logo

Хабарҳо

Аз нишастҳои матбуотӣ

ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд
 
Боиси хушҳолист, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз 27 январи соли 2022 мақоми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дода  шуд,- иброз дошт Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳ зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ректор, дар соли 2021, Донишгоҳ бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ - тадқиқотии хориҷӣ 46 шартномаи  ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки яке аз онҳо таъсиси шартномаи муштарак миёни Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия мебошад.
Яке аз дастовардҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  таъсиси кафедраи ҳарбӣ  мебошад,  ки он фаъолияти худро соли таҳсили 2022-2023 оғоз  менамояд.
Убайдулло Асрорзода зикр намуд, ки Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар доираи шартномаҳо ва созишномаҳо  дар сессияи баҳорӣ табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгоронро дар макотиби олии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии  Ӯзбекистон, Малайзия, Полша, Ҷумҳурии Корея, Нидерланд ва дигар кишварҳо ба роҳ монад. Ҳамчунин, соли гузашта филиали Донишгоҳ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон таъсис ёфт. 
Инчунин, дар рафти нишасти хабарӣ зикр гардид, ки соли 2021 ду бинои нави таълимӣ бо иштироки Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ки дар онҳо 9 лабораторияи таълимӣ, китобхонаи илмии электронӣ, толори маҷлисгоҳ барои 600 ҷойи нишаст,  37 синфхона ва 22 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад.
 
З.  РАҶАБ
 
 
ДТҶТ мавқеи назаррас касб намуд
Соли рафта барои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соли фараҳбахш, хотирмон ва ноил шудан ба дастовардҳои муҳим буд. Ба шарафи 50-солагии муассиса қомуси он ба табъ расид. Нақшаи қабул иҷро гардид. Сатҳи сифати таълим, такмили маҳорати варзишӣ боло рафт. Толори варзишии ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ бо 800 ҷойи нишаст, ду синфхона ва 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз бо тахтаи электронӣ, компютер, проектор ва дигар лавозимоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ин нуктаро Шодӣ Сафаров, ректори таълимгоҳ, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ иброз дошт. Ҳамчунин, афзуд, ки омӯзгорон ва донишҷӯён дар бисёр озмуну мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкати фаъол доштанд.
Дар мавриди ҷалби мутахассисон ва донишҷӯён аз шумори занону духтарон мавсуф гуфт, ки роҳбарияти таълимгоҳ ба ин масъала ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Алҳол 76 нафар зан ба ҳайси омӯзгор фаъолият ва 232 духтар дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд. 
Дар посух ба пурсиш сарвари таълимгоҳ изҳор дошт, ки соли 2021-ум 105 нафар шаҳрванди хориҷӣ қабул гардида, ба таҳсил фаро гирифта шуд. Инчунин, дар назар аст дар Донишкада соли равон Чемпионати байналмилалӣ  оид ба самбо баргузор гардад.
Ҳамин тавр, Донишкада сол ба сол бо пешрафт ва дастовардҳои зиёди  хотирмон, беҳтар шудани сатҳи таълим мавқеи созгору назаррасро на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ касб мекунад.
 
Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
КҲФ 
359 ҲОДИСАИ ФАВҚУЛОДА ДАР ЯК СОЛ
- Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил ва роҳандозии корҳои наҷотдиҳӣ ва пешгирии садамаҳо мебошад.  Дар соли рафта наҷотдиҳандагони кумита дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ширкат карданд. Дар ин давра наҷотдиҳандагон 758 баромади фаврӣ гузаронда, 188 нафарро аз хатарҳо наҷот доданд. Бо вуҷуди роҳандозии рейдҳо, дидору мулоқотҳо бо аҳолӣ ва корҳои таблиғотӣ аз ҷониби кормандони кумита ҳамоно дар дарёҳо одамон ғарқ мешаванд ва ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо 155 нафар  одам ҷон бохт, - гуфт раиси кумита Рустам Назарзода.
Аз ҷумла, иттилоъ дод, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар соли гузашта 359 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 –ум 145 ҳодиса зиёд аст. Ҳамчунин,  59 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарар расонд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 42 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расид. 
 
Нигина РАҲМОН
 
 
ХОЛ РАҲМОН: «ҚАРИБ 80 ДАРСАДИ ШАБАКАҲОИ ОБЁРИИ ЛАХШ ТАЪМИР ШУДАНД»
Давоми соли гузашта идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо  дар майдони қариб 55 ҳазор гектар замини корами обӣ бо зиёда аз 61 ҳазор истифодабарандаи об шартномаи додугирифт бастанд, ки назар ба соли пешӣ 5507 гектар бештар аст. Истифодабарандагони об наздик ба 65 миллион сомонӣ ё 81 дарсади ҳаққи хизматрасонии обро пардохтанд.  
Дар ин хусус Хол Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дод. 
Директори агентӣ ба суоли хабарнигори рӯзнома доир ба таъмири шабакаҳои обёрии ноҳияи Лахш, гуфт, ки бо заҳмати якҷояи масъулони соҳа ва сокинони ноҳия қариб 80 дарсади шабакаҳои обёрӣ, аз ҷумла «Ғулама», «Пиёзӣ, «Ҷонқирғиз», таъмир гардиданд. 
- Бо вуҷуди ин,  беҳтар намудани вазъи обёрии ноҳияи Лахш ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои васеи картошкапарварӣ ва боғдорӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти агентӣ қарор гирифта, барои сохтани шабакаҳои нави обёрӣ дар ин ҷо ҷалби маблағҳои нав дар нақшаанд, - гуфт Хол Раҳмон.
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
 
 
ХАТЛОН
АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ВАРЗИШ
- Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маҷмуан, 435 ҳазору 338 нафар ҷавон, аз ҷумла 220 ҳазору 84 нафар духтарон ба сар мебаранд. Ҳамчунин, шумораи барандагони стипендияи махсус ба 464 нафар расидааст, - иброз дошт Маҳмуд Хоҷазода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, дар нишасти матбуотӣ. 
Ба гуфтаи М. Хоҷазода, дар минтақа ҳашт ҳазор варзишгар ҳаст. Соли гузашта 72 мусобиқаи минтақавӣ баргузор гардида, дар он 6500 нафар иштирок кард. Тимҳои мунтахаби минтақаи Кӯлоб дар 110 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва дар ҳашт мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, 1343 медал ба даст оварданд, ки 405 – то нисбат ба соли қаблӣ зиёд аст. Аз ҷумла, 427 медали тилло, 426 нуқра ва 490 биринҷӣ. 
Порсол барои фиристодани варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз 700 ҳазор сомонӣ равона гардид. Барои хариди таҷҳизот 100 ҳазор ва барои либоси варзишӣ, медалу ифтихорномаҳо 275 ҳазору 472 сомонӣ масраф шудааст. 
Ба шарафи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 30 майдончаи варзишӣ, 10 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмаа ва се варзишгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. 
 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
 
НИШОНДОДҲО НАЗАРРАСАНД
Дар Раёсати молияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нишасти хабарӣ доир гардид. Тоҷиддин Ҳусейнзода, муовини сардори раёсат, иттилоъ дод, ки ба ҷойи 267 миллион сомонӣ 294 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки 110,6 дарсади нақшаро дар бар мегирад. Ӯ баён дошт, ки порсол иҷрои андози иҷтимоӣ 175,9 миллион сомонӣ таъмин шудааст, ки 123 фоизи нақшаро ташкил дод. Ҳамчунин, дар шаҳру минтақаи Кӯлоб, бақияпулии қарзи андози иҷтимоӣ аз солҳои пешин ба 18,9 миллион сомонӣ расидааст. Т. Ҳусейнзода иброз дошт, ки дар соли равон қарз аз андози иҷтимоӣ ва нафақа бартараф хоҳад шуд. 
Тибқи иттилои мутасаддиён, хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ, бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 656,7 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 99 дарсади нақшаро ташкил мекунад. 
Феълан, дар соли сипаришуда идрорпулии донишҷӯён ва музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ дар минтақаи Кӯлоб пурра пардохт гардидааст. 
 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
КӮЛОБ
БАРДОШТ АЗ НИШАСТИ РАЁСАТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
- Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 42 сар бабри барфӣ, ки аз он 37 сар дар ноҳияи Ховалинг ва боқӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавҷуд аст, - гуфт Қурбон Соҳибов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти хабарӣ. Ҳамчунин, ӯ баён дошт, ки бабр ҳайвони даранда буда, дар баландкӯҳҳо ба сар мебарад ва ягон ҳолати ҳамлаи он ба сокинон сабт нагардидааст. 
Зикр шуд, ки порсол бо қарори Ҳукумати кишвар ба минтақаи Кӯлоб, ҳашт сар бузи пармашох барои шикор дастрас гардид. Арзиши як сар буз 237 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин, соли сипаришуда, аз ҷониби кормандони раёсат, нисбат ба 1160 нафар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои қоидавайронкунӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, санад тартиб дода шуда, ба маблағи 146 ҳазору 878 сомонӣ ҷарима таъин намуданд. Феълан, 146 ҳазору 394 сомонӣ рӯёнда шудааст. 
Суннати СОДИҚ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 624
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед