Хабарҳо
ХОВАЛИНГ. 817 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ШУД
- Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2022», давоми соли сипаришуда 975 шаҳрвандро, ки барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуданд, қабул намуд, - изҳор дошт зимни суҳбат Ҷавшан Яқубов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ховалинг. Аз ин шумора, 370 нафарро занон ва 216 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, 817 сокин ба ҷойи кор таъмин ва 220 сокини ноҳия аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, дар 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки дар ҳамкорӣ бо идораю ташкилоти буҷетӣ, корхонаҳои хурди саноатию истеҳсолӣ, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо доир шуд, 117 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Ба гуфтаи номбурда, бештари бакортаъминшудагон дар корҳои сохтмонӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҷалб шуданд.
- Оид ба додани қарзҳои имтиёзнок бошад, соли гузашта ба 28 сокини ноҳия, ки 19 нафар зан ва 9 нафар ҷавон мебошанд, барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 93070 сомонӣ қарз дода шуд, - гуфт Ҷ. Яқубов.
Ҳамчунин, дар ин давра ба 114 ҷавони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва 9 шаҳрванди аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шуда, кумакпулӣ таъин гардид.
Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 555