logo

Хабарҳо

Суҳбатҳои телефонии Путин бо Макрон ва Байден

Мир24. Гуфтугӯҳои телефонии Владимир Путин 12 феврал дар фазои созанда сурат гирифтанд. Нахуст, раҳбари Россия бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон муддати 1 соату 40 дақиқа гуфтугӯ кард.
Онҳо амнияти байналмилалӣ, вазъ дар марзи Россия ва Украина, ҳангомаҳои иттилоотӣ дар атрофи таҳдиди низомиро баррасӣ намуданд. Роҳбари Фаронса эътироф кард, ки дар Қасри Елисей ҳеҷ нишонае аз омодагии Россия барои   ҳамла ба  Украина ба мушоҳида нарасидааст.
Худи ҳамон рӯз, Президенти Амрико ба Президенти Россия занг зад.   Байден як қатор мулоҳизаҳоро баён кард, ки ба андешаи ӯ, бисёре аз нигарониҳо ва ташаббусҳои Россияро ба инобат мегиранд. Ва афзуд, ки тарафдори роҳи дипломатист. Бале, Москва ва Вашингтон рақиб боқӣ мемонанд, аммо онҳо бояд ҳама корро кунанд, то суботи ҷаҳонро нигоҳ доранд.
 
 
Даъвати Кремл аз Аврупо
 
АИР «Новости». Котиби матбуотии Президенти Россия Дмитрий Песков  гуфт, ки кишварҳои Аврупо дар самтгирии сиёсати хориҷии худ зери фишори ИМА қарор доранд. Онҳо ба далели нуфузи қавии Вашингтон дар сиёсати хориҷӣ мустақилона тасмим гирифта наметавонанд.
Сухангӯи Кремл илова кард, ки ИМА ба шариконаш дар Аврупо ошкоро нишон медиҳад, ки бояд чи кор кунанд. Агар касе ба фикри Вашингтон розӣ набошад, пас онро мустақиман аз оқибатҳояш огоҳ мекунад, ки ин ба ҳама маълум аст. Дар робита ба ин, Песков Аврупоро ба рафтори огоҳона даъват кард ва ба кишварҳо тавсия дод, ки ба ҷои дастурҳои ИМА дар бораи манфиатҳои худ андеша кунанд.   
 
 
 
Иштироки Токаев  дар маросими ёдбуди қурбониён
 
CentralAsia (KZ). Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январ дар масҷиди Ҳазрати Султон ширкат кард. 
Дар суханронии худ  Президенти Қазоқистон баъди хондани дуои ёдбуд зикр кард, ки имсол мардуми қазоқ озмоишҳои сангинро аз сар гузаронданд. «Якпорчагии давлат, амнияти шаҳрвандон, ояндаи кишвар зери хатар буд. Мо муваффақ шудем, ки ҳуҷуми террористонро  рафъ созем. Мутаассифона, ин нооромиҳо ҷони бисёре аз шаҳрвандонро аз байн бурд. Ин як фоҷиаи воқеӣ аст. Ҳодисаҳои ногуворе, ки рӯй доданд, тамоми кишварро такон доданд. Мехоҳам бори дигар ба аҳли хонавода ва наздикони қурбониён тасаллияти амиқи худро баён намоям. Давлат шуморо танҳо намегузорад», - таъкид кард Токаев.   
 
 
 
Маъракаи интихоботи президентии Туркманистон имрӯз оғоз мешавад
 
Мир24. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон, маъракаи интихоботӣ барои интихоби президенти ин кишвар 14 феврал оғоз мешавад.
12 март дар ҷумҳурӣ интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ барпо мегардад. Оид ба ин, Гурбонгули Бердимухаммедов ба Комиссияи марказии интихобот дастур дод.
Президенти Туркманистон метавонад касе интихоб шавад, ки  шаҳрванди ин кишвар бошад ва  тайи 15 соли ахир дар Туркманистон   кору зиндагӣ мекунад. Синну солаш на кам аз 40 бошад, хатман забони давлатиро донад. 
 
 
 
Президенти Олмон ба Путин муроҷиат кард
 
Газета.ру. Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба Президенти Россия Владимир Путин муроҷиат кард, ки роҳҳои сулҳро бо Аврупо ҷустуҷӯ кунад.  
Ба гуфтаи ӯ, Аврупо дар пасманзари танишҳои ахир дар ҳолати таҳдиди муноқишаи низомӣ қарор дорад. Ба таъкиди Штайнмайер, демократияи ғарбӣ қавӣ аст, зеро онро худи шаҳрвандон назорат мекунанд. Вай ин нуктаро зикр кард, ки ИМА, Фаронса ва Олмон паём доданд, ки хостори муноқишаҳо  нестанд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 511
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед