logo

Хабарҳо

Рӯйдодҳои илмӣ

НАШРИ «АХТАРОНИ АДАБ» ДАР 50 ҶИЛД
Нашриёти «Адиб» чопи силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб» - ро, ки аз 50 ҷилд иборат мебошад, ба итмом расонд. Дар ин бора аз нашриёт ба мо хабар  доданд.
«Ахтарони адаб» бо ибтикор ва аз ҳисоби Фонди захиравии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омадааст. 
Нашри силсила соли 2007 оғоз гардида буд. Ҷилди аввали китоб осори қофиласолор Абуабдуллоҳи Рӯдакиро фаро мегирад. Дар ҷилди дуюм ашъори ҳамасрони  Рӯдакӣ ҷой дода шудаанд. Дар ҷилди 3 то 12 «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори дигар ҳакимону орифон, ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ҷой дода шудаанд. Осори адибони муосир аз ҷилди 41 оғоз мегардад.
 
 
 
ҲАВОПАЙМОЕ, КИ  БО ҲИДРОГЕН ПАРВОЗ МЕКУНАД
Донишмандони Донишгоҳи технологии Делфт дар Нидерландия соли равон парвози ҳавопаймои ҷадидро имтиҳон хоҳанд кард. Дар ин бора сомонаи Naukatehnika.com иттилоъ додааст.
Ҷолиб ин аст, ки ҳавопаймо ба воситаи сӯзишворие ҳаракат мекунад, ки донишмандон аз ҳидроген ҳосил кардаанд. 
Ширкати колифорниягии «ZeroAvia» низ парвози санҷишии чунин ҳавопаймояшро, ки барои 20  мусофир пешбинӣ шудааст, дар ин сол роҳандозӣ карданист.
 
 
«СУПЕРИММУНИТЕТ» АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУС
Гурӯҳи донишмандони Донишгоҳи тиббӣ - илмии Орегон дар бораи имконияти пайдо намудани «супер-иммунитет» зидди коронавирус иттилоъ медиҳанд,- нигоштааст «Business Insider».
Мувофиқи тадқиқот, дар  сироятёфтагони Омикрон – штамми нави COVID-19  баъд аз эмкунӣ ба навъҳои ояндаи вирус муқовимати бештар пайдо мешавад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо бештари нафароне, ки аз зарбаи штамми Делта раҳо ёфтанд, онҳое мебошанд, ки пеш аз паҳн гардидани он иммунизатсия шуданд.
Олимон зикр менамоянд, ки дар нафарони аз беморӣ шифоёфта масунияти муқаррарӣ ба амал меояд. «Супериммунитет» танҳо баъд аз гирифтани ваксина пайдо мешавад. «Дар натиҷа сатҳи потан (антитела) баланд ва дар бунияи инсон имкони безараргардонии вирусҳо меафзояд», - гуфтааст Фикаду Тафесси, ҳаммуаллифи таҳқиқот.
Қаблан пизишки амрикоӣ Ашиш Ҷа иттилоъ дода буд, ки баъзе нафарон худро қасдан ба Омикрон олуда менамоянд, то масуният пайдо кунанд. Мутахассис ҳушдор додааст, ки COVID-19 – ро набояд нодида гирифт. 
«Ду ҳафта дар табобатхона бо гирифторони ин намуди беморӣ сари кор гирифтам ва дидам, ки одамон чӣ гуна аз Омикрон азият мекашанд. Медонем, ки Омикрон мисли Делта қотил нест, аммо хатар ҳанӯз ҷиддӣ аст» - гуфтааст духтур.   
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 591
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед