logo

порлумон

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ. ИЛОВА БА ҚОНУН БАҲРИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ АСТ

 
Барои беҳтар намудани вазъи феълии таъминоти бозори истеъмолӣ, ташаккули захираҳои давлатӣ бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» илова ворид гардид, ки тибқи он, воридоти  як қатор маҳсулот аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд.
- Бо назардошти тағйирёбии қурби асъори миллӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон нархи молҳои ниёзи мардум ва сӯзишворӣ дар бозорҳои дохилӣ торафт афзоиш ёфта, барои муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» мусоидаткунанда арзёбӣ мегардад, - гуфт Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи кишвар, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон.
Ғиёсиддин Ашӯрзода, вакили парлумон, зикр кард, ки бо мақсади воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои ташаккули захираҳои давлатӣ тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд. Сабукиҳо имконият медиҳанд, ки Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти зикргардидаро аз хориҷи кишвар бе мамоният ворид карда, бо нархҳои нисбатан дастрас ба аҳолӣ пешниҳод намояд. Ин иқдом боиси нигаҳдории нархҳо дар бозори дохилӣ гашта, дар навбати худ ба иқтисоди кишвар таъсири мусбӣ мерасонад.
- Ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» иқдоми саривақтӣ ва дорои ҳадафҳои башардӯстона мебошад, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим дорад, - гуфт Файзулло Баротзода, вакили парлумон.    
Ба андешаи Рустам Латифзода, раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дар даврае, ки рақобат дар бозори ҷаҳонии озуқа пуршиддат гардида, дар як вақт болоравии нархҳои маводи ғизоӣ ва захираҳои моддию техникӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсири манфии худро мерасонанд, таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо ва ҳалли онҳо дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии ҳар як кишвар мақоми хосса пайдо мекунад. Дар натиҷа, соли 2021 индекси нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ наздик ба 30 дарсад боло рафт, ки дар 40 соли охир нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад. Дар як вақт нархи газ, ки сӯзишвории асосӣ барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ ба ҳисоб меравад, 3 – 4 маротиба боло рафт. Масалан, моҳи феврали соли ҷорӣ 1000 метри мукааб аз 980 ба 1100 доллари ИМА афзоиш ёфт. Дар чунин вазъият, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти бозори истеъмолии дохилӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2022    №: 28    Мутолиа карданд: 5105
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед