logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДАР БАХШИ САНОАТИ АБРЕШИМ ВА ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА

 
Дар шаҳри Тошканд мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди саноати абрешим ва пашми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндагони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳо, комёбиҳои саноати абрешим дар солҳои охир, ислоҳоти иқтисодӣ, сармоягузории хориҷӣ, васеъ намудани базаи хӯрока, махсусан тутзор ва роҳҳои истифодаи самараноки он табодули назар карданд.  
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи рушди саноати абрешим ва пашми Ӯзбекистон, ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки намояндагони ҶСК “Пиллаи тоҷик” қаблан ба вилоятҳои Фарғона ва Сурхондарёи Ӯзбекистон ташриф оварда, бо фаъолияти кирмакпарварон аз наздик шинос шудаанд. Дар ҷараёни ин сафар мизбонон ба меҳмонон 11 навъи тутзорро нишон додаанд, ки бо истифода аз онҳо кирмакпарварон ба истеҳсоли пилла машғуланд. Инчунин, меҳмонон намоишгоҳи иттиҳодияи «Ӯзбекпаксаноат»-ро низ тамошо кардаанд, ки маҳсулоти аз абрешим тайёршударо ба намоиш гузошта буданд.
- Маҳз натиҷаи имтиёзҳост, ки мо соли равон пиллаи хушсифат рӯёндем. Ҳоло дар ҷумҳурии мо соле зиёда аз 25 ҳазор тонна пилла истеҳсол мешавад. 76 корхона бевосита ба коркарди пилла машғул мебошанд, - изҳор дошт Баҳром Шарипов, раиси Кумитаи рушди саноати абрешим ва пашми Ӯзбекистон зимни мулоқот.
Ба таъкиди ӯ, панҷ фабрикаи истеҳсоли матоъ мавҷуд аст ва тавассути он ҳудуди 50 дарсади абрешим ба матоъ табдил шуда, ба хориҷа содир мегардад: “Дар ин соҳа қариб як миллион нафар кор мекунанд, ки 90 дарсади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Пешбинӣ мешавад, ки соли ҷорӣ онҳо тадриҷан аз кирмакпарварӣ ба истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти тайёр гузаранд”
Дар идомаи суҳбат Назиршо Назаров, роҳбари ҶСК “Пиллаи тоҷик”, аз таҷриба ва иқтидори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи истеҳсоли абрешим тавсиф намуда, чунин изҳор доштааст: “Мо соле як маротиба ҳосили пилла ба даст меорем. Ҳоло бо истифода аз таҷрибаи ҳамтоёни ӯзбеки худ истеҳсоли пилларо 2 – 3 баробар афзоиш хоҳем дод. Барои ин мо базаи хӯроки кирмакро мустаҳкам мекунем. 50 ҳазор бех ниҳоли тутро аз кишварҳои хориҷӣ дастрас кардем, ки бо парвариши он ба рушди саноати кирмакпарварӣ дар кишварамон ноил хоҳем шуд”. 
Зимнан, Н. Назаров ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода иқтидорҳои мавҷуда таъкид намудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст байни ҶСК “Пиллаи тоҷик ва Кумитаи рушди саноати абрешим ва пашми Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум имзо шудааст, ки барои ифтитоҳи корхонаҳои муштарак заминаи мусоид мегузорад.
Сафари роҳбарият ва намоядагони ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дошта, қарор аст, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявии «Соли сабз», ки ташкилотҳои коркарди пиллаи соири вилоятҳои Ӯзбекистон баргузор мекунанд, иштирок намоянд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошканд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 551
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед