logo

иҷтимоиёт

ҒОИБ САФАРЗОДА ДАР «ТААССУРОТИ АҚЛУ ДИЛ»

Устоди шодравон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мунаққид ва адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров ба шоири номдору маҳбуби кишвар, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» (он вақт «Тоҷикистони советӣ») таваҷҷуҳи хос дошт. Ҳанӯз аз нахустин навиштаҳои адиб башорат дода буд, ки шоири боистеъдоде ба майдони адабиёти миллӣ гомҳои устувор ниҳодааст ва маҳбубияти хосро дар миёни хонандагон пайдо мекунад. Воқеан, замон собит сохт, ки устод Соҳиб Табаров дар ин маврид хато накардааст.
Дар дарсҳо дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин устоди зиндаёд бо муҳаббату ҳарорати зиёд дар бораи фаъолияти адабӣ ва рӯзноманигории Ғоиб Сафарзода сухан менамуд. Ҳамзамон ба мо – донишҷӯён бо таъкид мегуфт, ки ғами мутаваффоён ва соҳибистеъдодонро бихӯред, дар нашри осорашон, таҳқиқоташон камари ҳиммат бибандед. Зиндаҳо, хосса беистеъдодҳо, бо ҳар роҳ дар нашри асарҳояшону тарғибашон аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд, ҳарчанд рушди адабиёти миллӣ ба онҳо вобастагӣ надорад. 
Чанд сабт аз дафтари «Таассуроти ақлу дил»-и мунаққиди забардаст Соҳиб Табаровро дар хусуси рӯзгору осори ин шоири боистеъдоди тоҷик туфайли ҷияни ӯ Олимҷон Табаров, сарвари «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дастрас намудем, ки дар ин навишта аз онҳо иқтибос мешаванд. Оре, агарчи муаллифи ин дафтарҳои хотира зимни суҳбат бо ин ҷониб дар мавриди нашри пурраи он гуфта буд, ки алҳол зарурат надорад, баъд аз 40-50 сол бояд онҳо ба табъ расанд. Аз рӯи  таъкиди устод он қисмате интихоб шуд, ки ба ин мавзуъ ва шахсияти Ғоиб Сафарзода иртиботи бевосита мегирад ва ба рӯзгору осораш хонандаро бештару беҳтар ошно месозад. Устоди шодравон 14 июли соли 1969, ки рӯзи душанбе будааст, ба идораи «Ҷумҳурият» («Тоҷикистони советӣ») ташриф овардааст. Дар ин хусус менависад: «Ба идораи «Тоҷикистони советӣ» рафтам. Бо Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ вохӯрдаму каме чақ-чақ кардам. Онҳо дар хусуси давраи студентиашон якчанд нақли ширин карданд, ки ба магнитофон навиштанашон ҳам хуб буд.
Ғоиб Сафарзода, Ёдгорӣ ва Мардонов (нависанда ва рӯзноманигор Раҷаб Мардон – А.Р.) дар хобгоҳи Институту (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ -  А. Р.) Университет (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – А. А.) ҷой наёфта, иҷоракобӣ карда, ба хонаи Саодатапа афтодаанд.
Саодатапа ба онҳо аз як хоначаи тангу торик ҷои хоб додааст. (Ёдгорӣ: «Он хонача дар даромадгоҳ буд, ки ё сагхона буд ва ё ҳезумхона», Сафарзода: «Он ҷо чунон хунук ва бомаш шикоф буд, ки ситораҳоро медидем», Мардонов: «Хона доим бӯи заҳ мекард»).
Онҳо аз сабаби надоштани ҷой розӣ мешаванд, ки дар он ҷо зиянд...».
Аз ин сабтҳо бори дигар насли мо, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардем, ранҷҳои донишҷӯёни он даврон ва пеш аз онро ба хотир оварда метавонанд. Дар хобгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на ҳар донишҷӯ метавонист ҳуҷра барои зист пайдо бикунад, бо ин ки одитарин шароит барои  зистану дарс тайёр кардан мавҷуд набуд. Хушбахтона, насли даврони истиқлол бо хобгоҳҳои ҷавобгӯи талаботи давр таъминанд, ки бояд шукри он ва Сарвари давлатро бикунанд.
Инчунин, барои наслҳои пешин пайдо намудани хонаи иҷора низ осон набуд. Ба ҷуз ин хонаҳои иҷора ҳам шароитҳои мувофиқро надоштанд.
Аз ин навишта лутфҳои зебову танзи устоди шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба хотир ва пеши назар меоянд. Яъне, чунин сухан гуфтан аз даврони донишҷӯӣ хоси устод буд, ки баъдҳо ба маънии мусбаташ такмил ёфтааст. Суханони устод Ғоиб Сафарзода аз даврони донишҷӯӣ зебову шоирона будааст: «... бомаш  шикоф буд, ки ситораҳоро медидем». Суханони Раҷаб Мардон дақиқ, ки хоси рӯзноманигорон аст, садо медиҳад: «Хона доим бӯи заҳ мекард».
Нархи хонаи иҷора низ арзон нест. Бар ҳар кадоми онҳо 50-сумӣ, дар маҷмуъ, 150 сум муқаррар гардидааст, бо он ки одитарин шароити зистро надоштааст.
Дар ин сол, яъне соли 1969, устод Соҳиб Табаров 45-сола ва Ғоиб Сафарзода, корманди рӯзнома, 29-сола будааст.
Ин таъкиди устод Соҳиб Табаров, ки «ба магнитофон навиштанашон ҳам хуб буд» ба маврид аст. Яъне, суҳбат на танҳо самимиву гарм, балки барои таърихи адабиёт зарур буд. Хушбахтона, ин қисмат дар дафтари «Таассуроти ақлу дил» то ҷойе навишта шудааст.
Таҳсил ва зиндагӣ дар он даврон бо чунин мушкилиҳо идома дошт, аммо ин ҳама монеи пешрафту эҷоди мондагори адибон намегардид.
2 январи ҳамон сол устод Соҳиб Табаров чунин сабт намудааст: «Ҳабибуллоҷон Файзулло занг зад. Табрик карду дар бораи пешвозгирии Соли нав бо Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Одина Мирак нақл кард... Саломат бошанд ин фарзандони асилу дӯстдори мани фақир!! Илоҳо беҳтар кор кунанду адабиёту маданиятамонро ба дараҷаи баландтар бардоранд. Ҳамаи онҳо ояндаи хеле нек ва равшане доранд, агар бисёртар кор кунанду баҳри тозагии адабиёти тоҷикамон мубориз бошанд».
Аз ин навишта самимияту муҳаббати устод Соҳиб Табаров ба ин эҷодкорон, ки дар ҳақиқат, номбардори миллат шуданд, равшан зоҳир мегардад. Таманниёташ низ ба хотири рушди адабиёту фарҳанги миллӣ аст.
23 марти соли 1969, рӯзи якшанбе навиштааст: «Ғоиб Сафарзодаро мисли Ҳабибулло (Ҳабибулло Файзулло – А.Р.) дӯст медорам. Ӯ бисёр фикрҳо ва ақидаҳои хубу пешқадам дорад. Навовар ва мубориз аст. Қариб дар ҳамаи шаклҳои шеърӣ маҳорати хуби адабиву бадеӣ дорад.
(Идома аз саҳ. 1)
 
Бачаи ботамкин ва хушмуомилаву ҳозирҷавоб аст. Ҳар чизи намефаҳмидагиашро сари вақт ва шарм накарда мепурсад. Меҳнатро бисёр дӯст медорад. Ана ҳамин хислатҳояш ӯро шуҳратманд мегардонанд, ба шарте ки пешпоияш надиҳанду худаш  ғурур накунад».
Барои Ғоиб Сафарзода мағрурӣ, ба маънои манфиаш, бегона буд. Аммо тавонистанд ӯро пешпоӣ диҳанд. Аз ин тавсифу тасвирҳои Соҳиб Табаров шахсияти нотакрори  ин адиб боз бештару беҳтар ошкор мегардад. Устод дар идома меорад: «Ман боварӣ дорам, ки ӯ бачаи вайрон мешудагӣ нест ва ояндааш дурахшону равшан аст. Ин ҷавонмардон (бо Ҳабибулло Файзулло- А.Р.) ояндаи адабиёти оламшумули тоҷик хоҳанд шуд.
Саҳифаи Наврӯзии «Ҷумҳурият» бо чанд рубоии устод Ғоиб Сафарзода низ зинат ёфтааст, ки «дили хонандаро ба мисли шеърҳои Боқӣ Раҳимзода ба ваҷд меоранд ва касро дар руҳияи болидаи баҳорӣ нишон медиҳанд».
Устод, ҳамчунин, менигорад: «Рубоии зерини Ғоиб Сафарзода бозёфти хеле хубе дорад, ки ин аст:
Ин абр ба  сони духтари гулдӯз аст,
Шогирд ва ё ки духтари Наврӯз аст.
Дар дӯхтани пераҳани ранг ба ранг
Овора ба кӯҳу дашт  шому рӯз аст».
Дар ҳақиқат, дар Наврӯзнома ин рубоӣ бозёфт аст ва сухану тасвири тоза дорад. Аз он завқи баланд доштани адиб баръало зоҳир мегардад. Инчунин, аз он ба таърихи эҷоду бори аввал нашр шуданаш дар матбуоти даврӣ ошно мешавем.
Устод Соҳиб Табаров низ бо шодмониву ваҷд дар бораи ин рубоӣ менависад: «Ваҳ-ваҳ, чи латофату назокат ва баёни хушу нозуку дилчасперо ин Ғоиби мо рӯи коғаз овардааст, ки касро ба сӯи хаёлоти Наврӯзӣ мебарад. Ғоиб Сафарзода ҷавонмарди хушилҳон ва донандаи нозуки қонунҳои назм аст. Дар рубоӣ ҳам мутобиқати ҳамаи унсурҳои ин жанр (тезис, антитезис ва синтез) аҳамият медиҳад ва онҳоро бо санъату воситаҳои гуногуни бадеӣ як намуда, баъзе рубоиҳои абадзинда офарида тавонистааст:
Хуршед ба кӯҳ сина молиду гузашт,
Оҳангу суруду рақси мо диду гузашт.
Аз тӯйи баҳор ҷомаи зардӯзӣ
Пӯшида, чу  гул шукуфту хандиду гузашт.
Магар мисраъҳои зерини яке аз рубоиҳои Ғоибҷон ҷолиби диққат нестанд?
Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабӯтари сабо мешунавам.
«Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад!»
Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам.
Офарин! Чи лазизу ширин ва хуш гуфтӣ, Ғоибҷон Сафарзодаи ман.
Ман аз ин рубоии шоири мумтоз худамро дар деҳаи хурдакаки Чорроҳаи Муъминободи маъвои дилу ҷонам тасаввур кардам. Дилам ба парвоз омад ва руҳам болида гашт, тифливу пушти дари одии камбағалонаи падари бузургворамро (руҳашон шод, ҷояшон ҷаннати Фирдавс бошад) ба хотир овардам. Парандагони деҳаам ва чаҳ-чаҳу хониши онҳо боз ба назди Боғи мирии бобогиам бурдандам».
Вазифаи шеъри асилу самимӣ низ ҳамин аст, ки дар руҳу ҷисм таҳаввулот барангезад. Ин нуктаро устод чунин менигорад: «Ана ҳамин аст шеър, ана ҳамин аст сирри бадеӣ, ки инсонро руҳбаланду зинда мегардонад. Шоир ана ҳамин тавр бояд бошад».
31 марти соли 1969, рӯзи душанбе нигоштааст: «Ҳабибулло Файзулло ва Ғоиб Сафарзодаро хеле дӯст медорам, зеро ки ҷавонони хушрафтору хушбаён, шоирони ояндаи миллат, пурсандаи ман дар ҳама коранд».
Устод Соҳиб Табаров ба ин эҷодкорони асил тавсия медод, ки ҳамеша на фақат садҳо асарҳои бадеии нависандагони СССР, Европа, Осиё, Америка, Африка, Австралияро, инчунин, маҷаллаву рӯзномаҳои машҳури он давраро, ки дар Москва ва Санкт-Петербург ба табъ мерасиданд, мутолиа намоянд ва дар эҷод таҷриба бигиранд.
25 майи соли 1969, рӯзи ҷумъа дар ин бора навиштааст: «Ғоибу Ҳабибулло доимо аз рӯи тавсияҳои ман амал менамоянд ва ҳамаи он маҷаллаву адабиётҳоро такрор ба такрор мехонанд. Ин аст, ки онҳо дар тарҷумаи шеъру асарҳои баъзе шоирони русу дигар миллатҳо талош доранд». Албатта, пас аз амалӣ сохтани ин гуна тавсияҳо адиб ҳатман асари писандида ва хубу олиро тарҷума мекунад, то хонандаи миллаташ аз адабиёти ҷаҳон огоҳ бошад. Тавре бармеояд, бо ин усул устод адибонро водор сохтааст, ки истеъдодашонро бо тарҷумаи асарҳои баландмазмуну баландғоя сайқал диҳанд.
28 майи соли 1969, рӯзи чоршанбе, устод Соҳиб Табаров нигоштааст: «Ҳақназар Ғоиб, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода... ба шеър хуб сарфаҳм мераванд, маҳорати баланди адабиву бадеӣ доранд. Шеърҳояшон маънову мақсад ва мазмуни муайяне доранд. Масалан, ин мисраъҳои эҷодкардаи Ғоиб Сафарзодаро (дар «Маориф ва маданият», 27.05.1969) мутолиа кунед ва хулоса бароред:
Аз дурахшу аз ҳарорат Офтоб,
Баҳр шуд аз беканориаш бузург.
Шуд сари гаҳвораи фарзанди худ
Модар аз шабзиндадориаш бузург.
27.06.1969, рӯзи ҷумъа устод менигорад: ««Одамон» ном шеъри Ғоиб Сафарзода... хеле ҳаётдӯстона навишта шудааст. Мақоми одамонро хеле баланд мебардорад, ки хурсандибахш аст».
Дар ин сол шеъри «Модар»-и Ғоиб Сафарзода дар рақами 6-и маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидааст. Устод дар ин хусус навиштааст: «Бисёр олиҷаноб суруда шудааст. Ин шеъри Ғоибҷон касро ба муҳаббати модар ошно месозад».
Устод дар ин дафтар навиштаи махсусу ботафсиле дорад дар бораи рӯзгору осори адиб Ғоиб Сафарзода, ки фикр мекунам, он дар замони зиндагияшон ба табъ расидааст.
Ин навиштаро чунин ҷамъбаст мекунад ва фикр мекунам, ки зикри он дар навиштаи инҷониб низ мувофиқ ва муҳим мебошад: «Ғоиб Сафарзодаи азизи мо ҳеҷ гоҳ барои мардуми асили шеърдӯсти тоҷик намемирад, номи ӯ ва шеъри дилчаспу равон ва тасхиркунандаи ӯ зиндаю ҷовид хоҳад монд».
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2022    №: 28    Мутолиа карданд: 665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед