logo

Хабарҳо

“ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН”-И АЛИШЕРИ НАВОӢ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ НАШР ГАРДИД

 
Дар Ӯзбекистон ба муносибати 581-умин солгарди зодрӯзи мутафаккири бузург Мир Алишери Навоӣ достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-аш дар тарҷумаи Ҷонибеки Қувноқ ба забони тоҷикӣ чоп шуд. Китоби мазкур бо ташаббуси Маркази фарҳангии миллии тоҷикони вилояти Ҷиззах ва дар асоси гранти Бунёди ҷамоатии шурои намояндагони халқи вилояти Ҷиззах  нашр гардидааст.
Муаррифии китоби мазкур дар шаҳри Тошканд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи равобити байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги миллии тоҷикон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон баргузор гашт. Дар он  оид ба нақши бузурги Навоӣ дар инкишофи забон ва адабиёти ӯзбек, дӯстию ҳамкории Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, тарҷума ва чопи  достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба забони тоҷикӣ фикру мулоҳизаҳои хубе баён гардиданд.
– Шоир Ҷонибек Қувноқ солҳои зиёд достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Навоиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард, – гуфт раиси бахши вилоятии Маркази фарҳангии миллии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов. – Мутаассифона, умри ин эҷодкор кӯтоҳ будаст,  нашр  ва муаррифии китоби мазкур ба вай тақдир накард. Бешубҳа, тарҷумаи осори адибони ӯзбек ба тоҷикӣ барои боз ҳам густариш ва таҳкими робитаҳои адабии ду халқи бародар хизмат мекунад.
Дар маросими муаррифӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова заҳмати фидокоронаи тарҷумони китоби «Лайлӣ ва Маҷнун»- ро эътирофу ба ташаббускорони ин кори хайр миннатдорӣ баён намуданд. 
Китоб таҳти назари Асадуллоҳ Шукуров, раиси шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, дар нашриёти «Туроннашр»-и Самарқанд ба табъ расидааст. 
 
Фарҳод НЕЪМАТОВ, рӯзноманигор, шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 669
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед