logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Ширин АМОНЗОДА: «БЕШ АЗ 189 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ВА  73 ҲАЗОР КОРҶӮ  СОҲИБКАСБ ГАРДИД»
Давоми соли гузашта дар мақомоти меҳнат зиёда аз 106 ҳазор корҷӯ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 189 ҳазор ҷойи кор ташкил ёфт. Аз ин  70295  доимӣ, 73,3 ҳазор муваққатӣ ва қариб 39 ҳазор мавсимист. Инчунин, наздики 73 ҳазор нафар ба курсҳои омӯзиши калонсолон ҷалб шуда, соҳиби касбу ҳунар гардид. 
Ин иттилоъро Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд. 
Тибқи иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат,   дар ин давра 21 ҳазор эҳтиёҷманд, ки барои дарёфти ҷойи кор ба вазорат муроҷиат намуд, мувофиқи талаботи бозори меҳнат, ба таври ройгон касб омӯхта, ба корҳои мувофиқ роҳнамоӣ шуд.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
 
 
 
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА: «ХИДМАТРАСОНӢ  ДАР ТАВАЛЛУДХОНАҲО  РОЙГОН АСТ»
Ба муҳоҷират рафтани табибон аз мавзуъҳои меҳварие буд, ки дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ шуд.  Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гуфт: «Камбуди мутахассисони соҳаи тиб, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ба назар мерасад. Баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ба хотири рафъи мушкил ва ҷалби табибон, имтиёзҳо муқаррар кардаанд ва тибқи он мутахассисонро  ба кор даъват менамоянд. Пизишкони  мо дар баробари дигар табибон барои дастрасӣ ба ин имтиёзу имкониятҳо сафар ихтиёр мекунанд». 
Ба гуфтаи ӯ, ин як сабаби муҳоҷирати пизишкон аст. Омили дигар  баланд бардоштани сатҳи касбият арзёбӣ шуд.  
-Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки табибон ба хотири баланд бардоштани сатҳи касбият, омӯхтани усулҳои нави ташхису табобат низ ба хориҷа мераванд. Аммо ин муваққатӣ мебошад. Таҳлилҳо  муайян намуданд, ки соли 2021 беш аз 140 мутахассис, ки як муддат берун аз кишвар фаъолият дошт, баргаштааст ва онҳо ҳоло дар Тоҷикистон кор мекунанд, - афзуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Дар нишаст, ҳамчунин, таъкид шуд, ки хидматрасонӣ дар таваллудхонаҳои кишвар ройгон мебошад. Ҳатто буриши қайсарӣ ҳам. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
АМИТ
18 ПАТЕНТ ДАР 1 СОЛ
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ соли 2021- ро барои академия соли бобарор арзёбӣ намуда, гуфт: «Олимон ин сол барои дастовардҳои нави илмиашон 18 патент ва 21 қарори мусбат оид ба гирифтани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба даст оварданд. Ин муддат, ҳамчунин, 26 коркард ва пешниҳоду тавсияҳои олимон, барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд».
Иттилоъ дода шуд, ки бештари ихтироъҳое, ки олимон соли 2021 ва солҳои қаблӣ  дар самтҳои гуногуни илм ба даст овардаанд, хусусияти татбиқшавӣ доранд, аммо дар амал татбиқ шудани онҳо ҳанӯз ҳам аз мушкили асосии соҳа мебошад.
- Бо мақсади пайвастани илм бо истеҳсолот дар АМИТ шуъбаи татбиқи илм бо истеҳсолот  таъсис ёфт. Шуъба қариб бо тамоми корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолкунандаҳои ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, бовар дорем, ки натиҷаи хуб ба бор  меорад, - афзуд Ф. Раҳимӣ.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
ТУРСУНЗОДА
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 1 МИЛЛИАРДУ 51 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД 
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки  иқтисодиёти шаҳр маҳсуб меёбад. Кишоварзон ҳамасола барои таъмини амнияти  озуқавории ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Соли сипаришуда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 1 миллиарду 51 миллион  сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешӣ 170 миллион сомонӣ (19,3 дарсад) зиёд аст.  
Кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда ҳар як ваҷаб заминро ҳамчун воситаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ самараноку мақсаднок истифода намуда, дар ин соҳа таҷрибаи беқиёс доранд. Рӯёндани ҳосили дилхоҳу фаровон, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ба он мусоидат кард, ки ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ низ рӯ ба афзоиш орад. Дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 29478 тонна содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 23462 тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла, содироти помидор 12796, бодиринг 14291, пиёз 29632, ангур 24808, мева 4200 ва дигар сабзавот 18100 тоннаро ташкил дод.
Ҷиҳати талаф наёфтан ва дуру дароз нигоҳ доштани ҳосили дастранҷи деҳқонон  айни ҳол дар шаҳр 53 сардхона бо гунҷоиши 10877 тонна мавҷуд буда, ҳаҷми захираи маҳсулот ба ҳолати як январи соли ҷорӣ 790 тоннаро ташкил медиҳад. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ДДФСТ 
ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАР ДАР САМТИ ИЛМ
 
Яке аз навиди фараҳбахш дар соли гузашта, нашри ду мақолаи илмӣ дар маҷаллаи илмии байналмилалии Agritech 5 – IOP аз ҷониби устоди Донишкада Фирдавс Арабов мебошад, - гуфт Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода. Инчунин, 84 мақолаи устодон дар маҷаллаҳои хориҷӣ чоп шуд. 
Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди бемории ҳамагири коронавирус, ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ дар доираи робитаҳои байналмилалӣ самаранок буда, соли сипаришуда зиёда аз 15 нафар устоди Донишкада бо мақсади такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шиносоӣ бо раванди таълимии муассисаҳои ҳамкоридошта, сафарҳои корӣ анҷом дод. Ҳамчунин, 9 нафар устоду ҳунарманди шинохтаи хориҷӣ дар тренингҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорати «Устод - шогирд», дар машғулиятҳои амалии Донишкада ширкат дошт.
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
Хайриддин УСМОНЗОДА: «ЭҲТИМОЛИ ТАЪСИРГУЗОРИИ ҲАВОДИСИ ҚАЗОҚИСТОН БА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МАҲДУД АСТ»
 Омили асосии ҳаводисе, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуқуъ пайваст, нобаробарии иҷтимоӣ буд. Гузашта аз ин, дар он кишварҳои беруна ва гурӯҳҳои нуҳуфтаи ифротӣ даст доштанд. Аз сабаби он ки, Қазоқистон таҷрибаи фаврии вокуниш нишон додан надошт, ҳолати ниҳоят мушкил ба миён омад. Аз ин хотир, Президенти ин кишвар барои дарёфти роҳи ҳалли масъала ба давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муроҷиат кард, - иброз дошт Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар посух ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият».
Ӯ афзуд, ки эҳтимоли доман густурдани ҳодисаҳои Қазоқистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле маҳдуд мебошад. 
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ин масъала дар Паёми Президенти кишвар (21.12.2022) ба миён гузошта шудааст, ки сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад. Аз ин нуқтаи назар, дастури мазкур суботи мамлакатамонро боз ҳам устувортар хоҳад кард.    
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
АГЕНТИИ  ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
СЕХИ ИСТЕҲСОЛИ ШАРБАТИ ХУЧ ВА ОЛУЧАИ КӮҲӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Соли сипаришуда аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст сехи коркарди хуч ва олучаи кӯҳӣ ба истифода дода шуд, ки он ба истеҳсоли нӯшоба аз ин номгӯи маҳсулот машғул мебошад. Иқдоми мазкур дар доираи бунёду барқарорсозии ҷангал, аз ҷумла шинондани ниҳоли хуч дар майдони 283,8 гектар ва истеҳсоли беш аз 100 тонна меваи он, амалӣ мегардад.
Дар ин бора Наим Набизода, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан ниҳоли хуч дар якҷоягӣ бо дигар ниҳолҳои мевадиҳанда дар майдони наздики 2 ҳазор гектар парвариш меёфт, ҳоло бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол ниҳолҳои ин меваи шифобахш дар қитъаҳои алоҳида шинонда мешаванд ва майдони он дар соли 2022 боз ҳам васеъ мегардад. Ин  имкон медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи хоҷагиҳои ҷангал беҳтар ба роҳ монда шавад.  
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
КУМИТАИ САЙЁҲӢ
СОЛИ РАФТА ШУМОРАИ САЙЁҲОН 15,5 ФОИЗ КОҲИШ ЁФТ
Соли гузашта ба Тоҷикистон 296,3 ҳазор сайёҳ  ташриф овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - ум 15,5 фоиз кам аст. Дар мамлакат 237 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумора дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 50,  Суғд 40,  Хатлон 17, шаҳри Душанбе 113 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 адад мебошанд, - гуфт  зимни нишасти матбуотӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар ин давра дар мамлакат дар маҷмуъ, 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият намудааст, ки аз ин шумора 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотелҳо, 49 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, 2 пансионат ва кемпинг, инчунин, 4 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ дар хизмати муштариён қарор доранд.
 
Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
ДАНҒАРА 
КИШОВАРЗӢ ДАР ҲОЛИ РУШД
 
9 феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара нишасти матбуотӣ доир гашт. Киромиддин Хоҷазода, муовини аввали раиси ноҳия, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли сипаригашта нақшаи буҷет бо назардошти андози иҷтимоӣ 105 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 177 миллион сомонӣ, 185 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ба буҷет интиқол ёфт, ки нисбат ба нақша 8,9 ва қиёс ба соли қаблӣ 25,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми хароҷоти ноҳия 127 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва 72 дарсади он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардид.  
Ҳамчунин, ӯ тазаккур дод, ки дар ноҳия музди миёнаи меҳнат ба 1658 сомонӣ баробар буда, дар муқоиса ба соли пешин 212 сомонӣ афзудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 38 корхонаи саноатӣ ба 2 миллиарду 181 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расидааст, ки дар қиёс ба соли пеш 508 миллиону 900 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ноҳия 5 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла парвариши мурғи гӯштӣ, истеҳсоли равғану макарон, шарбати мева ва корхонаи маҳсулоти ширӣ, мавриди истифода қарор дода шуд.  
- Нишондодҳо дар самти кишоварзӣ низ назаррас буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 1,4 миллиард сомониро ташкил дод ва 10 ҳазору 900 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Истеҳсоли ғалладона, пилла, сабзавот, маҳсулоти гӯштӣ, шир, тухм, полизӣ ва меваҷот зиёд шуд, - илова кард муовини раиси ноҳия.
 
Суннати СОДИҚ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 784
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед