варзидаем. Ҷои таассуф он аст, ки ин ҳақиқатро дарк накардаем ва ё махсус ба он таваҷҷуҳ намедиҳем. Оре, таваҷҷуҳи зарурӣ. Бештар ба он меандешем, ки фарзандонамон - насли наврас соҳибиттилоот бошанд. Яъне, тарбияро аз таълим дар зинаи поинтар қарор додаем. Пиндоштему мепиндорем, ки фарзандон чун таълим бигиранд, соҳиби ахлоқи накуву ҳамида низ мешаванд. Ҳамин тавр, вақт аёну ноаён мегузарад ва ҳар як лаҳзаи ғафлати мо самари бад меорад.
Барҳақ:
Рафтам, ки хор аз по кашам, маҳмил ниҳон 
шуд аз назар,
Як лаҳза ғофил гаштаму садсола роҳам 
дур шуд.
Ҷуброну талофии ин ғафлатҳо дар оянда бисёр мушкил хоҳад шуд. Тарбияи ахлоқӣ пештар дар баробари таълим муҳимтарин амали волидайн ва аҳли ҷамоатчигӣ маҳсуб меёфт ва ба рушди он эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Бесабаб нест, ки ниёгони барӯманди мо дар ин маврид ҳамеша таъкид медоранд. Аз ҷумла:
Сурататро чӣ кунам, чун ту надорӣ 
сират?
Кас ба як ҷав нахарад сурати бемаъноро.
Ва ё:
Надорам он мусулмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.
Одамӣ чун тарбият наёбад, побанди ҳавои нафсонӣ мешавад, шаҳват гиребонашро мегирад ва баъд бо дода шудани  лаззати яклаҳзаинаи нафсонӣ ба ҳалокат мерасад. Албатта, мурод ҳалокати маънавӣ низ мебошад.
Аз ин варта ба осонӣ наметавон раҳо шуд. Иззату шарафи инсониро ин ҳама аз миён мебарад.Чашмҳо замоне кушода мешаванд, ки ислоҳи кор номумкин мегардад ва пушаймонӣ дигар суде намебахшад.
Рӯзгору кори нангини Раҷабов Зафар Сафархоҷаевич ба ин мисоли равшан шуда метавонад. Ӯ 10 августи соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Таҳсилоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Тавре бармеояд, аз таълими дуруст низ дур будааст.
Ӯ 25 августи соли 2020, тахминан соатҳои 12:30 дақиқа дар назди бозорчаи маҳаллаи нуҳуми кӯчаи ба номи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансур, дар назди дукони санбӯса мушоҳида мекунад, ки хурдсол Сафарова Зулола Баҳриддиновна (соли таваллудаш 2009) танҳо гаштугузор дорад. Дар ин ҳол додаи шаҳвати нафсонӣ гардида, аз зеҳнаш мегузаронад, ки бояд ба номуси ин духтараки танҳо ва бехабар аз шарру шӯри бархе аз бузургсолон таҷовуз намояд. Барои ноил гардидан ба ин нияти нопок ба ӯ, Сафарова З.Б., панҷ сомонӣ ва як санбуса медиҳад. Хурдсол Сафарова Зулоларо бо ҳамин найранг ба доми тазвири худ медарорад.
Пас аз он Раҷабов З.С. аз ин бозорча як адад мурғи бирён   (табака) ва як адад шишаи нӯшокии спиртии навъи “Ягуар”-ро мехарад. Барои анҷоми амали зишту нопоки худ Сафарова Зулоларо бо ҳамроҳи худ гирифта, ба самти шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат, ки дар он ҷо зери истгоҳ, воқеъ дар деҳаи Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ хилватгоҳ дошт,  раҳсипор мешавад.
Дар ин ҷо ӯ мурғ ва нӯшокии спиртии ба худ овардаро истеъмол мекунад. Баъд аз он, ки ба ҳолати мастӣ мерасад, барои қонеъ намудани шаҳвати нафсониаш аз вазъияти оҷизонаи хурдсол Сафарова З.Б истифода намуда, ӯро ба оғӯш мекашад, пойҷомаашро бароварданӣ мешавад.
Хурдсол Сафарова З.Б. аз нияти нопоки Раҷабов З.С огоҳ гашта, ба ӯ муқобилият нишон медиҳад. Аммо Раҷабов З.С. барои ба осонӣ расидан ба нияти бади худ, яъне таҷовуз ба номуси духтарак, ба дасти росташ ба рӯи ӯ як мушт мезанад. Аз таъсири сахти ин зарба Сафарова Зулола ба замин меафтад. Пушти сараш ба як сангпораи дар он ҷо буда бармехӯрад ва дар натиҷа аз сараш хун ҷорӣ мешавад.
Ин ҳолат барои Раҷабов З.С. мувофиқ меафтад. Аз ин рӯ, мақсад мегузорад, ки аз фурсати мувофиқ ҳарчи зудтар истифода бибарад. Ҳамин тавр, барои таҷовуз ба номуси духтарак пойҷомаашро маҷбуран мебарорад. Ин ҳолатро хурдсол мушоҳида намуда, аз ӯ хоҳишу зориву илтиҷо  мекунад, ки ин амали нангинро барояш раво набинад. Аммо Раҷабов З.С ба гиря ва зории духтарак эътибор  надода, ҳолати хурдсолии ӯро ба инобат нагирифта, хоҳиши нафсониашро қонеъ мекунад.
 Ҳамин тавр, ин амалҳои нангину бераҳмона сабаби марги Сафарова Зулола  мегардад. 
Баъдан қотил аз ҷои ҳодиса мегурезад ва ба тарафи шаҳри Душанбе меояд. 31 августи соли 2020 ӯро кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир менамоянд. Ӯ ба гуноҳи содирнамудааш иқрор мешавад.
Ба вуқуъ пайвастани ин гуна ҳодисот ҳар кадоме аз моро бештар масъул мегардонаду ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва назорати фарзандон, хусусан ноболиғон, диққати ҷиддӣ бидиҳем.
Як амали бад  на танҳо сабаби беобрӯӣ, балки кандани риштаи ҳаёти инсоне мегардад.
Масъулони тарбия танҳо падару модар ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ нестанд, балки тамоми аҳли ҷомеа мебошанд. Чун зарари ин гуна амалҳои нангин ба ҷомеа мерасад ва онро доғдор месозад.
 
АБДУҶАББОРЗОДА С.
ИБРОҲИМЗОДА Н.,
прокуророни  раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба
 парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2022    №: 27    Мутолиа карданд: 483
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед