logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ТАЪРИХ, ЗАМИНАҲОИ НИЗОЪ ВА МУШКИЛОТИ САРҲАДӢ

Агар мо ба таърихи низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон назар афканем, мебинем, ки яке аз қитъаҳои баҳсбарангези сарҳади ду кишвар ин гирду атрофи деҳаи бостонии Ворух (аз забони эронии қадим гирифта шуда, маънояш “қаъла” аст)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Роҳе, ки имрӯз деҳоти Ворухро ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон пайваст мекунад, аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад. Лекин, агар аз ҷиҳати ҳуқуқӣ гирем, Ворух таърихан мансуб ба Тоҷикистон аст, на дар шакли “анклав”, инчунин, заминҳои деҳаи Оқсойи Қирғизистон ҳам.
Исботи ин гуфтаҳоро мо дар шартномаҳое, ки солҳои 1924, 1927 ва 1947 вобаста ба масъалаи сарҳадӣ миёни тарафҳо мувофиқа шуда, ба имзо расида буд, дида метавонем. Аммо аз солҳои 50-уми асри ХХ оғоз карда, қабули қарор дар масъалаи мазкур хусусияти якҷониба гирифта, бештари вақт дар вохӯриҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зери фишори марказ – Ҳизби коммунистӣ (Москва) қарорҳо қабул мешуд, ки бештар ба нафъи ҷониби Қирғизистон буд.
Ҳамзамон, дар таърихи низоъҳои сарҳадӣ ҳамеша ҷониби Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ ё ба таври ошкоро ҳуҷуми мусаллаҳона карда, ба мардуми тоҷик зарари ҷонию иқтисодӣ овардааст. Масалан, 31 декабри соли 1974 як гурӯҳ шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Ворухи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карданд, ки дар натиҷаи он қисми зиёди мардуми маҳаллии тоҷик захмдор гардиданд. Баъдан, чи тавре ки мебинем, дар ҳалли низои мазкур Прокуратураи генералии ИҶШС дахолат карда, баъд аз тафтишоти тулонӣ ба хотири хомӯш намудани низоъ як қисмати замин аз ҳудуди деҳаи Ворух (аниқтараш 300 гектар) ба мардуми ноҳияи Боткенти Қирғизистон дода шуд, ки дар ин ҳудуд қирғизҳо ба сохтмони деҳаи ҳозираи Оқсой оғоз карданд. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро низоъро ҷониби Қирғизистон шуруъ кард, аммо боз қарор ба нафъи онҳо қабул шуд? 
Низои дуюм миёни Тоҷикистону Қирғизистон тобистони соли 1989 сар зад. Сабаби он аз меъёр зиёд истифода бурдани дарёи Исфара аз ҷониби мардуми қирғиз буд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори марказ-Москва аз 1 апрел то 1 июн ҳамарӯза танҳо 2 дарсади оби онро ҷониби қирғиз бояд истифода мебурд. Дар натиҷа, мардуми деҳаи Хоҷаи Аъло садди роҳи обро баста, аз мардуми қирғиз талаб карданд, ки обро тибқи меъёр истифода баранд ва заминҳои ғайриқонунӣ гирифтаашонро баргардонанд. 13 июни соли 1989 мардуми деҳаи Самарқандак ва деҳаҳои гирду атрофи ноҳияи Боткент бо теъдоди 3000 нафар мусаллаҳ бо силоҳҳои шикорӣ ба деҳаи Хоҷаи Аъло ҳуҷум карданд. Низои мазкур ду рӯз идома ёфт, ки дар натиҷа аз ҷониби тоҷикон 2 нафар кушта ва 24 нафар захмӣ шуданд. 
Ҳамин тавр, барои ҳалли ин низоъ ва баҳсҳои сарҳадӣ бо супориши роҳбарияти ИҶШС комиссияи муштарак таъсис шуд. 
Яке аз санадҳои дигаре, ки ҳақ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баҳсҳои сарҳадӣ тасдиқ мекунад, ин хулосаи комиссияи аз ҷониби Шурои миллии Шурои Олии ИҶШС созмоншуда мебошад. Шурои мазкур комиссияро дар ҳайати се нафар вакилони машҳури Шурои Олии ИҶШС таъсис дода, баҳри таҳлил ва ҳалли низои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон равон мекунанд, то ки омилҳои мушкилоти мазкурро омӯхта, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намоянд.
Дар натиҷа, баъд аз анҷоми таҳлилҳояшон дар ҳудудҳои баҳсӣ, онҳо тамоми санадҳое, ки дар бойгонии шаҳри Москва мавҷуд буд, омӯхта, дар хулосаашон пешниҳод карданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар баҳсҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон ҳақ аст ва деҳаи Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва таърихан ба таври мустақим бо шаҳри Исфара якҷоя буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Мушкилоти сарҳадӣ боз аз нав солҳои 2000-ум шуруъ гардид. Ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ба хотири рафтан ба ноҳияҳои дигари вилояти Боткент аз роҳҳои шаҳри Исфара истифода мекард. Ҷониби Қирғизистон аз Тоҷикистон дархост намуд, то ки барои бунёди роҳ дар ҳудуди заминҳои Тоҷикистон барои пайваст шудани минтақаҳои аз ҳам ҷудои онҳо иҷозат диҳад. 
Ба хотири нигоҳ доштани дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ соли 2007 Тоҷикистон ба онҳо иҷозат дод, ки дар ҳудудаш ба сохтмони роҳ оғоз намояд ва он ҳудудро бо дарозии 272 метр ба муҳлати 49 сол ба онҳо иҷора дод.
Ҷониби Қирғизистон дар қитъаи замини ҷудошуда роҳи мошингардро сохта, ноҳияи Лайлакро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард ва баъд аз ин, боз ба фишороварӣ ва даъво нисбат ба қитъаҳои дигари ҳудуди Тоҷикистон оғоз кард. Аксар вақт онҳо роҳе, ки деҳаи Ворухро бо шаҳри Исфара пайваст мекард, мебастанд ва ин кор рафта-рафта ба як одати онҳо табдил ёфт. Маҳз ҳамин амали онҳо ба низоъҳои баъдӣ замина гузошт.
Низои сарҳадии баъдӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон соли 2019 рух дод, ки дар натиҷаи он 2 нафар аз деҳаи Ворух ва 1 нафар аз деҳаи Хоҷаи Аъло ҷон бохтанд. Охири моҳи апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз аз нав низоъ рух дод, ки дар он бештар аҳолии маҳаллӣ зарари моддию ҷонӣ диданд.
Низои охирин миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон (27 январи соли 2022) низ маҳз аз тарафи қирғизҳо ба амал омад. Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шурои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд. Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт. Дар ин даргирӣ ҷониби Қирғизистон аз миномёт зидди аҳолии осоишта истифода бурд. Ҳамчунин, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд. Дар пайи ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафари дигар фавтиданд.
Хулоса, чи тавре ки мебинем, тамоми низоъҳои сарҳадие, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст, сабабгор ва ташаббускори асосии он шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд ва дар онҳо мардуми тоҷик зарари зиёд дидааст. Дар баробари оне, ки ҳеҷ гоҳ ҷониби Тоҷикистон ба ҳудуди онҳо бо силоҳ ворид нашудааст, аммо мақомоти қудратии Қирғизистон мардуми бегуноҳи тоҷикро, ки ҳеҷ ҷинояте содир накардаанд, тавассути Интерпол ба кофтукови байналмилалӣ медиҳанд, ки ба ҳеҷ меъёре баробар нест.
 
 
А. Н. РАҶАБЗОДА, 
ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи равандҳои 
сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2022    №: 30    Мутолиа карданд: 697
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед