logo

иқтисод

ПИРЯХҲО. ҲАВОИ БЕСОБИҚА ГАРМИ СОЛИ 2021 БА ОНҲО ЧӢ ТАЪСИР РАСОНД?

Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои кишвар, ки саргаҳи асосии оби ошомиданӣ ва манбаи «энергияи сабз» мебошанд, дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ба хотири он ки бар асари тағйирёбии иқлим, кӯҳҳои яхбаста об мешаванд ва ин боиси баландшавии сатҳи оби дарёҳо, омадани сел ва сабаби камбуди оби нӯшоӣ мегардад, Пешвои миллат ба олимон таъкид месозанд, ки ҳолати пиряхҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Аз ин лиҳоз, Маркази омӯзиши пиряхҳои назди АМИТ ҳамасола баҳри  омӯхтани ҳолати пиряхҳои кишвар экспедитсияҳои илмӣ равона мекунад. 
Экспедитсияҳои соли 2021 таъсисдодаи марказ ҳолати пиряхҳоро чӣ гуна арзёбӣ менамоянд? Гармии шадиди соли гузашта, ки коршиносон онро бесобиқа хонданд, ба пиряхҳои кишвар чӣ таъсир расонд?  Оё  омадани сел ва  сар задани обхезӣ, хоса дар шаҳри Кӯлобу Панҷакент, ки аз онҳо иқтисодиёти мамлакат зарари ҷиддӣ дид, ба обшавии пиряҳҳо рабте доранд?  Барои дарёфти посух ба ин пурсишҳо хабарнигори рӯзнома ба профессор Абдулҳамид Қаюмов, директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ», муроҷиат намуд. - Олимони марказ соли 2021-ум ёздаҳ экспедитсияи илмӣ-омӯзишӣ анҷом доданд ва ба сабаби он ки дар ихтиёр таҷҳизоти ҷадиду муосир доштанд, таҳқиқот бо сатҳу сифати баланд ба сомон расид. Бояд ёдовар шуд, ки омӯзиши пиряхҳо ҳанӯз замони шуравӣ оғоз гашта буданд ва чуноне ба мо маълум гардид, баъди солҳои 80-ум олимон танҳо қисми забонаи пиряхҳоро меомӯхтаанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем пиряхҳоро ба таври куллӣ мавриди пажӯҳиш қарор диҳем. Яъне, ҳоло дар асоси таҳқиқотҳои бунёдӣ, дар кишвар равияи пиряхшиносиро роҳандозӣ намудем. Ба ин хотир, дастгоҳҳое харидем, ки ба воситаи онҳо суръати таъсири шуои Офтоб ба пирях, раванди тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар пирях, суръати обшавӣ, ҳаракати пиряхҳо ва тамоили боришотро дар мавзеи ҷойгиршавии пиряхҳо (баландии 3500 – 4000 метр) меомӯзем.  
Соли 2021 якҷо бо намояндагони институтҳои  бонуфузи  ИМА, Фаронса, Австрия ва Швейтсария ба пиряхҳои Қизилсу ва Баралмоси болооби дарёи Сурхоби минтақаи ноҳияи Лахш экспедитсия ташкил намудем. 
Ҳодисае, ки диққати моро ҷалб намуд, ин канда шудани ҳавзи яхини қисми болоии пиряхи Баралмос мебошад. Ин пирях то соли 2010 дар се – чор сол як бор канда мешуд, мутаассифона, солҳои охир миқдори кандашавии ҳавзҳои яхини болои пиряхи Қизилсу зиёд ба чашм мерасад. Масалан, танҳо соли 2021 ҳавзҳои яхини ин пирях се маротиба канда шуданд. Яқин гардид, ки яке аз ҳавзҳо 14 июли соли 2021 канда шуд, ки ин ҷараён  ҳамагӣ 15 дақиқа идома ёфта, дар ин муддат оби ҳавзи пирях  3 метр паст шуд. Ҳаҷми об зиёд набуд, аммо хисороте, ки ба хоҷагии халқ овард, қариб 20 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он қариб 500 метри шоҳроҳеро, ки аз ноҳияи Лахш мегузарад, валангор кард. 
Обхезиҳое, ки соли 2021 дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Панҷакент ба вуқуъ омаданд, дар пайи боришоти зиёд сар заданд ва ба обшавии пиряхҳо рабте надоранд. Таҳқиқ ва омӯзиш ҷиҳати муайян намудани омилҳои омадани сел дар ин минтақаҳо дар салоҳияти мо нест, аммо онҳо, ки қариб ҳар сол бар асари обхезиҳо зарари ҷиддӣ мебинанд, иловатан зери назорати марказ қарор доранд. 
Бояд бигӯям, ки пайдоиши ҳавзи болои пирях ва кам шудани забонаи он нишони коҳиш ёфтани пирях дар натиҷаи тағйирёбии иқлим мебошад. Тавре экспедитсияҳои охир нишон доданд,  дар пиряхҳои дар баландии аз 3500 метр поинтар аз сатҳи баҳр ҷойгирифта  ҳавзҳои зиёде пайдо шудаанд. Ба ҳисоби миёна 350 – 400 ҳавзи пирях ба қайд гирифта шуд, аммо ба  андешаи мо, ин шумора зиёдтар мебошад. Зеро соли 2021 муайян намудем, ки танҳо дар пиряхҳои водии Зарафшон беш аз 120 чунин ҳавз вуҷуд дорад. Нақша дорем то соли 2023 мавқеи ҷойгиршавии онҳоро муайян ва феҳристашонро  тартиб диҳем.  
Бояд гуфт, ки пиряхҳои болооби дарёҳои Ғунд ва Зарафшон нисбат ба пиряхҳои  Помири Шарқӣ бештар коҳиш ёфтаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиряхҳои Помири Шарқӣ, ки нисбатан дар баландӣ ҷойгиранду ҳаҷман калон, кам коҳиш меёбанд. Яъне, онҳо ба тағйирёбии иқлим устувортаранд. Аммо  пиряхҳое, ки поинтар ҷойгиранду масоҳаташон аз 1 километр хурдтаранд, таъсири тағйирёбии иқлим дар онҳо бештар мушоҳида мегардад. 
Яке аз масъалаҳои баҳсангез – ин шумораи пиряхҳост. Дар ин маврид андешаҳо мухталифанд, зеро миқдори онҳо дар сарчашмаҳо гуногун нишон дода шудаанд. Ва, умуман, ин ба усули тадқиқот ва технологияи дастрасии аксҳои кайҳонӣ бастагӣ дорад. Барои он ки  шумораи дурусти пиряхҳоро эълон дорем, бояд далелҳои раднашаванда дошта бошем. Ҳоло кормандони марказ дар ин самт бо мутахассисони хориҷӣ кор мебаранд. 
Марказ нақша дорад, ки оянда дар 12 ҷилд Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистонро бо нишон додани шумора, ҳаҷм, мавзеи  ҷойгиршавӣ, пиряхҳои азбайнрафта ва пиряхҳои азнавпайдошуда омода созад. 
Дар сурати дастрас шудани аксҳои баландсифати моҳворагӣ ва аз нав таҳлил шудани пиряхҳо, эҳтимол миқдори умумии онҳо аз 14 ҳазор зиёд муқаррар гардад. Айни ҳол, муайян кардем, ки баъзе пиряхҳо  қисм-қисм ҷудо шуда, пиряхҳои алоҳидаро ташкил кардаанд. Аз сарчашмаҳои илмӣ маълум аст, ки дарозии пиряхи Федченко дар давраи «яхбандии Лахш» 170 километр буд, аммо баъдан он ба 100 пиряхи алоҳида тақсим шуда, ҳоло дарозии қисми асосиаш 76 километр мебошад. 
Ҳоло дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба ин хотир, олимон талош доранд, роҳҳои муҳофизати онҳоро пайдо намоянд. Идея ва пешниҳодҳо зиёданд: истифодаи моддаҳои кимиёвие, ки яхбандиро зиёд мекунанд, болопӯш кардани пирях бо матоъ ва дарахтзор намудани доманакӯҳҳо  аз тадбирҳое ба шумор мераванд, ки пиряхҳоро аз ҳавои гарм эмин медоранд. Дар ин ҷода Тоҷикистон пешсаф буда, корҳои зиёде анҷом додааст.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2022    №: 28    Мутолиа карданд: 1740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед