logo

иқтисод

НАФТУ ГАЗ. ТОҶИКИСТОН ЧӢ ДУРНАМО ДОРАД?

 
Агар ба таърихи пайдоиш ва инкишофи соҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ назар афканем, ба мушоҳида мерасад, ки аз оғози қарни XX дар ҳудуди мамлакат конҳои нафту газ аз тарафи мутахассисони рус ошкор ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд. Бино ба маълумоти директори генералии ҶСШК “Суғднафтугаз” Ғайбулло Бобобеков, ҳанӯз соли 1886 нахустин маротиба дар кони мавзеи Селроҳаи шаҳри Исфара корҳои кофтукови геологӣ шуруъ ёфтаанд.   
 
Ба гуфтаи Мирзошариф Исломиддинов, мутахассиси соҳа, истеҳсоли нафтро дар кишвар соли 1908 дар кони “Селроҳа”-и шаҳри Исфара оғоз бахшиданд. Соли 1961 дар деҳаи Зархоки шаҳр кони нафти “Равот”, ки чуқуриаш 3200 метр буда, дар водии Фарғона калонтарин ба ҳисоб мерафт, ифтитоҳ гардид ва аз ҳамон сол соҳаи нафту газ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳод. 
Ҳамон солҳо дар шаҳри Душанбе Иттиҳодияи истеҳсолии “Тоҷикнафт” таъсис ёфта, дар шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ корхонаҳои пуриқтидори иктишофӣ, чоҳкобӣ ва истихроҷи нафт ташкил мешаванд. Дар натиҷа, тайи камтар аз 20 сол дар кишвар қариб 20 кони нави нафту газ ба мисли “Конибодом”, “Конибодоми Шимолӣ”, “Айритан”, “Ниёзбек”, “Қарақчиқуми Шимолӣ”, “Маҳрам”, “Маданият” ва “Оби шифо” дар шимол, “Балҷувон”, “Шоҳамбарӣ”, “Қизилтумшук”, “Қичиқбел”, “Хоҷа Сартез” дар ҷануб кашф шуданд. Миёнаи солҳои 80-ум истеҳсоли шабонарӯзии нафт танҳо дар корхонаи нафту гази “Нафтобод” дар шимоли ҷумҳурӣ ба 700 – 800 тонна расида, дар як сол то 242 ҳазор тонна нафт тавлид меёфт. Инчунин, корхонаи “Нафтобод” чоҳ низ мекофт, ки аз ин ҷиҳат яке аз пешқадамтарин корхонаҳои соҳаи чоҳкобии Вазорати саноати нафти СССР ба шумор мерафт. Қариб 16 дастгоҳи чоҳпармакунӣ дар ихтиёр дошту ҳамасола 4 – 5 чоҳи нави нафту гази чуқуриашон 4 – 5 ҳазорметраро бо иқтидорҳои бузург ба истифода медод. 
Шуруъ аз соли 1970 истеҳсоли гази табиӣ дар конҳои “Конибодом”, “Равот” ва “Ниёзбек” роҳандозӣ шуданд. Дар муддати кӯтоҳ иқтидорҳои замонавии газтозакунӣ, лӯлаҳои таҳвили он сохта шуда, аз ин ҳисоб шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва корхонаҳои саноатии вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бо гази табиӣ таъмин мешуданд. Истеҳсоли солонаи он ба 260 – 270 миллион метри мукааб мерасид, ки дар рушди иқтисодии минтақа нақши  муассир мебозид.   
Аз мавсуф пурсидем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ низ оё ба таври нақшавӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи геология корҳои иктишофӣ бурда мешаванд? 
- Албатта, дар замони соҳибистиқлолӣ низ корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ идома доранд,- афзуд ӯ. – Аз солҳои 2007 – 2008 сар карда, ба шарофати қабули санадҳои меъёрии нав ва бо мусоидату дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам дар шимол ва ҳам дар ҷануби кишвар аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ корҳои иктишофӣ-геологӣ мувофиқи иҷозатномаҳо оғоз гардиданд. Солҳои 2008 – 2012 дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом (зери обанбори Қайроққум), Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов корҳои сеймсиктишофӣ дар майдонҳои зиёда аз 3200 километри мураббаъ аз тарафи корхонаи муштараки тоҷикистонию швейтсариягии “Сомон – Ойл” бо ҷалби мутахассисон ва сармоягузории ширкати австралиягии “Santos” ба маблағи зиёда аз 20 миллион доллари ИМА ба анҷом расид. Барои амалисозии он ширкатҳои геологии “ДАНК”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва “Североморскнефтегазоразведка”-и Федератсияи Россия ҷалб гардида буданд. Дар натиҷа, дар ҳудуди вилояти Суғд якчанд мавзеи нафту газдор муайян шуда, ду кони нав – “Қайроққум” (зери обанбори “Баҳри тоҷик”) ва “Суфатоғи ғарбӣ” (дар ноҳияи Ашт) ба корҳои чоҳкобӣ омода шуданд. Захираҳои нафту газ фақат дар қабати  5-уми геологии ин конҳо дар чуқурии 4200 метр (Суфатоғи ғарбӣ) ва 5200 метр (Қайроққум) дақиқ ва ба категорияи саноатӣ, яъне истихроҷашон аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок, шомил гардиданд. Барои кандани чоҳҳои аввалин дар “Суфатоғи ғарбӣ” ва “Қайроққум” аз тарафи мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Конибодом ва Ашт замин ҷудо гардида, дар нуқтаи сохтмони чоҳи № 1 “Қайроққум” пойдевори манора ва майдончаи сохтмонӣ бунёд ёфтанд. Лоиҳаҳои пармакунӣ барои ин чоҳҳо таҳия гардида, як қисми таҷҳизот барои сохтмони чоҳи № 1 “Қайроққум” ба ҷумҳурӣ ворид шуд. Аммо, мутаассифона, бо сабаби соли 2014 ба буҳрони шадид дучор шудани соҳаи нафт, ширкати австралиягии “Santos” бо дастури роҳбарияташ аз сармоягузории лоиҳаҳои Осиёи Марказӣ даст кашид. Муассиси швейтсариягии ширкати “Сомон– Ойл” як ширкати хитоиро барои сармоягузорӣ ҷалб намуд, вале  бо сабаби пандемияи коронавирус ин иқдом низ бе натиҷа анҷом ёфт.
Қаъри замини водии Тоҷикистони шимолӣ– вилояти Суғд аз ҷиҳати захираҳои нафту газ як қисми ҳавзаи геологии нафтугаздори водии Фарғонаро дар бар мегирад ва аз ҷихати захираи нафт ояндадор маҳсуб  мешавад. Мувофиқи хулосаҳои мутахассисон, айни замон, тақрибан, 30 дарсади  майдонҳои нафтугаздори ин минтақа омӯхта  шудаанду халос.
Мавриди зикр аст, ки замони шуравӣ, асосан, дар водии Вахш корҳои сеймсиктишофӣ ва чоҳкобӣ дар баъзе майдонҳо амалӣ гашта буданд ва мутахассисон ба хулосае омаданд, ки нафту гази ин минтақа, эҳтимол, дар умқи 6000 – 7000 метр маҳфузанд.
Солҳои 2003 – 2004 ширкати НАСА-и ИМА хулосаҳоеро нашр кард, ки дар Точикистони ҷанубӣ зиёда аз 5 триллион метри мукааб гази табиӣ мавҷуд аст. Солҳои 2009 – 2014 аз тарафи ширкатҳои канадагии “ TETIS” ва россиягии “Газпром” дар ҷануби кишвар корҳои сейсмиктишофӣ ва пармакунӣ оғоз гардида буданд. Аммо ин корҳо низ, бо сабаби буҳрони соли 2014, бенатиҷа монданд. 
Мавзеъҳои на он қадар калони нафтдор дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойгиранд ва ин маконҳо бо дарназардошти на он қадар чуқур  ҷойгир будани нафту газ диққатҷалбкунандаанд.
Сабаби асосии ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набудани иктишофу истихроҷи нафту газро мутахассисони кишвар дар серхароҷот будани чунин корҳо мебинанд. Яъне, соҳа сармояи зиёдеро тақозо мекунад. Масалан, шуруъ аз соли 2014 мутахассисони ҶСШК “Суғднафтугаз” дар мавзеи “Маҳрам”-и шаҳри Конибодом, ки соли 1983 кашф шудаасту  коршиносони шуравӣ захираи онро 16 миллион тонна нафту 3 миллиард мукааб гази табииро пешгӯӣ карда буданд, ҷустуҷӯ ва марҳилаи пармакунии як чоҳи нафту газро бо арзиши лоиҳавии 45 миллиону 732 ҳазор сомонӣ  дар чуқурии 4 ҳазору 800 метр анҷом доданд. Вале ҳамоно мушаххас нест, ки он газ дорад ё не. Бино ба хулосаи ҳамкасбон аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, зарур аст, ки пармакунии чоҳро то 90 метри дигар бояд идома дод. Аз ин метавон хулоса кард, ки ҷустуҷӯву пармакунии чоҳ хеле заҳмату маблағи зиёд талаб мекунад. 
- Таъмини фаъолияти мунтазам ва пешрафти саноати нафту газ сармоягузории бузурги доимиро талаб мекунад. Дар замони шуравӣ корхонаи “Нафтобод” ҳамасола аз ҳисоби маблағгузориҳои ҳукумати марказӣ ва аз ҳисоби худ барои кашфи конҳои наву пармакунию сохтмони чоҳҳо 35 – 40 миллион сӯм (баробар ба 40 – 42 миллион доллари ИМА)  равона мекард,- мегӯяд Мирзошариф Исломиддинов. -Идораи чоҳкобии “Нафтобод” аз ҳисоби ин маблағҳо дар ду – се сол як кони навро кашф менамуд ва ҳар сол 4 – 5 чоҳи пуриқтидори нафт ё газро ба истифода месупурд. Бо сабабҳои маълум, механизми маблағгузории корҳои иктишофӣ ва чоҳкобӣ охирҳои солҳои 90-ум барҳам хӯрд ва давоми бист соли ахир ягон кон ё чоҳи нав ба истифода дода нашудааст. Истеҳсоли шабонарӯзии нафт сол ба сол коҳиш ёфта, тавлиди гази табиӣ сарфи назар аз захираҳои мавҷуда, қатъ гардид.
Солҳои 2007 – 2012 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаи истихроҷи нафту газ тадбирҳои муассир андешида шуданд. Аз ҷумла, барои сармоягузорӣ ширкатҳои хориҷии “Santos”, “Газпром” ва “TETIS” ҷалб гаштанд. Аммо бо сабаби мувоҷеҳ шудани соҳаи нафт ба буҳрони шадид онҳо дар Тоҷикистон фаъолияти худро боздоштанд. Айни замон, ки бозори нафту газ дар ҷаҳон муътадил гардидааст, корҳо баҳри ҷалби сармоягузорон бояд ҷоннок шаванд. 
- Ман ба ояндаи шукуфони соҳа бовар дорам.  Соҳаи нафту газ на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ аз нав ба иқтидори пешинаи худ эҳё мешавад ва ба қисми таркибии иқтисодиёти ҷумҳурӣ мубаддал мегардад,- таъкид медорад мутахассиси соҳа Мирзошариф Исломиддинов. - Зеро солҳои тулонӣ дар ин соҳа кор кардаю дар таҷҳизондан ва истифодабарии конҳо иштирок кардаам. Бо назардошти аҳамияти муҳими соҳа дар рушди иқтисодии мамлакат, зарур аст, ки як барномаи мукаммали барқарор намудани соҳаи истихроҷи нафту газро бо ҷалби мутахассисони варзида таҳия ва қабул намоем.
 
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2022    №: 31    Мутолиа карданд: 917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед