logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

 
“Амонатбонк” ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн” пайваст гардид
 
- Бонк аз рӯйи фаъолияти худ 110 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба Буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2020 13,7 миллион сомонӣ ва ё 14,2 фоиз зиёд мебошад, - иброз дошт Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”.    
Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, бонк 667 нуқтаи қабули маблағҳои коммуналӣ ва 358 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 631 адад постерминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.
Дар соли рафта аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла 43 миллион доллари ИМА-и бонкҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 5 миллион доллари ИМА-и ҶС «Ширкати суғуртаи содиротии «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон,  ба 27 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 16,1 миллион доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот қарзи бонкӣ пешниҳод кард.
Бо мақсади мусоидат намудан ба фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, бонк қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш-2021», «Истиқлол-30» ва «Орзуҳои солинавӣ» аз 18 то 20 фоизи  солона роҳандозӣ намуд.
Дар марҳилаи кунунӣ қарз ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян шудааст.
“Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмуъ, бо 7916 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба соли пеш 148  адад зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 463 ҳазор нафар расидааст. 
Як нукта боиси зикр аст, ки бо мақсади дастрасии қулай ва фаврии интиқоли маблағҳо, “Амонатбонк” ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн” пайваст гардид. Ин имкон медиҳад, ки истифодабарандагони барнома тавассути корти миллии “Амонатбонк” маблағ интиқол диҳанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
 
 
 
 
Абдулло РАҲМОНЗОДА: 
«Ба сохтмони майдончаҳои варзиш афзалият дода мешавад»
Соли рафта 966 варзишгари тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат намуда, 398 медал (103 тилло, 121 нуқра, 174 биринҷӣ) ба хазинаи варзишии мамлакат ворид кард. Дар ин бора Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Кишвари мо, ки сарзамини кӯлу дарёҳои табиӣ ба ҳисоб меравад, шояд аз ҳамин сабаб, ҳатто, дар замони шуравӣ низ ба сохтани кӯлҳо барои шиноварӣ чандон таваҷҷуҳ нашудааст. Ҳамагӣ дар 5 – 6 шаҳру ноҳия кӯли «Ҷавонон» мавҷуд буду халос. Ҳоло ки мо, дар маҷмуъ, 100 ҳавзи шиноварӣ дорем, тақрибан 90 дарсади он дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ сохта шудааст. Пурра таъмин намудани шаҳру ноҳияҳо бо ҳавзҳои шиноварӣ вақтро талаб мекунад. Ҳоло мо ба сохтмони майдончаҳои варзиш, афзалият дода истодаем зеро талаботи мардум ба ин зиёд аст, - гуфт раиси кумита дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
НОҲИЯИ РӮДАКӢ 
Мушкилии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бартараф мешавад
Соли гузашта ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 5 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои 735 ҷойи нишаст ва 5 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Азизулло Исматзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, иброз намуд.
Ҳамчунин,  зикр шуд, ки дар ноҳия ҳамасола  ба миқдори  6 ҳазор хонанда зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, сохтмон ва бунёди 5 муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда дар як баст зарур дониста мешавад.
Бо ин мақсад, айни ҳол сохтмони бинои раёсати маориф ва бунёди бинои иловагии 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бомаром идома дорад. Баъди ба истифода додани биноҳои мазкур 1936 ҷойи нишаст дар як баст зиёд мегардад. Дар баробари  ин, 38 синфхонаи иловагӣ бо 936 ҷойи нишаст низ дар назди муассисаҳои таълимӣ бунёд мегардад.
 
Комрон САФАР
 
 
 
 
ШАҲРИ РОҒУН
77 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид
 
Тавре Сунъатулло Саидзода, иҷрокунандаи вазифаи  раиси  шаҳри Роғун, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, соли 2021 дар  шаҳр 77 ҳолати қонунвайронкунӣ оид бо истифодаи замин дар майдони 17,29 гектар ошкор гардида, қонуншиканҳо ба маблағи 44792  сомонӣ ҷарима гардиданд, ки нисбат  ба соли гузашта 13768  сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, зикр гардид, ки  66 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 12,47 гектар замин дар маҳал бартараф гашт.
Ҳамчунин, дар рафти нишаст зикр шуд, ки дар се соли охир 570 оилаи ниёзманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид.
Дар соли сипаригардида  143 шиносномаи  техникии ҳавлидорӣ, 349 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шуданд.
 
З. РАҶАБ 
 
 
 
 
ФАЙЗОБОД
Рушди кишоварзӣ дар мадди аввал 
 
Бобишо Холзода, раиси ноҳияи Файзобод, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2021 кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғу токзори меваҳои бозоргиру содиротиро зиёд намуданд. Айни замон дар ноҳия 6031 гектар боғ мавҷуд аст.  3728 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд, ки бештари онҳо ба боғдорӣ машғуланд. Соли гузашта 5457,3 тонна ҳосили себ гирифтанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 417,4 тонна беш аст. 
Бо мақсади таъмини фаровонии бозорҳо майдони кишти зироатҳо ба 9438 гектар расид. Аз ин ғалладона 3977,6, зироатҳои техникӣ 668, картошка 817 ва хӯроки чорво 3098 гектарро ташкил медиҳад. Дар  ин давра кишоварзон дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидорӣ 6353 тонна ғалладона, 612,3 тонна зироатҳои техникӣ, 13000,5 тонна картошка, 14712,9 тонна сабзавот, 159,6 тонна полизӣ, 5874,7 тонна мева, 859,9 тонна ангур ва 14988 тонна хӯроки чорво ҷамъ оварданд.
 
З. РАҶАБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед