logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

ТАНЗИМ
Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонун
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Шукруллои Муқим, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Қурбонов, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлонро, барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, нисбат ба Шукруллои Муқим барои вайрон кардани талаботи моддаҳои 10, 14 ва Алишер Қурбонов барои нақзи муқаррароти моддаҳои 4, 5 ва қисми 2 моддаи 11 Қонуни мазкур парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, нисбат ба онҳо бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6000 сомонӣ таъин карда шуд. 
 
 
 
 
ҒОРАТГАРӢ
Оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ду ғоратгари маст
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд алайҳи ду сокини шаҳр, ба гумони содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз гумонбарон мардони 33 ва 21 - сола ном бурда, иттилоъ медиҳад, ки ҳодисаи ғоратгарӣ 2 феврал дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд ба амал омадааст. Он рӯз гумонбарон дар ҳолати мастӣ як сокини шаҳр (марди 25-сола)-ро лату кӯб намуда, 4 ҳазор сомониашро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Феълан, тафтиши ин ҳодиса бар асоси моддаи 248 Кодекси ҷиноятӣ идома дорад.
 
 
 
 
ДУЗДӢ
Боздошти марде, ки пеш бо 4 модда суд шудааст
Аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Спитамен нисбат ба як сокини ноҳия (марди 37-сола), ки қаблан бо моддаҳои 274 қисми 5, 388 қисми 1 ва 32 қисми 2, 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Ба иттилои сомонаи ВКД, марди қаблан судшуда ин навбат дар содир намудани ҷинояти дуздӣ (моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ) гумонбар дониста мешавад. Ӯ 17 январи соли 2022 дар ҳолати мастӣ бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи «Файз»-и ноҳияи Спитамен дучархаи як сокини дигари ҳамин ноҳияро дуздидааст, ки зарари расондашуда 2 ҳазору 879 сомониро ташкил медиҳад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2022    №: 28    Мутолиа карданд: 2446
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед