logo

Хабарҳо

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ РАФТ

Тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳои хидматнишондода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Левакант ба аёдати собиқадори меҳнат Файзулло Раҷабалиев рафт.
Чуноне аз шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ба ин собиқадори меҳнат, ки 75 сол дошта, 42 соли ҳаёташро ҳамчун технологи пуртаҷриба дар ҶСК "Азот"-и шаҳри Левакант фаъолият кардааст, раиси вилоят туҳфаҳои молию пулӣ тақдим намуд.
Файзулло Раҷабалиев солҳои 1966 - 2008 аз коргари одӣ то сардори сехи истеҳсоли карбамид дар ҶСК «Азот»-и шаҳри Левакант кор кард, заҳматҳояш бо ордени Нишони фахрӣ ва медали Хизмати шоиста қадр шудаанд.
Ӯ падари 6 фарзанд аст, ҳамаи онҳо маълумоти олӣ доранд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мебаранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба собиқадори меҳнат иброз дошт, ки пирони рӯзгордида ва дар зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. 
Ба Файзулло Раҷабалиев барои меҳнати бисёрсолаи намунавӣ, тарбияи фарзандони шоиста, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуда, барояш умри дарозу саломатии бардавом таманно карданд.
Ҳамзамон, Қурбон Ҳакимзода аз вазъи саломатӣ ва зиндагии модари 92-сола Холдона Беғамова пурсон шуда, бо ӯ суҳбати самимӣ орост. 
Боиси зикр аст, ки Холдона Беғамова 10 майи соли 1929 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, баъди оиладор шудан то ба ҳол дар шаҳри Левакант умр ба сар мебарад. Ӯ модари 7 фарзанд буда, беш аз 50 набераву абера дорад ва имрӯз дар ҳалқаи онҳо даврони пирӣ меронад.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шаҳрвандон ҷараён гирифт.
Қурбон Ҳакимзода дар ибтидо зикр кард, ки баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дастури ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин рӯ, аз ҷониби роҳбарони сатҳи маҳал мунтазам қабули шаҳрвандон гузаронда мешавад.
Ба раиси вилоят нафақагир Кабкинисо Давлатова, сокини шаҳри Левакант, вобаста ба кумак барои табобат, Мирзошо Маҳмудов, аз деҳаи Меҳробод, оид ба таъмини техника дар сангфаршкунии роҳи деҳа, сокини деҳаи Баҳодуробод Гуландом Солиева, оид ба баҳси замини хоҷагии деҳқонӣ, узви хоҷагии деҳқонии Бӯстон аз деҳаи Хуррамдеҳ Астанақул Гулоев доир ба ҳуҷҷатгузорӣ шудани 4 синфхонаи иловагии муассисаи таълимии рақами 5, раиси маҳаллаи деҳаи Гулистон Шариф Шафиев оид ба таъмири насосҳои обкашӣ, раиси маҳаллаи деҳаи Навобод Бозор Қурбонов вобаста ба ёрӣ барои насб кардани трансформатор ва таъмин намудан бо симчӯбҳо, корманди раёсати ВКД дар вилоят Маҳбуба Ҳалимзода оид ба ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сокини маҳаллаи Меҳробод Файз Сафаров вобаста ба насб намудани симчӯбҳо ва трансформатор, омӯзгори ҷавони МТМУ рақами 14 Таҳмина Тӯраева доир ба эҳтиёҷаш ба замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати ҳалли мусбати арзу дархости мардум дастури мушаххас дод.
Таъкид шуд, ки шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, муроҷиат намоянд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед