logo

сиёсат

ИТМИНОН БА НАСЛИ ОЯНДАСОЗ ЭЪТИМОД БА ФАРДОИ МИЛЛАТ АСТ!

Ҷомеа ва давлати ҷавони мо имрӯз дар марҳалаи бунёдкориву созандагӣ қарор дошта, рушду нумӯи кишварамон аз фаъолияти эҷодкоронаи ҳар фарди он вобаста аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат, ба масъалаи ҷавонон, ҳамчун неруи ояндасоз ва қувваи пешбарандаи ҳаёт, аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва барои беҳбуд бахшидан ба шароити илмомӯзии онҳо як силсила қонуну қарорҳои мушаххас қабул шудаанд.
Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат масъалаи ҷавонон, дар баробари дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ин аз ҳусни таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа шаҳодат медиҳад. Дар паёмҳои ҳарсолаи хеш Президенти кишвар ба неру ва дониши ҷавонон баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар сохтмони ҷомеаи навин бузург ва бориз шумурда гуфтаанд: “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.
Маҳз бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат ҷавонон ба неруи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтанд. Воқеан, қувваи пешбарандаи ҳар давлат, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷавонон буда, тахминан 70 дарсади аҳолии кишварамонро ташкил медиҳанд, ки аз ин дидгоҳ мавқеи онҳо дар таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими давлатдории тоҷикон муҳим арзёбӣ мегардад. 
Имрӯз, ки  дар сарзаминамон сулҳу ваҳдат пойбарҷост, ҷавонон бояд дар партави сиёсати созандаи Сарвари давлат, бо кору ташаббусҳои нави худ барои рушди мамлакат саҳми арзанда гузоранд, пеш аз ҳама, ватандӯсту ватанпараст бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкати фаъолона варзанд, амнияти давлат ва марзу буми Ватанро ҳимоя карда, Ватан-Модари худро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори кишвари зебоманзарамон бошанд. 
Ба ин хотир, таъкидҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «ояндаи миллату давлат» маҳсуб донистани ҷавонон, аз онҳо масъулияти баландро тақозо месозад.
Муҳимтарин асле, ки инсонро ба ҷаҳони маънавӣ ворид мекунад, омӯзиши донишу илм мебошад ва мусаллам аст, ки ниёгони куҳанбунёди мо – тоҷикон, соҳиби девону дафтар будаанд. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба ҷавонон таъкид месозанд:
 “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.
Касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.
Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем”.
Бешубҳа, илм омӯхтан раҳнамои оянда ва ҳунар касб кардан, ба қавли Шайх Саъдӣ “чашмаи зоянда” мебошад. Бо ибтикору ташаббуси Пешвои миллат дар тули сӣ соли Истиқлол ба ҷавонон тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, танҳо онҳоро лозим аст, ки аз онҳо ҳадафмандона баҳра гиранд. Хусусан, бо саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат дар зарфи ин солҳо садҳо мактаб, литсей, коллеҷ, омӯзишгоҳ, донишкадаву донишгоҳҳои касбиву олӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосир ва зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Илова ба ин, фиристодани ҷавонони лаёқатманд ба хориҷа барои таҳсил ва илмомӯзӣ, ташкили грантҳо, ҷоизаҳо ва стипендияву мукофотҳо барои ихтироъкорону донишомӯзони ҷавон, таъсиси озмунҳои гуногун далели гуфтаҳои болоянд. Солҳои охир давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир сохта, барои дастгирии соҳибистеъдоду лаёқатмандон тадбирҳои назаррасро роҳандозӣ доранд. 
Барои тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ва бештар донистани паҳлуҳои гуногуни таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебопарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир бо ташаббуси Роҳбари давлат озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун таъсис дода шудаанд.
 Чунонки  мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, озмунҳои мазкур натиҷаҳо ба миён меоранд ва дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз эътибори баланд бархӯрдор гардидаанд.
Яке аз усулҳои тарбияи комили ҷавонон ва эмин доштани онҳо аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо мебошад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паём таъкид кардаанд: “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонда шаванд”.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкасб шудани ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус медиҳанд, ки бисёр муҳим мебошад.
Ҷавононе, ки Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву рушди онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш саъю талош намоянд. 
Маҳз ҳамин нуктаҳоро ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии насли ҷавонро ба яке аз самтҳои асосии рушди давлатдории миллӣ табдил додааст.
Сарвари давлат ба ҷавонон муроҷиат карда, онҳоро ба гирифтани касби муносиб, истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ барои пеш бурдани зиндагӣ ва пайдо кардани мавқеъ дар ҷомеа даъват мекунанд.
Мушкилоти таълиму тарбияи насли наврас ва ҳалли он ҳамкории пайвастаи мактаб, оила ва ҷомеаро тақозо менамояд. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар ҳар баромаду вохӯриашон бо аҳли зиё, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои  ҷамъиятӣ  пайваста  ба  таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозанд.
Вобаста ба ин, дар Паёми навбатӣ низ таъкид шудааст: “Падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар, бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд”.
Вазифаи падару модарон танҳо ба дунё овардани фарзанд набуда, вазифаи муқаддаси онҳо бо ахлоқи ҳамида тарбия ва соҳибмаърифат кардани онҳо мебошад. Устодони  мактабу донишгоҳҳо бояд ба сифати омӯзиш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷавононро ҳамчун мутахассисони варзида  ба  воя  расонанд. Агар ҷавонон мувофиқи касби худ соҳиби кор шаванд, аз  амалҳои ношоиста  парҳез мекунанд.
Барои муваффақ шудан ба ин мақсадҳо танҳо кӯшиши муштарак зарур аст. Ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон намунаи ибрат барои ҳар як шаҳрванди бузургсоли мамлакат мебошад.
 
Шуҳрат АЗИЗЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2022    №: 31    Мутолиа карданд: 719
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед